ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Озмоишгоҳи Гулпарварӣ

Гулпарварӣ, озмоишгоҳ дар майдони таҷрибавии факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ кушода шудааст. Барои омӯзгорону донишҷӯёни ихтисоси бунёди чаманзор пойгоҳи беҳамтои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва гузаронидани машғулиятҳои амалию таҷрибаомӯзӣ мебошад. Дар донишгоҳ намудҳои мавҷудаи гулҳо аз ҷумҳурӣ ва берун аз он гирд оварда шудаанд.

Хусусиятҳои биологӣ, экологӣ, сабзишу инкишоф ва технологияи парвариши онҳо мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Дар назар аст, ки дар оянда озмоишгоҳ дар ободу зебо гардонидани ҳудуди донишгоҳ, пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо саҳми хешро гузошта, як пойгоҳи боэътимоди илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ мубаддал мегардад.

Озмоишгоҳҳо