Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Вазифаҳои шуъба

Ташаккул додани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо акдемияҳо, донишгоҳҳо, донишкадаҳо, муассисаҳои илмии хориҷи кишвар ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти таълим, илм ва дарёфти грантҳо мебошад.

Қисми робитаҳои байналмилалӣ фаъолияти худро аз рӯйи самтҳои зерин иҷро мекунад:

  • бастани созишномаҳои ҳамкорӣ; 
  • мустаҳкам намудани ҳамкорӣ; 
  • ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ; 
  • мубодилаи академии донишҷӯён; 
  • мубодилаи академии устодон; 
  • таълими муштарак аз рӯйи модели 2+2 дар зинаи бакалавриат ва магистратура; 
  • ташкил ва ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ; 
  • ташкил ва гузарондани семинарҳои якҷояи илмӣ, конференсияҳои илмию амалӣ, симпозиумҳо ва ғайра; 
  • таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ; 
  • ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои грантӣ бо ташкилоту барномаҳои байналмилалӣ.