ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар

Барномаҳои байналмилалӣ барои мубодилаи академӣ ва таҳсил дар зинаи магистратура 

1. Лоиҳаи Эразмус+ Олмон

2. Лоиҳаи Эразмус+ Руминия
3. Лоиҳаи Эразмус+Эстония
4. Лоиҳаи Эразмус+Лаҳистон
5. Лоиҳаи Эразмус+ Литва 

            DAAD. Идораи мубодилаи академии Олмон   

Миқдори пешниҳоди барномаҳои стипендиявӣ барои ҶТ аз тарафи DAAD:
Ҷойи амаликунии идрорпулиҳо: Донишгоҳҳои Олмон
Иштирокчиёндонишҷӯён, магистрон, докторантон, омӯзгорон, олимон ва ғ.
Миқдори стипендия: 1000 -2300 €/ моҳ (докторантон  ва олимон, омӯзгорон)
Давомнокӣ: аз 1-10 моҳ то 3- сол
Мӯҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо ҳарсол
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозима:

  • Ариза-анкета
  • 2 мактуби тавсиявӣ (аз роҳбар ва профессор)
  • Даъватнома
  • Тарҷумаи ҳол
  • Тавсиянома
  • Тавсифи муфассали лоиҳаи тадқиқотӣ, ки бо роҳбари илмӣ  мувофиқ карда шудааст
  • Маълумотнома аз ҷойи таҳсил
  • Нусхаи диплом ва аттестат бо тарҷума
  • Рӯйхати маводҳои нашршуда
  • Нақшаи тақвимӣ
  • Сертификат оид ба  донистани забон 

Лоиҳаи Эразмуc + Олмон


Ҷойи амаликунии мубодила:1) Донишгоҳи илмҳои кишоварзии  Вайенштефан - Триздорф
Иштирокчиён: Хатмкунандагони донишгоҳ
Давомнокӣ: 2 сол
Самти фаъолият: агроменеҷмент
Муҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо: 
Донишгоҳи илмҳои табии Вайенштефан – Триздорф – қайдкунӣ то 8 феврал  
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

  • Тарҷумаи ҳол (Curriculum Vitae)
  • Тавсиянома
  • Созишномаи пуркардашудаи мубодила бо тавсифи барномаи корӣ
  • Нусхаи шиноснома 

Лоиҳаи  Эразмуc + Эстония

Ҷойи амаликунии мубодила: Донишгоҳи илмҳои табии Эстония
Иштирокчиён: магистрон, аспирантон, омӯзгорон,
Давомнокӣ: 5 рӯз
Самти фаъолият: тибби ветеринарӣ
Муҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо: аз рӯи эълон
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

  • Тарҷумаи ҳол (Curriculum Vitae)
  • Тавсиянома
  • Созишномаи пуркардашудаи мубодила бо тавсифи барномаи корӣ
  • Нусхаи шиноснома

Лоиҳаи Эразмуc + Руминия

Ҷойи амаликунии мубодила:Донишгоҳи Банатаи илмҳои кишоварзӣ ва тиббии ветеринарии шаҳри Тимишуора
                                      

Иштирокчиён: магистрон, аспирантон, омӯзгорон, коркунони илм, номзадҳои илм,омӯзгорон

Давомнокӣ: аз 5 рӯз то 3 моҳ
Самти фаъолият: соҳаи  кишоварзӣ
Мӯҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо

Тибқи эълон

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

  • Тарҷумаи ҳол (Curriculum Vitae)
  • Тавсиянома
  • Созишномаи пуркардашудаи мубодила бо тавсифи барномаи корӣ
  • Нусхаи шиноснома

Лоиҳаи Эразмуc + Литва

Ҷойи амаликунии мубодила: Донишгоҳи илм дар бораи тандурустии  Литва
Иштирокчиён: магистрон, аспирантон, омӯзгорон, коркунони илм, номзадҳои илм,омӯзгорон
Давомнокӣ: аз 5 рӯз то 3 моҳ
Самти фаъолият: зоотехния, тибби-ветеринарӣ ва бехатарии озуқа
Мӯҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо: Тибқи эълон
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

