ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Марказҳо

МАРКАЗИ ТЕСТИИ ДОНИШГОҲ

  Юсупов Фарухшоҳ Сайвалиевич-Директори Маркази тестии донишгоҳ. 

Бо мақсади иҷрои фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №923 аз 04.09.2007 дар бораи гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва муташаккилона ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои донишҷӯёни таҳсили рӯзонаю ғобона дар асоси қарори Шӯрои илмии донишгоҳ аз 31.10.2008 бо фармони №86 аз 1-ноябри соли 2008 Маркази баҳодиҳии сатҳи дониши донишҷӯён ташкил шуд. Қурбонов Камолиддин Маҳмадалиевич директори Марказ, Саидов Шамсулло ҷонишини директор; методистон: Олимов Аловиддин, Солиҳов Ҷамшед, Қурбонов Абдулҳошим, Рамазонов Саймурод, Сайдалиев Маҳмурод, Мухибуллоев Баҳриддин; операторон: Ашурова Бибихатича, Олимова Нодира, Қурбонов Фирдавс; барномасозон  Қуробонов Мазбут  ва Меликова Малоҳат таъин гардиданд.

Кормандони Марказ дар омодасозии тестҳои имтиҳонӣ ва гузаронидани санҷиши тестҳо иштирок менамоянд. Марказ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои стандартҳои давлатии мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар донишгоҳ ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисон ва дигар пахлӯҳои фаъолияти он дар бобати таълим баҳо медиҳанд. Фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва сохторҳое, ки дар Низомномаи он қайд гардидаанд, раёсати ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Шӯрои олимон, ректорат, шуъбаи таълим, факултету кафедраҳо, Маркази бозомӯзии кадрҳои КАС-и назди донишгоҳ ва дигар қисматҳои ба ҷараёни таълим дахлдор, амалӣ менамоянд.

Дар Марказ методистон тестҳои имтиҳониро аз назар гузаронида, бо мазмуни онҳо шинос мешаванд ва мувофиқ будани онҳоро бо нақшаҳои кории фаннӣ дида мебароянд. Замимаҳои имтиҳонӣ, санҷиш, кори курсӣ, таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолӣ, аттестатсия ва дарсшиканӣ тайёр карда мешаванд ва натиҷаи онҳо ба компютер ворид карда шуда, пас аз таҳлил ба шуъбаи таълим пешниҳод мешаванд. Инчунин нишондиҳандаҳои омории қисми таълими донишгоҳ омода карда мешаванд.

Дар асоси Низомномаи таҳсилоти кредитии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани раванди таълиму таҳсил тибқи суратҷаласаи №6-и Шӯрои илмии донишгоҳ аз 27.12.2013 Маркази баҳодиҳии сатҳи дониши донишҷӯён бо шуъбаи ахбору аналитикӣ якҷоя карда шуд ва аз 02.01.2014 номи шуъбаи назорати сифати таҳсил ва баҳодиҳии сатҳи донишро гирифт. Бобохонов Рустам Сатторович номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент сардори шуъба таъин гардид. Дар шуъба Солиҳов Ҷамшед, Қурбонов Абдулҳошим, Мастов Абдуҷаббор, Исмоилов Мақсатулло, Пиров Далер, Мухибуллоев Баҳриддин, Расулов Меҳроҷ, Қуробонов Мазбут ва Меликова Малоҳат фаъолият менамоянд. Аз 16 майи соли 2016 сардори шуъба Юсупов Фарухшоҳ Сайвалиевич таъин шуд.

27-майи соли 2017 бо Карори Шӯрои олимони ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур шуъбаи назорати сифати таҳсил ва баҳодиҳии сатҳи дониш ба Маркази тестии Донишгоҳи аграрии Толҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур табдил дода шуд, ки он дорои воҳидҳои зерини корӣ мебошад: директор, муовини директор, мутахассис оид ба коркарди саволномаҳои тестӣ дар равияи ихтисосҳои биологӣ (3 нафар), мутахассис оид ба коркарди саволҳои тестӣ дар равияи ихтисосҳои иқтисодӣ (1 нафар), мутахассис оид ба коркарди саволҳои тестӣ дар равияи ихтисосҳои муҳандисӣ (1 нафар), муҳандис-барномасос (1 нафар), муҳандис-оператор оид ба таҳсилоти фосилавӣ (1 нафар), оператор оид ба таҳсилоти фосилавӣ (1 нафар).

 

МАҲЗАНИ ТЕСТҲО

  • Саволномаи тестӣ аз фанни "Забони тоҷикӣ" барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ 
  • Экзаменационные вопросы - по "Русскому языку" для всех специальностей  
  • Саволномаи тестӣ аз фанни "Информатика" барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ
  • Экзаменационные вопросы - по "Информатики" для всех специально
  • Саволномаҳои тестӣ имтиҳони аз фанни “Биофизика” барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ
  • Саволномаҳои тестӣ аз фанни “Биокимиё”   барои донишҷўёни факултаҳои тиббӣ ветеринарӣ ва зооинжинерӣ
  • Тестовые Вопросы по предмету  Биохимии для студентов  ветеринарного и зооинженерного  факультетов
  • Саволномаҳо тестӣ аз фанни «Бехатарии фаъолияти ҳаётӣ  дар истеҳсолот» барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ
  • Саволҳои  тестӣ аз фанни «Диншиносӣ» барои  ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ
  • Саволномаҳои тестӣ аз фанни «Консепсияи табиатшиносии муосир» барои факултетҳои АГРОБИЗНЕС ва ЗООИНЖЕНЕРӢ
  • Саволномаҳои тестӣ аз фанни  Мантиқ барои  факултетҳои баҳисобгири ва молия, иқтисодӣ, гидромелиоративӣ ва механиконии кишоварзӣ
  • Саволҳои тестӣ аз фанни «Маркетинг» барои донишҷӯёни равияҳои ғайриихтисосӣ БИОЛОГӢ
  • Саволномаҳои тестӣ  аз фанни Асосҳои менеҷмент барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ
  • Тестовые вопросы по  предмету  Основы менеджмета  для специальностей всех направление университета
  • Саволҳои имтиҳонӣ аз фанни “Метеорология ва иклимшиносӣ” барои донишҷўёни факултетҳои Гидромелиоративӣ ва  Боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ
  • Саволномаи тестӣ аз фанни “Микробиология” барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ
  • Саволномҳои тестӣ аз фанни  -БФҲ дар ҲФ- (Мудофиаи гражданӣ) барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ
  • Саволҳои имтиҳонӣ аз фанни   Полизипарварӣ барои донишҷўёни  факултетҳои агробизнес, агрономӣ, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоврзӣ
  • Cаволномҳои тести  имтиҳонӣ аз фанни Психологияи фаъолияти касбӣ барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