ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Марказҳо

Маркази такмили ихтисоси кадрхои КАС

Директори Маркази такмили ихтисоси кадрҳои КАС, профессор Гулов Саидали Маъмурович. 

Маркази такмили ихтисоси кадрҳои КАС - Донишгоҳи аграрии  Тоxикистон ба номи Ш.Шоҳтемур бо дастгирии  раёсати донишгоҳ фаъолияти худро  дар  асоси нақшаи тасдиқшуда барои амалӣ намудани супоришҳои Президенти Xумҳурии  Тоxикистон, Қарорҳои Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон, Вазоратҳои маориф ва илм, Вазорати кишоварзӣ ва қарорҳои Шӯрои илмии донишгоҳ равона намуда, омӯзгоронро оид ба пешбурди соҳаи кишоварзӣ бо истифодаи дастовардҳои илмии олимони ватанӣ ва хориxӣ, усулҳои интерактивии дарсдиҳӣ, дуруст ташкил намудани дарсҳои  КМРУ ва корҳои мустақилонаи донишxӯён (КМД) дар шароити истеҳсолӣ ташкил менамояд.

Устодони Маркази такмили ихтисоси ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи мутахассисони соҳаи КАС кӯшиш менамоянд, ки дар ҳудуди гуногуни маҳалу ноҳияҳои xумҳурӣ вазифаи асосии худро иҷро намоянд.

Барои  тайёр намудани  мутахассисони баландпояи ба талаботи замона xавобгӯ ба ҳолатҳои нави истеҳсолот ва xараёни фаъолият аз зарурияти дигаргуниҳои қатъии система, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани такмили ихтисоси мутахассисони КАС вобастагии зиёд дорад.

Шунавандагони курсҳои такмили ихтисос бо комёбиҳои илму техника, таҷрибаи пешқадами соҳаҳои гуногуни агросаноатӣ, усулҳои навтарини идоракунии истеҳсолот, банақшагирӣ, ҷорӣ намудани усулҳои иҷора, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), саҳҳомӣ, менеҷмент, маркетинг, андоз, гумрук, ҳуқуқ, равоншиносӣ,  малакаи  педагогӣ, ғайридавлатӣ гардонидани моликият, роҳҳои гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ шиносоӣ пайдо карда меомӯзанд.

Роҳҳои самарабахш истифода бурдани замин, баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, механиконӣ, технологияи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бо усулҳои ратсионалӣ обёрикунии соҳаи кишоварзӣ ва инчунин шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон дастраси шунавандагон  мегардад.

Барои гузаронидани дарсҳо ба Марказ ботаҷрибатарин устодони донишгоҳ ҷалб карда мешаванд. Ғайр аз ин, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (институтҳои илмӣ- тадқиқотии растанипарварӣ, ҷангалпарварӣ, заминсозӣ, боғдорӣ, тибби ветеринарӣ ва чорводорӣ), кормандону мутахассисони соҳаи комплекси агросаноатӣ, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон,  Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнии ш. Душанбе, Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  коркунони вазоратҳо ва пешқадамони истеҳсолот таклиф карда мешаванд.    

 Дар  соли  xорӣ  50 нафар омӯзгорон малакаи худро оид ба ихтисосҳои гуногун баланд намуданд. Аз  он xумла 45 нафар дар Маркази такмили ихтисоси кадрҳои донишгоҳ ва 5 нафар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.            

Маркази такмили ихтисоси кадрҳои КАС дар фаъолияти раёсати донишгоҳ яке аз самтҳои  асосӣ аст. Дар шароити кунунии  ҷаҳонишавии раванди таълим, тарбияи мутахассисону тайёр намудани кадрҳои илмӣ, илмӣ- педагогӣ мубодилаи таҷриба дар ҳама  самтҳо самараи хуб медиҳад.   Раёсати донишгоҳ солҳои охир ба раванди Маркази такмили ихтисоси кадрҳо ва ҳамкориҳо бо муассисаҳои олии касбии мамлакатҳои алоҳидаи хориҷи дуру наздик рушди бемайлон бахшида истодааст.

Дар айни замон донишгоҳ бо 83 муассисаҳои олии касбӣ аз 20 мамлакатҳои  хориҷ, 16 ташкилотҳои бонуфузи хориҷӣ доир ба тайёр намудани мутахассисон, олимони ҷавон, мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён созишномаҳои ҳамкорӣ дорад.

Дар доираи ин ҳамкориҳо аз рӯи созишномаҳо ва барномаҳои байналмилалӣ  донишҷӯён, магистрон, аспирантон ва олимони ҷавон барои гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, мубодила (таҳсили яксола) сафарбар карда мешаванд.

Сафарбаршудагон  имконият пайдо мекунанд, ки  дар доираи самараи муфиди ҳамкориҳо ва робитаҳои байналмилалӣ бо дастовардҳои техникиву технологияи муосир, раванди таълиму корҳои илмӣ - тадқиқотӣ шинос шуда,  онро дар фаъолияти минбаъдаи хеш татбиқ намоянд. 

Дар солҳои таҳсили 2010-2014  ҳамчун  голиби  озмун донишҷӯён, магистрон ва омӯзгорони ҷавон дар муассисаҳои олии касбӣ ва ташкилотҳои байналмилалии мамлакатҳои хориҷӣ ба мубодилаи таҳсили яксола, таҳсил дар зинаи магистратура, гузаштани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва омӯзгорони ҷавон оид ба курсҳои бозомӯзӣ сафарбар карда шуданд.

