ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Марказҳо

Маркази бонувон

Маркази бонувон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбарӣ намудан ва тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон таконеро ба вуҷуд овард ва имрӯз мебинем, ки  дар ин самт занон ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд.

Маркази бонувон дар ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур зиёда аз 10 сол аст, ки амал мекунаду бо иқдоми ҳамешагии ҷалби занон омӯзгорон ба касбу кор, кӯмак ба бонувони лаёқатманд, ҳалли мушкилоти духтарони донишҷӯ машғул аст.

Солҳои аввали таъсисёбии Шӯрои занон дар донишгоҳ ба он занони маърифатпеша Ф.Носирова, Т.Фозилова, Т.Неъматҷонова, Н.Юсупова роҳбарӣ кардаанд ва корҳои зиёди манфиатбахш ба сомон расонидаанд.

Фаъолияти раисони Шӯрои занон дар марказ бештар ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии занон, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи бонувон дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ, тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисосу болаёқат ва донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии донишҷӯдухтароне, ки тавассути квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, равона шудааст.

Чанд сол пеш бо кӯмаку дастгирии раёсати донишгоҳ барои бонувон ҳуҷраи алоҳидае ҷудо карда шуд ва он "Маркази бонувон" номгузорӣ шуд. Аз ҳисоби занони ҷавони омӯзгор чанд муддат онро Н.Юлдошева, М. Турдиева, Н.Мирзоева, Д. Муҳаммадиева сарварӣ намудаанд. Тӯли ин муддат корҳои назаррас дар самти фаъолияти занону духтарон дар до нишгоҳ, иштирок ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ, адабӣ ба сомон расонида шуданд.

Аз ибтидои моҳи январи соли 2010 сарварии маркази мазкурро  Ҷ. Ҷамолова  ба ӯҳда дорад. Таи як соли  роҳбарӣ дар ин марказ баҳри баланд бардоштани мавқеи занону духтарон, боло бурдани маърифати сиёсиву фарҳангӣ, ҳуқуқии онҳо, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии духтарон, таъмини иштироки занон дар раванди ислоҳоти маориф, ба таҳсил ва корҳои фоидабахш фаро гирифтани духтарони донишҷӯ, гирифтани пеши роҳи  ҳодисаҳои номатлуб дар байни духтарон, баландбардории маърифату маънавиёти онҳо, иштирок дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва берун аз он натиҷаҳои назаррас ба даст омад.

     Боиси зикр аст, ки Маркази бонувон ҳоҷатбарор, маслиҳатдеҳ ва мушкилкушои  занону духтарон  бояд бошад ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Дар марказ сари чанд вақт сӯҳбату вохӯриҳо бо шахсони  наҷиб, занони рӯзгордида ва чорабиниҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд, ки  барои пешрафту равнақи кору фаъолияти занони омӯзгор, донишҷӯдухтарон аз манфиат холӣ нест.