ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Марказҳо

Маркази ташхиси хок ва машварат, озмоишгоҳ

Соли 2008 бо сарпарастии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон сохта шудааст ва озмоишгоҳ аз ду утоқ: меҳмонхона ва синфхона иборат аст. Тибқи лоиҳа марказ бояд барои ташхиси агрохимиёвии  хокҳои тамоми минтақа хизмат расонад.

 

Ҳоло бо иқтидори пуррааш ба кор  надаромадааст. Дар баробари маркази ташхисӣ буданаш он нақши  маркази машварату ташвиқу тарғиби дастовардҳои илм, таҷрибаи пешқадами истеҳсолотиро низ иҷро мекунад.

Дар ин марказ баъди кушодашавиаш ҳама сол бо дастгирии ташкилоти ҶАЙКА (Япония) барои мутахассисону истифодабарандагони замини минтақа семинарҳо гузаронида мешавад.

Тибқи дурнамо дар оянда ин марказ бояд ба пойгоҳи боэътимоди тарғибу ташвиқи дастовардҳо мубаддал шавад.