Солҳои таҳсили 2010-2014 устодони донишгоҳ дар 17  барномаҳои  ташкилотҳои хориҷӣ иштироки фаъолона   намуданд. Ҳоло бо 15-тои он фаъолият менамоянд:                                        

1. Барномаи TEMPUS  EPASAT № 517313 (2011-2014)

Таҳияи барномаи таълимӣ барои магистратураи  байналмилалӣ «Агротехнологияи объёрӣ ва таъмини оби хоҷагии деҳот» барои Тоҷикистон.

2. Барномаи TEMPUS CIBELES  №511172-ДЕ -2010 (2010-2013)

Таҳия намудани барномаи таълимӣ барои бакалавр   «Ҳифзи муҳит ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ» дар Тоҷикистон.

3. Барномаи TEMPUS  ТиСАНЕА №530786 (2013-2016)

 Истифодаи усули Тюнинг барои муайян кардани     салоҳиятнокии мутахассис.

4. Барномаи TEMPUS MFQSE  №544529 (2013-2016)

Модернизатсияи маълумоти олӣ дар соҳаи «Сифат ва бехатарии   озуқаворӣ» дар Тоҷикистон.

5. Барномаи TEMPUS FEEP №544293 (2013-2016)

Забони хориҷӣ барои муоширати касбӣ.               

6. Барномаи UNINET- Шабакаи Донишгоҳҳои Авру Осиё ва Уқёнуси Ором (2011-2014).

Иштироки омӯзгорон дар конференсия ва семинарҳо.

7. Барномаи  КАСИА (CASIA) -ҳамкории Эразмус Мундус бо давлатҳои Осиёи марказӣ ва Қазоқистон (2011-2014).

Табодули донишҷӯён ва омӯзгорон барои омӯзиш.

8. Барномаи ТОСКА -ҳамкории Эразмус Мундус бо давлатҳои Осиёи марказӣ ва Қазоқистон  (2011-2014).

Табодули донишҷӯён ва омӯзгорон барои омӯзиш.

9. Барномаи ИАстана (IASTANA)-ҳамкории Эразмус Мундус бо давлатҳои Осиёи марказӣ ва Қазоқистон (2011-2014).

Табодули донишҷӯён ва омӯзгорон барои омӯзиш.

10. Барномаи LOGO (Германия) -гузаштани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ аз тарафи    донишҷӯён (2014).

11. Барномаи Вайенштефан (Германия)- таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ (2014) ва таҳсил дар магистратура.

12. Таъсири тағйирёбии иқлим ва муҳити зист дар Тоҷикистон ва Хитой (2014).

13. Истифодаи замин ва амнияти озуқавор бо ҳамбастагии ислоҳоти замин дар Тоҷикистон (2013-2014).

14. Барномаи ташкилоти  Созмони Миллали Муттаҳид (2013-2014). Баланд бардоштани маърифатнокии   ветеринарӣ бо   мақсади қонеъ сохтани талаботи фермерҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор.

15. Баланд намудан иқтидор, идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ. (2013-2014).

16. Бонки умумиҷаҳонӣ №Р132652 (2014)

Тиҷораткунонии (Коммерсиализатсиякунонии) хоҷагии қишлоқ.

17. Шартномаи ҳамкорӣ бо ҶММ Технологияи илмии кишоварзӣ «Сзинян Инхай» - и Академияи  кишоварзии СУАР, Хитой (2014). Маркази муттаҳид кардашудаи тадқиқотӣ доир ба навъҳо ва дурагаҳои серҳосили пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар соли 2014 аз хориҷи кишвар  ба донишгоҳ 23 нафар  олимони  ихтисосҳои  соҳаҳои  гидромелиоративӣ, тибби  ветеринарӣ, агрономӣ,  намояндагони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии  Созмони Миллали Муттаҳид, ЛОГО, Вайенштефан – Триздорф, Бонки  умумиҷаҳонӣ аз рӯи ихтисосҳои  факултетҳо бо иштироки  донишҷӯён, олимони ҷавон лексияҳо, семинарҳо  ва мизи мудаввар гузаронида дар  конференсияҳои  илмӣ баромадҳо намуданд.

Дар солҳои охир ҳамкориҳо бо мактабҳои олии  касбии    мамлакатҳои хориҷи дуру наздик рушд бахшида истодааст. Дар чаҳор соли охир ҳамасола 75-80 нафар кормандони донишгоҳ ба сафарҳои хизматӣ ба мамлакатҳои хориҷ мераванд. Устодон, аспирантон ва магистрони донишгоҳ дар асоси созишномаҳои тарафайн хусусан Донишгоҳи аграрии Синзян (ҶХХ), Донишгоҳи илмии кишоварзии Шведсия, Академияи давлатии аграрии ба номи К.А.Тимирязев (Москва), Донишгоҳи аграрии Санкт-Петербург, LOGO ва Вайнштефан- Донишгоҳи илмӣ ва амалӣ Триздорф (Олмон), Ташкилоти ҳамкории Шанхай (ТҲШ, УШОС), ташкилоти «Ҷайка» (Япония), курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро гузаштанд, ки маблағи таҳсил аз тарафи ташкилотҳи хориҷӣ пардохт карда шудааст.

Дар донишгоҳ дар давоми сол курсҳои забономӯзии доимӣ фаъолият менамояд. Бо кӯмаки «Хадамоти мубодилаи илмии Ҷумҳурии Федералии Олмон» курсҳои омӯзишии забони олмонӣ фаъолият менамояд, ки ҳар сол пас аз хатми он аз  4 то 7 нафар барои гузаштани таxрибаомӯзии технологӣ-истеҳсолӣ ва магистратура ба Ҷумҳурии Федералии Олмон фиристода мешаванд.