ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Озмоишгоҳи умумидонишгоҳӣ

Соли 1986 таъсис дода шудааст. Тамоми таҷҳизоти кафедраҳои тахассусии факултетҳои агрономӣ, зооинженерӣ ва кафедраҳои дигар факултетҳо дар он ба таври мутамарказ гирд оварда, мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Озмоишгоҳ ба ғайр аз хизматрасонии дохилидонишгоҳӣ метавонад дар асоси шартнома ба кормандони дигар муассисаҳои илмӣ, шахсони алоҳида, аспирантон хизмат расонад.

Дар озмоишгоҳ асосан ташхисҳои таркиби кимиёвии хок, хӯрокаҳо ва ғизонокии онҳо гузаронида мешаванд. Роҳбарии он ба ӯҳдаи дотсент Султонова М. гузошта шудааст.

Озмоишгоҳҳо