ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Марказҳо

Маркази мадании донишҷӯён

       Маркази  мадании донишҷӯён, клуби донишҷӯён соли 1978 таъсис ёфта, ба он Г. Боев роҳбарӣ менамуду М. Хоркашев роҳбари маҳфил буд. Баъди бо ташаббуси Г.Боев гузаронидани озмуни ҳаваскорони санъат масъалаи ташкил додани ҳайати доимии клуб аз ҳисоби ғолибони озмун ва ба он номгузорӣ пеш омад. Бо таклифи раиси доварон Хол Ҷӯраев озмуни номи беҳтарин эълон карда шуд.

      Дар ин озмун номи пешниҳодкардаи  мудири кафедраи хореографияи Донишгоҳи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, профессор Азиза Азизова "Гулдаста" беҳтарин дониста шуд. Иштирокчиёни аввалини ин ансамбл омӯзгорону донишҷӯёни боистеъдоди донишгоҳ Ҷ. Мусавӣ, О Холматов, Ш. Бозоров, М.Охунова, А.Сатторов , А.Катаев, Х. Наҷмиддинова, В Наҷмидднов, А. Гурезов, С. Эргашев, Х.Убайдуллоев, Х. Файзуллоев, М. Мусоева, Г. Исмоилова, Г. Ҳайдарова буданд.


      Аз соли 1978 дар байни факултаҳо гузаронидани озмуни санъат ба ҳукми анъана даромад. Ансамбли "Гулдаста" дар толорҳои консертии шаҳрҳои Киев, Симферопол, Рославл, Сафинев, Гагарин,  шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон баромад кардааст. Соли 1985 ансамбл ва 20 аъзои он лаурети озмуни умумииттифоқии гурӯҳҳои худфаъолиятӣ гардиданд.

       Бо қарори Шӯрои иттифоқҳои касбии ҷумҳурӣ аз 26 марти соли 1987 барои дар тарбияи ҷавонон фаъолона иштирок намудан ва маҳорати баланди санъаткорӣ нишон додан, ба"Гулдаста"номи ансамбли халқӣ дода шуд. Соли 1987 ансамбли халқии "Гулдаста" бо ташаббуси шӯъбаи маданияти комиҷроияи ш. Душанбе дар ҷашнгирии 100-солагии бародаршаҳри Душанбе Монастир дар Тунис иштирок намуд. Ансамбл дар шаҳрҳои Монастир, Табарка, Табаршук, Дуча, Силна ва Боча барномаҳои консертӣ нишон дод.

      Аз соли 1979 сар карда дар донишгоҳ ба ин ансамбл донишҷӯёни хориҷӣ низ мароқ зоҳир намуданду ансамбли донишҷӯёни хориҷӣ таъсис дода шуд. Дар ин солҳо Муҳаммад Содиқ, Наҷибулло Маҳмадраҳим, Муҳаммадкарим ва Шакилои афғон, Алберто Зеро ва Дохунси Кении ҳабаш ва Картик Кришани ҳинду аъзоёни фаъоли ин даста гашта,бо хондани сурудҳои тоҷикӣ низ шӯҳрат пайдо кардаанд.

       Ансамбли "Гулдаста" дар солҳои охир дар тамоми чорабиниҳои шаҳрӣ, озмунҳое, ки байни донишгоҳҳо мегузаранд ба гирифтани  ҷойҳои фахрӣ сазовор гардидааст. Дар маҳфили зарифон,ки байни донишгоҳҳо гузаронида шуд, ба гирифтани ҷои аввал сазо вор гардид.

      Ҳар сол дар донишгоҳ бахшида ба рӯзҳои таърихӣ байни факултаҳо  фестивалозмунҳо гузаронида мешаванд, ки дар ин озмунҳо аъзоёни ҳакамон аз ҷумлаи ҳунармандони касбӣ даъват карда шуда,ба баромадҳо баҳогузорӣ менамояннд. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, драматург, актёр Нурулло Абдуллоев, Арбоби шоистаи ҳунар, Корманди  шоистаи  маданият Қодир Раҳимов ва ғ.пайваста дар чорабиниҳои ҳунарии донишгоҳ ширкат меварзанд.
Дар чорабиниҳои театрикунонида  хизмати коргардон Қодир Раҳимов ва барои ба саҳна гузоштани рақсҳои умумӣ хизмати номзади илмҳои иқтисодӣ  Юлдошева Наргис бузург аст. Ҳоло ансамбли "Гулдаста" зиёда аз 85 нафар аъзо дорад,  аз  ҷумлаи  фаьолон  Юсупов Аъзам,  Шеров  Шодибек,  Тоҳири Қаҳҳор, Одинаева Фарзона, Ҳикматова Малоҳат, Раҳимова Шарифмоҳ, Азизов Диловар, Муллоев Лоиқ, Мирзозода Наргиз мебошанд,ки дар ҳама чорабиниҳои донишгоҳ иштирок ме- намоянд. Корманди шоистаи маданияти ҶТ Гулмурод Боев мекӯшад,ки ҳар як маъракаи ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ дар сатҳи баланд гузарад.