ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Таърихи шуъба

Дар солҳои охир ҳамкории донишгоҳ  бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар барои  баландбардоштани ҳамкориҳо  дар самти таълим, илм,  фарҳанг ва  ноил гардидан ба муваффақиятҳои  илмӣ – техникӣ равона шудааст.  Ҳамкории байналмилалии донишгоҳ дар даҳсолаи охир вусъат ёфта, омили  асосии воридшавии  донишгоҳ ба фазои таълимии ҷаҳонӣ ва  амалисозии: навовариҳо дар раванди таълим, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, рушди мубодилаи академӣ ва табодули омӯзгорон гардид.

Ҳамкориҳои  байналмилалии донишгоҳ  дар дар асоси Созишномаҳои ҳамкорӣ  ва Ёддоштҳо дар самти таълим ва илм тавассути  татбиқи барномаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳо; омода намудани мутахассисон; иштироки олимон  дар Шӯроҳои диссертатсионӣ дар самти ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ;  барномаҳои байналмилалии илмӣ ва курсҳои забономӯзӣ амалӣ мегардад. Айни  замон донишгоҳ бо  130 донишгоҳу донишкадаҳо  аз 26 давлатҳои ҷаҳон, ба монанди Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Озарбойҷон, Белоруссия, Олмон, Шветсия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Руминия, Афғонистон, Эрон, Белгия, Италия, Индонезия, Полша, Украина, Литва, Пакистан, Латвия  созишномаи ҳамкорӣ дорад.   Танҳо 60% созишномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Федератсияи Россия ва давлатҳои Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил баста шудааст.

Дар соли 2003, дар ҷодаи муносибатҳои байналмилалӣ  аз тарафи ташкилоти байналмилалии  BID донишгоҳ сазовори  ҷоизаи тиллоии “Эраи сифат” гардид. Дар ин  солҳо шуъба  аз  муассисаҳои байналмилалии  шабакаи таълимии  «EDNET”, иттиҳодияи “КАРАНА”, ташкилоти “USAID”,   китобҳои навтарини  соҳаи  иқтисодиёт  ва бизнес, инчунин  шумораи хеле зиёди  китоб ва  маҷаллаҳои навро аз хазинаи “CADA”, “SOROS”,  “FAO”  ва ғайраҳо  ба даст оварда ба китобхонаи донишгоҳ  ворид карда аст.

Санаи 22 феврали соли 2017 бошад Иттиҳодияи  Академияи Оксфорди Англия, бо пешниҳоди Кумитаи  номиналии  байналмилалӣ ба номи Суқрот барои нишондиҳандаҳои  беҳтарин  дар соли 2016  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемурро  барои:  дастрасии таълим; сифати хизматрасонии таълимӣ; сатҳи аккредитатсия донишгоҳ, таъминоти пойгоҳи техникӣ; иштироки фаъол  дар барномаҳои таълимии байналмилалӣ ва табодули устодону донишҷӯён бо муассисаҳои таълимию  илмии байналмилалӣ;  истифодаи  тарзу усули навини таълиму барномаҳо; шароит  ва дурнамои мусоид барои густариши робитаҳои байналмилалӣ бо ҷоизаи байналмилалӣ “BEST UNIVERSITY” – “ДОНИШГОҲИ БЕҲТАРИН”  ва  28 марти соли 2017 Кумитаи номиналии байналмилалии Суқурот  ректори донишгоҳ профессор Салимзода Амонулло Файзуллоро  барои нишондиҳандаҳои махсуси донишгоҳ дар номинатсияи “Соҳаи маориф” бо ҷоизаи “BEST MANAGER OF THE YEAR” – “РОҲБАРИ БЕҲТАРИНИ СОЛ” сарфароз гардоонид.  Танҳо аз соли 2010 то 2016 бештар аз 300 омӯзгорон аз рӯи барномаи ERASMUS, ERASMUS+  дар конференсияҳои байналхалқӣ, симпозиумҳо иштирок варзиданд, муддати таҷрибаҳосилкунӣ, курсҳои омӯзишӣ ва такмили донишро гузаштанд. Имрӯзҳо, мақсади асосии шартномаҳои дуҷониба беҳтарнамоии раванди таълим дар базаи коркарди илмӣ- таълимӣ-методӣ ба шумор меравад: омӯхтан ва ҷоринамоии таҷрибаи омӯзгорони донишгоҳҳо; вусъатдиҳӣ ва мустаҳкамнамоии ҳамкорӣ, беҳтарнамоии сифати фаъолияти ҳайати профессорон-омӯзгорон, коркунони маъмурият, аспирантҳо ва донишҷӯён; таъмини маълумотдиҳии дуҷониба дар бораи фаъолияти ташкилот  ба воситаи ахбороти оммавӣ.