ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Озмоишгоҳи микробиотехнология

     Соли 2005 таъсис дода шудааст. Сарварии озмоишгоҳро доктори илмҳои ветеринарӣ, академики АИКТ  И. Сатторӣ  ба уҳда доранд. Дар пойгоҳи озмоишгоҳ истеҳсоли доруҳои ватанӣ ба роҳ монда шудааст.

    Маводҳои озмоишгоҳ аз ашёи хоми дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда истеҳсол шуда, барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои чорво ва зироатҳои кишоварзӣ истифода мешаванд ва метавонанд маводҳои кимёвиеро, ки аз хориҷи кишвар бо нархи гарон меоянд, ба пуррагӣ иваз намоянд.

     Озмоишгоҳ бо кадрҳои соҳавӣ пурра таъмин мебошад, аз он ҷумла 3 доктори илм, 5 номзади илм ва 7 нафар аспирант пурсамар тадқиқотҳои илмиро аз рӯи 2 мавзӯъ бурда истодаанд. Олимони озмоишгоҳ бо олимони  ДДМ,  ДДТ ,  Институти физиологияи растанӣ ва генетика, Пажӯҳишгоҳи  ветеринарӣ  ва  Институти  илмию  истеҳсолии  маводҳои ветеринарии АИКТ ҳамкории зич доранд. Зиёда аз 6 тарҳрезиҳои илмии олимони озмоишгоҳ дар 12 хоҷагиҳои ҷумҳурӣ амалӣ шуда истодаанд.

       Натиҷаҳои санҷиш нишон медиҳанд, ки  самаранокии  доруҳо  ва тавсияномаҳо оиди пешгирӣ ва табобати бемориҳои ҳайвонот ва зироатҳои кишоварзӣ самаранок аст. Инчунин дар пойгоҳи озмоишгоҳ машғулиятҳои амалӣозмоишгоҳии фанҳои микробиология ва вирусология  барои  донишҷӯёни  факул таҳои тибби ветеринарӣ, зооинжинерӣ ва агрономӣ гузаронида мешавад.

 

 

 

Озмоишгоҳҳо