ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Нашрияи Дониш

"Дониш", рӯзнома. Нахустин шумораи рӯзнома 14 феврали соли 1967 бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шуд. Рӯзнома дар ҳаёти донишгоҳ мақоми муайяне дорад. Аввалин муҳаррири рӯзнома дотсент Ш. Бозоров буд. Пас аз ӯ А. Н. Набиев, Ғ. И. Ғаниев, А. Адҳтамов, Т. Исломов, С. Шагалов, С. Обидӣ, М. Н. Гавриэлов, Ваҳҳоби Латиф, М. Бобохонов муҳаррири рӯзнома буданд.Дар саҳифаҳои "Дониш" корҳои шоёни таҳсини аҳли донигоҳ сабт мешаванд.

Рӯзнома ҳар сол то 900 хабару мақола ва мактуб мегирад, ки аксари онҳо чоп мешаванд. Танҳо соли 2010 дар саҳифаҳои он зиёда аз 600 хабару мақола ва мактуб дарҷ гардидааст. Рӯзнома ба масъалаҳои такмили раванди таълиму тарбия таваҷҷӯҳи махсус медиҳад. Муаллифон дар ин боб сухан ронда, роҳу усули наву фоидабахши ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадамро тавсия менамоянд.

Хонанда дар саҳифаи охири рӯзнома чун дар дигар саҳифаҳо ҳамеша маводи шавқоварро пайдо карда метавонад. Нашрия бо рӯзномаҳои макотиби олии касбии кишвар робитаи мустаҳкам дорад. "Дониш" дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат менамояд ва борҳо ғолибият низ ба даст овардааст. Рӯзнома дар саҳифаҳои хеш оид ба раванди таълиму тарбия, илму фарҳанг, ҳаёти донишҷӯён ва фаъолияти устодону дастовардҳои онҳо мавод ба табъ мерасонад.

Таи 44 соли фаъолият рӯзнома чандин қаламкашонро тарбия кардааст. Рӯзнома бо мухбирони ҷамоатӣ ҳамкории доимӣ дорад. Онҳо дар навиштаҳои хеш ба масъалаҳои муҳиме, ки ба пешравии раванди таълимму тарбия мусоидат мекунанд, даст мезананд. Ҳоло бо рӯзнома Одина Давлатов, Сардоров Маҳмадиёр, Идиев Хайриддин, Мирзода Зулфия, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон Саидҷон Уроқӣ ва бисёр устодону донишҷӯён ҳамкорӣ доранд.

Алҳол муҳаррири рӯзнома САЙДАЛИЕВ Муҳаммадмурод Хурсандович