  • Тарҷумаи ҳол (Curriculum Vitae)
  • Тавсиянома
  • Созишномаи пуркардашудаи мубодила бо тавсифи барномаи корӣ
  • Нусхаи  шиноснома

Лоиҳаи Эразмуc + Лаҳистон  

Ҷойи амаликунии мубодила: Донишгоҳи илмҳои ветеринарии Варми ва Мазури Лаҳистон
Иштирокчиён: магистрон, аспирантҳо, омӯзгорон, коркунони илм, номзадҳои илм,омӯзгорон
Давомнокӣ:аз 5 рӯз то 3 моҳ
Самти фаъолият: тибби-ветеринарӣ
Мӯҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо:  Тибқи эълон
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

  • Тарҷумаи ҳол (Curriculum Vitae)
  • Тавсиянома
  • Созишномаи пуркардашудаи мубодила бо тавсифи барномаи корӣ
  • Нусхаи созишнома 

Таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ

Раванди таҳсил дар ду баст  6 рӯзи корӣ ташкил шудааст.
Дар ихтиёри донишҷӯён синфхонаҳои таҷҳизотонидашуда,  хобгоҳ, китобхона ва  толори варзишӣ  пешниҳод шудааст.
Ба донишҷӯёни хориҷ ҷой дар хобгоҳ дода мешавад.
Барои довталабоне,  ки забони русӣ, англисӣ ва тоҷикиро намедонанд, имконият доранд дар Маркази омӯзиши забонҳо, ки дао пойгоҳи донишгоҳ таъсис дода шудааст аз худ кунанд.

Қабули ҳуҷҷатҳо:

  • Ба шуъбаи  ғоибона – шартномавӣ: то 20 августи 2019 с.
  • Ба шуъбаи рӯзона –  шартномавӣ: то 20 августи 2019 с.
  • магистратура –шартномавӣ: то 20 августи 2019 с.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо:

  1. Ариза;
  2. Нусхаи шиноснома;
  3. Тасдиқи нотариалии тарҷумаи ҳуҷҷатҳо;
  4. Ҳуҷҷати асли таҳсил (бо замима), легализатсия
  5. Тасдиқи нотариалии тарҷумаи ҳуҷҷатҳои таҳсил;
  6. Шаҳодатнома  дар бораи эбаробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсил (агар лозим бошад);
  7. 8-то   расми андозааш  3Х4;
  8. Маълумотномаи тиббӣ.

  Таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷ ин такмили ихтисос дар донишгоҳҳои кишоварзии Аврупо кор дар хоҷагии фермерӣ, семинарҳо, экскурсияҳо дар муассисаҳо шиносоӣ бо фарҳанги давлат, беҳтарнамоии забони хориҷӣ мебошад

 Логотип   Номгӯи давлатҳо Муҳлат    Пардохти ташк. Миқдори идрорпулӣ  
Praktikum Global
Олмон 
6 моҳ/ 1 сол   670 евро  аз 670 евро/моҳ
PRAXX
Олмон 
6 моҳ/ 1 сол   Бе пардохт барои иштирок  330 евро/моҳ

 

 

LOGO

 LOGO
Олмон
6 моҳ/ 1 сол 
 Бе пардохт барои иштирок  260 дол/моҳ
 

 

JD East
Олмон
6 моҳ/ 1 сол   200 евро  500 евро/моҳ
 

АСТ  (Донишгоҳи илмҳои кишоварзии Вайенштефан-Триздорф) 

4 моҳ   Бе пардохт барои иштирок  309 евро/моҳ
  Таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ IMA
(Донишгоҳи Вайштефан-Триздорф) 
6 моҳ таҷрибаомӯзӣ  3 семестри таҳсил   Бе пардохт барои иштирок  309 евро/моҳ

ACT (Донишгоҳи Вайенштефан-Триздорф) 
(Таҳсил дар  Олмон

дар ин барнома танҳо иштироки донишҷӯни  курсҳои   2 – 4  роҳандозӣ мегардад

Давомнокии таҷрибаомӯзӣ: 4-5 моҳ

оғози барнома: июн

 Талабот ба номзадҳо: 
  
