ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Озмоишгоҳҳо

Озмоишгоҳи таълимии «Соишу хурдашавӣ ва дефектаксиякунонии ҷузъҳои мошин»

Мақсад дар ин озмоишгоҳ  омӯхтани тартиби иҷрои корҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ оид ба соиш ва хӯрдашавии ҷузъҳои мошинҳо ва дефектатсиякунонии онҳо дар вақти таъмири техника мебошад.

Муфассал

Озмоишгоҳи таълимии «Устохонаи коркарди механикӣ».

Озмоишгоҳи таълимии «Устохонаи коркарди механикӣ» бо дастгоҳҳои харротии универсалии тамғаашон 1КВ 25; 1К62; 1А 62; 1 61; пармакунии вертикалӣ 2А25 ва чархи суфтакунӣ таҷҳизонида шудааст. Донишҷӯён асосҳои кори харротиро меомӯзанд.

Муфассал

Озмоишгоҳи таълимии «Мошин ва таҷҳизотҳои фермаҳои чорводорӣ»

Дар озмоишгоҳи  таълимии «Мошин ва таҷҳизотҳои фермаҳои чорводорӣ» дарсҳои лабораторӣ ва амалӣ оид ба  аз худ намудани сохт, тарзи кор, танзимҳои асосӣ ва ҳисоби конструксионии таҷҳизотҳо барои  тайёр ва тақсими хӯроки чорво гузаронида мешавад. Дастгоҳҳои ИГК-30А, ИКМ-5, ДКМ-5, КСА-5, РС-5, Волгар-5.

Муфассал

Озмоишгоҳи таълимии «Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»

Дар  озмоишгоҳи таълимии  «Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ» дарсҳо оид ба  аз худ намудани сохт, тарзи кор ва ҳисоби таҷҳизотҳо барои коркарди аввали шир гузаронида мешавад.  Дастгоҳҳои: пастеризатори ОПД-1М, сепаратори СОМ-3-1000, хунуккунаки шир – ПОХ – 1. ҷиҳозонида шудааст.

Муфассал

Озмоишгоҳи Агрохимия

    Соли 1973 бо мақсади мукаммал гардонидани раванди таълим дар сохтори омодасозии мутахассисони агрокимиё ва хокшинос дар назди кафедраи "Агрокимиё ва хокшиносӣ" зери роҳбарии профессор А.М. Мешеряков таъсис дода шуд. Минбаъд соли 2009 дар заминаи ворид сохтани таҷҳизоти замонавии озмоишӣ азнавсозӣ карда шуда ба талаботи замони муосир баробар карда шуд.

Муфассал

Озмоишгоҳи Бионтинсекта

Соли 2008 таъсис дода шудааст. Мудири аввалинаш дотсент Тешаев И. аст. Маълум аст, ки масъалаи ҳимояи растаниҳо ва ҳосил яке аз масъалаҳои рӯзмарраи истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Бо ин мақсад заҳрхимикатҳо ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.

Муфассал

Озмоишгоҳи Гидравлика

Соли 1999 кушода шудааст. Аввалин мудираш профессор Бобохоҷаев С. М. буд. Дар солҳои минбаъда профессор Сатторов М. А. ба ҳайси мудир фаъолият намудааст. Дар айни замон дотсент Раҳимов Ф. ин вазифаро ба ӯҳда дорад. Озмоишгоҳ бо мақсади таъмини донишҷӯён, аспирантон ва унвонҷӯён ба воситаҳои   айёнӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои бо сифати хуб навиштани рисолаҳои дипломӣ ва номзадию докторӣ таъсис дода шудааст.

Муфассал

Озмоишгоҳи Гулпарварӣ

Гулпарварӣ, озмоишгоҳ дар майдони таҷрибавии факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ кушода шудааст. Барои омӯзгорону донишҷӯёни ихтисоси бунёди чаманзор пойгоҳи беҳамтои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва гузаронидани машғулиятҳои амалию таҷрибаомӯзӣ мебошад. Дар донишгоҳ намудҳои мавҷудаи гулҳо аз ҷумҳурӣ ва берун аз он гирд оварда шудаанд.

Муфассал

Озмоишгоҳи зироатҳои чормағзӣ

Соли2008 дар заминҳои лалмии минтақаи Шоҳамбарии КВТТ-и "Ҳисор"-и н. Ҳисор кушода шудааст. Профессор Нимадҷонова К. Н. вазифаи мудириашро ба ӯҳда дорад. Масоили самаранок истифодабарии заминҳои корам, махсусан заминҳои корами лалмие, ки дар минтақаҳои аз боришот таъмини ҷумҳурӣ ва рушдбахшӣ ба боғдорӣ дар заминҳои корами лалмӣ зарурати таъсиси чунин озмоишгоҳро ба миён овард.

Муфассал

Озмоишгоҳи зооветтехнология

Соли 2008 дар пойгоҳи фермаи ширию молии КВТТ-и "Ҳисор"-и н. Ҳисор таъсис дода шудааст. Роҳбариаш ба ӯҳдаи дотсент Турдиев Ш. гузошта шудааст. Самти фаъолияти илмиаш технологияи парвариши чорво, истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва коркарди он, хушзоткунӣ, хӯронидани чорво, беҳдошт, пешгирӣ ва муолиҷаи касалиҳои чорво оид ба ин ва дигар масъалаҳои ҳозираи рушди чорводорӣ, барномаҳои илмӣ тарҳрезӣ карда мешаванд.

Муфассал

Озмоишгоҳи ихтиология

Соли 2008 дар пойгоҳи КВТТ-и "Ҳисор"-и н. Ҳисор таъсис дода шудааст. Аввалин мудири он дотсент Ҳаитов А. буд. Дар айни замон ин вазифаро Назаров Ш. ба ӯҳда дорад. Зарурияти ташкил намудани ин озмоишгоҳ аз талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи моҳипарварӣ бармеояд ва кушодани ихтисоси моҳипарварӣ дар сохтори факултети зооинженерӣ низ аз ҳамин ҳуҷҷат асос мегирад.

Муфассал