ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Озмоишгоҳи зооветтехнология

Соли 2008 дар пойгоҳи фермаи ширию молии КВТТ-и "Ҳисор"-и н. Ҳисор таъсис дода шудааст. Роҳбариаш ба ӯҳдаи дотсент Турдиев Ш. гузошта шудааст. Самти фаъолияти илмиаш технологияи парвариши чорво, истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва коркарди он, хушзоткунӣ, хӯронидани чорво, беҳдошт, пешгирӣ ва муолиҷаи касалиҳои чорво оид ба ин ва дигар масъалаҳои ҳозираи рушди чорводорӣ, барномаҳои илмӣ тарҳрезӣ карда мешаванд.

Дар пойгоҳи озмоишгоҳи мазкур донишҷӯён, аспирантон ва  унвонҷӯён корҳои илмӣ тадқиқотӣ мегузаронанд. Пойгоҳи илмию таълимии озмоишгоҳ имконият медиҳад, ки он дар рафти машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзиҳо дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ самаранок истифода бурда шавад. Тибқи ҷадвали дарсӣ аксарияти машғулиятҳои амалии донишҷӯёнифакултетҳои тибби ветеринарӣ ва зооинженерӣ ба таври сиклӣ дар ин озмоишгоҳ гузаронида мешаванд ва дар он тамоми шароитҳои хобу зист муҳаё гардонида шудаанд.

Озмоишгоҳҳо