ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Робитаҳои байналмилалӣ

Соли 1978 ташкил шудааст. То ин муддат донишгоҳ барои мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ зиёда аз 350   нафар кадрҳои баландихтисоси соҳаи аграрӣ тайёр кардааст. Таҳти роҳбарии профессорони донишгоҳ шаҳрвандони Афғонистон, Сурия, Нигерия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии халқии Чин ва дигар мамлакатҳо магистратура ва аспирантураро хатм намудаанд.

7 нафар шаҳрвандони хориҷӣ баъди анҷоми тадқиқотҳои илмӣ рисолаҳои илмиро дифоъ намуда, соҳиби унвони доктори илм гаштаанд. Беш аз 200 нафари дигар баъди хатми шӯъбаи тайёрӣ таҳсили худро дар донишгоҳҳои Тоҷикистон  ва дигар кишварҳо давом додаанд.

Қабули донишҷӯёни хориҷӣ дар асоси шартнома сурат мегирад. Донишҷӯёни хориҷӣ баробари шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи аз пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ (лабораторияҳо, хоҷагиҳои таҷрибавӣ, китобхона, хобгоҳ ва ғайраҳо) истифода бурданро доранд. Таълим мувофиқи хоҳиши донишҷӯён ё ба забони тоҷикӣ форсӣ ё ба забони русӣ сурат мегирад.

Барои зудтар ёд гирифтани забони русӣ дар назди шӯъба кафедраи махсуси забони русӣ барои хориҷиён амал мекунад. Донишҷӯёне, ки забони русиро намедонанд, дар давоми як сол онро меомӯзанд. Дар шӯъбаи тайёрӣ донишҷӯён ғайр аз забони русӣ  инчунин асосҳои кимиё, биология, физика, математика ва дигар фанҳоро вобаста ба ихтисоси интихобкардаашон аз худ менамоянд.

Бояд қайд кард, ки ибтидои солҳои 90-ум фаъолияти шуъба дар натиҷаи муташанниҷ гаштани вазъи сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ муваққатан қатъ гардид, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ кам ва қабули онҳо тамоман қатъ гашт. Баробари пойдоршавии сулҳу ваҳдат ва беҳтар шудани вазъи дохилии ҷумҳурӣ ва эътирофи он дар арсаи байналмилалӣ фаъолияти факулта аз нав ҷоннок гардид.

Шӯъба бо сохторҳои фарҳангии сафоратҳои мамолики хориҷии муқими шаҳри Душанбе, ширкатҳо ва фирмаҳои алоҳида шартномаҳои тарафайн имзо намуда ва паи иҷрои онҳо ҳамарӯза кӯшиш дорад. Ба шарофати фаъолияти шӯъбаи кор бо муҳассилини хориҷӣ донишгоҳ дар ҷодаи муносибатҳои байналми лалӣ сазовори ҷоизаи тиллоии "Эраи Сифат"-и ташкилоти байналмилалии В.I.D. дар соли 2002 гардид. Дар ин солҳо шӯъба аз муассисаҳои байналмилалии шабакаи таълимии "EDNET", корпоратсияи  "Карана", "USAID" китобҳои навтарини соҳаи иқтисодиёт ва бизнес,   инчунин шумораи хеле зиёди китоб ва маҷаллаҳои навро аз хазинаи "САDA",  "SOPOS",  "FAO"  ва ғайраҳо ба даст оварда ба китобхонаи донишгоҳ дохил кардааст.

Шӯъба бо фонди Оғо Хон оиди тараққиёт шартномаи тӯлонимуддат ва судманд оиди пардохти маблағи таҳсили муҳассилини Афғонистон ва созмон додани "Бизнессентр" ва синфхонаи компютерӣ  ба имзо расондааст.

13 нафар устоди ҷавони ихтисосҳои иқтисодӣ тавассути "Шабакаи таълимии "ЕDNET", корпоратсияи "Карана", "USAID" ба Академияи шабакаи таълимӣ қабул  шуда, пас аз хатми курс соҳиби сертификат гардиданд. 6 нафар устоди ҷавони кафедраи навтаъсиси забони англисӣ бо фонди ташкилоти "SOPOS" курси такмили ихтисосро гузаштанд. Таи солҳои охир ҳамкориҳои факулта бо хазинаҳои  байналхалқӣ оиди такмили ихтисос ва коромӯзии омӯзгорони ҷавон ривоҷ ёфтааст.

Дурнамои таълиму тарбияи шаҳрвандони хориҷӣ дар шӯъба ва ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ мутобиқи қарордодҳо бо муассисаҳои байналмилалии мансуби таълиму тарбия ва мубодилаи донишҷӯёну устодон таҳия  мешавад.

Дар факултет ду синфхонаи лингафонӣ вуҷуд дорад, инчунин дар кафедраи забони англисӣ синфхонаи махсус ташкил шудааст, ки он бо техникаи ҳозиразамон ҷиҳозонида шудааст.

ДАТ бо мақсади  тайёр намудани мутахассисон, олимони ҷавон ва мубодилаи устодону донишҷӯён ва густариши робитаҳои байналмилалӣ бо 29 донишгоҳи олии хориҷӣ (19 давлати дунё) шартномаи тарафайн ба имзо расонидааст.

Айни замон дар донишгоҳ 105 нафар донишҷӯён, магистрон, апирантон ва унвонҷӯён аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва  Афғонистон таҳсил менамоянд.

Донишгоҳ бо 16 ташкилоти байналмилалӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Магистрон ва донишҷӯён аз факултетҳои гуногун дар солҳои охир дар асоси лоиҳаи "Дониш ва тайёр кардани мутахассисон ва ҳайати идоракунанда дар сектори аграрӣ" таҳти мутобиқоти донишгоҳи Вайенштефан Триздорф (Германия) дар барномаҳо иштирок намуданд.

Аз рӯи   барномаи <<WEIENSTEPHAN>> ва << LOGO>> дар солҳои гуногун барои таҳсили курси магистрӣ ва гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ  техно логӣ донишҷӯён дар Германия таҳсил намуда истодаанд,  ба туфайли ин ҳамкориҳо дар ш. Триздорф дар Донишгоҳи илмӣ-амалии Вайенштефан дар курси байналмилалии магистрӣ таҳсил мекунанд.