ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Озмоишгоҳи зироатҳои чормағзӣ

Соли2008 дар заминҳои лалмии минтақаи Шоҳамбарии КВТТ-и "Ҳисор"-и н. Ҳисор кушода шудааст. Профессор Нимадҷонова К. Н. вазифаи мудириашро ба ӯҳда дорад. Масоили самаранок истифодабарии заминҳои корам, махсусан заминҳои корами лалмие, ки дар минтақаҳои аз боришот таъмини ҷумҳурӣ ва рушдбахшӣ ба боғдорӣ дар заминҳои корами лалмӣ зарурати таъсиси чунин озмоишгоҳро ба миён овард.

Дар пойгоҳи озмоишгоҳ дар айни замон парвариши чормағз, писта ва бодом ба роҳ монда шудааст. Оиди ин зироатҳо барномаҳои илмӣ ҷиҳати технологияи парваришу интихоби навъу намудҳои зироатҳои чормағзӣ тарҳрезӣ шудаанд. Он ҳамчун пойгоҳи машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ-истеҳсолӣ истифода бурда мешавад.

Озмоишгоҳҳо