ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Озмоишгоҳҳо

Озмоишгоҳи кишоварз

Соли 2007 таъсис дода шудааст. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш Саидов Ш. вазифаи мудирии онро ба ӯҳда дорад. Дар сохтораш ду бахш:агротехнология ва муҳандисӣ фаъолият доранд. Дар бахши агротехнологии озмоишгоҳ барномаҳо оид ба технологияи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ,  сабзавот,  шолӣ ва ниҳолпарварии дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ба роҳ монда шудааст.

Муфассал

Озмоишгоҳи лимӯпарварӣ

Соли 2010 кушода шуд. Равияи таҷҳизоти илмияш ба технологияи парвариши лимӯ дар шароити гармхонаҳои болои заминӣ, роҳу усулҳои афзоиши он ва пешгирии паҳншавии ҳашароти зараррасону касалиҳо ва муолиҷаи онҳо равона карда шудааст.

Муфассал

Озмоишгоҳи геоинформатсионӣ

Соли 2008 бо дастгирии лоиҳаи "ТЕМПУС-2008"-и Комиссиони Аврупо кушода шудааст. Мудираш омӯзгори калони кафедраи "Танзими замин" Қодирова З. мебошад ва дар таъсиси он саҳми арзанда дорад.

Муфассал

Озмоишгоҳи микробиотехнология

     Соли 2005 таъсис дода шудааст. Сарварии озмоишгоҳро доктори илмҳои ветеринарӣ, академики АИКТ  И. Сатторӣ  ба уҳда доранд. Дар пойгоҳи озмоишгоҳ истеҳсоли доруҳои ватанӣ ба роҳ монда шудааст.

Муфассал

Озмоишгоҳи сифати тухмӣ ва дон

Соли 2006 бо дастгирии Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар То ҷикистон ,  ки  аз  тарафи  Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Шветсия (SIDA)  маблағгузорӣ мегардад, сохта ба истифода дода шуд.

Муфассал

Озмоишгоҳи умумидонишгоҳӣ

Соли 1986 таъсис дода шудааст. Тамоми таҷҳизоти кафедраҳои тахассусии факултетҳои агрономӣ, зооинженерӣ ва кафедраҳои дигар факултетҳо дар он ба таври мутамарказ гирд оварда, мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Муфассал

Озмоишгоҳи фитопатология

Аз калимаи мураккаби юнонии phyton  растанӣ (ҳиссаи аввали калимаҳои мураккаб, ки муносибати калимаҳои мазкурро ба растанӣ ифода мекунад), pathos  касалӣ ва logos мафҳум, таълимот гирифта шудааст.

Муфассал

Озмоишгоҳи харитасозии рақамӣ

Соли 2009 бо дастгирии лоиҳаи "ТЕМПУС-2008" - и Комиссиони Аврупо кушода шуд ва яке аз аввалин озмоишгоҳҳо дар ҷумҳурӣ мебошад, ки бо чунин шакл сохта шудаасту дигар намунааш нест. Вазифаи мудириаш ба ӯҳдаи омӯзгори калони кафедраи "Танзими замин" Мирзоев О. гузошта шудааст.

Муфассал

Озмоишгоҳи ҳимояи наботот

Соли 2009 бо дастгирии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди (ҶММ) "ФАВЗ" дар пойгоҳи факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ кушода шудааст. Аз рӯзи таъсисаш д.и.к. Қаҳхоров Қ. Ҳ. вазифаи мудириашро ба ӯҳда дорад.

Муфассал