1. Синну соли донишҷӯ на бояд аз 18 поён бошад
2. Саломатии хуб                     
3. Дониши касбӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки барои кор дар хоҷагии фермерӣ зарур аст;
4. Донистани забони олмонӣ
5. Доштани шаҳодатномаи ронандагӣ
6. Бо компютер кор карда тавонистан 

  • Идрорпулӣ  дода мешавад;
  • Суғуртаи тиббии ройгон ;
  • Бе пардохт барои иштирок дар барнома;
  • Пардохти ҳармоҳа барои эҳтиёҷоти шахсӣ дар ҳаҷми 309 Евро.

Praktikum Global

(Таҷрибаомӯзии кишоварзӣ дар Олмон)

Дар ин барнома донишҷӯёни курсҳои 1-4, магистрҳо, докторантон,  донишҷӯёни МКМ (маълумоти касбии миёна) ширкат варзанд.
Давомнокии таҷрибаомӯзӣ: 6 моҳ, 1 сол
Оғози таҷрибаомӯзӣ: аз рӯи шартнома

Талабот ба номзад:

  1. Донистани забони олмонӣ ё англисӣ;
  2. Саломатии хуб;
  3. Доғи судӣ надоштан,
  4. Тавсияи хуб,
  5. Аз синни 18 боло,
  6. Шаҳодатномаи ронандагӣ 
  • Идрорпулӣ: аз 670 евро/моҳ
  • Пардохт барои иштирок - 550 евро (пардохт зимни бастани шартнома) 

"PRAXX" 

(Таҷрибаомӯзии касбӣ дар Олмон)

Дар ин барнома донишҷӯёни  курсҳои 2-4, магистрҳо, аспирантҳометавонанд, ширкат варзанд.
Таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои кишоварзӣ мегузарад.
Давомнокии таҷрибаомӯзӣ: аз 6 моҳ то  1 сол
Оғози таҷрибаомӯзӣ: аз рӯи шартнома

Талабот ба номзад:

  1. Донистани забони олмонӣ ё англисӣ;
  2. Саломатии хуб;
  3. Розигии волидайн,
  4. Иҷозат аз донишгоҳ,
  5. Аз синни 18 боло,
  6. Шаҳодатномаи ронандагӣ

Дар вақти таҷрибаомӯзӣ, тарафи олмониҳо хароҷоти асосии молиявиро бар дӯши худ мегирад, махсусан (дар муассиса ҷой додан ва ҳамроҳӣ дар давраи таҷрибаомӯзӣ):

  • Манзил дар дар тамоми вақти таҷрибаомӯзӣ пардохта мешавад;
  • Суғуртаи тиббӣ;
  • Бе пардохт баро иштирок дар барнома;
  • Пардохти ҳармоҳа барои эҳтиёҷоти шахсӣ дар ҳаҷми 330 Евро.

 JD EAST 

(таҷрибаомӯзии таълимии истеҳсолӣ дар Олмон)

Дар ин барнома  донишҷӯёни курсҳои 2-4, МКМ (маълумоти касбии миёна), магистрон, докторантонширкат варзанд.

Давомнокии таҷрибаомӯзӣ: аз  6 моҳ то  1 сол

Оғози таҷрибаомӯзӣ: аз рӯи шартнома

Талабот ба номзад:

1. Синну соли донишҷӯ на бояд аз 18 поён бошад
2. Саломатии хуб                     
3. Дониши касбӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки барои кор дар хоҷагии фермерӣ зарур аст;
4. Донистани забони олмонӣ/англисӣ
5. Доштани шаҳодатномаи ронандагӣ барои трактор/мошин
6. Бо компютер кор карда тавонистан 

  • Маблағ барои  манзил дар дар тамоми вақти таҷрибаомӯзӣ пардохта мешавад;
  • Пардохт барои иштирок дар барнома  – 200 евро;
  • Пардохти ҳармоҳа барои эҳтиёҷоти шахсӣ дар ҳаҷми 400 Евро.