ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Марказҳо

БАХШИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

Сомонаи бахши таҳсилоти фосилавии донишгоҳ http://fosilavi.tajagroun.tj 

Муҳибуллоев Баҳриддин Хайруллоевич -мудири бахши таҳсилоти фосилавӣ

Ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати гузариш ба низоми фосилавии таълим ва иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №2258 аз 30.07.2017 оид ба амалишавии қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2017, №7/35 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фармоиши ректори донишгоҳ №08 аз 21.02.2018 дар назди Маркази тестии донишгоҳ бахши таҳсилоти фосилавӣ таъсис дода шуд.

Раванди таълим дар низоми таҳсилоти фосилавӣ мувофиқи Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2017, №7/35 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

Таҳсилоти фосилавӣ - тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад. Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди таҳсили ғоибонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст, фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми муҳими маводи таълимӣ на соҳибихтиёрона, балки пайваста бо муносибат бо омӯзгор (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline) аз худ мешавад. Шарти асосии ворид шудан ба система мушаххас намудани логин ва рамзи раҳкушо (парол)-и ҳар истифодабаранда мебошад, ки ба ин восита метавон аз имконоти мавҷуда истифода намуд.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва рушди фаъолияти иттилоотии донишҷӯён дар низоми таҳсилоти фосилавӣ Семинар омӯзишҳо бо тадбиқи технологияи информатсионӣ дар донишгоҳ гузаронида шуд.