ТАДЖИКСКИЙ АГРАРНЫЙ УНИВЕРСИТЕТ ИМЕНИ ШИРИНШОХ ШОТЕМУР

Объявления

“Раддия ба баёнияи иттилоотии ҲНИТ” Набояд манфиати миллат сарфи назар гардад

Мо аҳли устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баёнияи иттилоотии ҲНИТ дар бораи озодии Мирзораҳим Кузов аз 29.11.2017 хонда хеле мутаассир гаштем. Тибқи ин иттилоия узви раёсати ҲНИТ Шоҳнаими Карим, мутаалиқ ба тахалуси Мирзораҳим Кузовро аз маҳкамаи Додгоҳи Олии Юнон озод гардидааст, ҳол он ки ӯ чун дигар аъзои ҲНИТ дар содир намудани бисёр ҷиноятҳои сангин гунаҳкор дониста мешавад ва ҳуқуқи дар озодӣ гаштанро надорад, чунки дар озодӣ будани ӯ натанҳо ба Тоҷикистону тоҷикистониён, балки ба ҷомеаи башарӣ хатари ҷиддӣ меорад.

Ашхоси хушунатангезе чун Шоҳнаими Карим дар байни ҳар миллату халқҳои олам буданду ҳоло ҳам ҳастанд. Миллати мо низ аз ин гуна ашхос орӣ нест. Аз ин рӯ, моро лозим меояд, ки сари ин масъала чуқур биандешем, душмани худ, ки «пил» аст, «пашша» нашуморида, баҳри ҳимояи миллату фарҳанги худ камари ҳиммат баста, барои пешравии обрӯю эътибори миллат талош варзем ва нагузорем, ки Мирзораҳим Кузов барин ашхос ба он хатар ворид бисозанд. Мо ин таҷрибаи талхи таърихиро аз сар гузаронидаем. Маҳз иҷозат додан ба фаъолияти ҲНИТ, ки Мирзораҳим Кузов узви он аст, боиси нооромиву хунрезиҳои зиёд, аз ватан бе ватан гаштани ҳазорҳо нафар тоҷикистониён гардид.

Аз сабаби он ки мардуми мо ба дини мубини ислом эътимоди самимӣ доранд, гумон доштанд, ки ҳадафи аслии ҲНИТ ҷонибдорӣ аз аҳкоми дини мубини ислом ва шариат аст. Ин ҳизб агар дар ҳақиқат тибқи фармудаҳои ислом ва аҳкоми шариат рафтор мекард, бояд саодату адолат ва сулҳу суботро талқин мекарду пойдору устувор мемонд. Лек гузашти вақт нишон дод, ки гуфтор дигар будаасту кирдор дигар. Аъзои фаъоли ҲНИТ ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90-ум авзои сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлолро муташаниҷ гардонда боиси хунрезиҳои мардуми бегуноҳ ва фирорӣ гаштани тоҷикистониён ба кишварҳои хориҷи дуру наздик гардиданд.

Аз рафтори аъзои ҲНИТ маълум мешавад, ки нооромиву нотинҷиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, ба таври доимӣ гӯш ба «хоҷагони хориҷӣ» медиҳанд. Воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон рухдода бори дигар ин ҳақиқатро ошкор сохт. Маҳз бо пуштибонии хоҷагони хориҷӣ ҲНИТ даст ба табодулот задан хост. Дар тарҳрезии ин воқеаҳои хуношоми он рӯзҳо нафароне даст доранд, ки роҳбар ва аъзои ҳамин ҳизб буданд. Дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе нобасомониро ба роҳ монданд, рӯйи роҳҳо хун ҷорӣ гашт, чандин нафар бегуноҳон ҷони хешро бохтанд. Ба ин ҳама куштору адоват Абдуҳалими Назарзода ва Муҳиддин Кабирӣ сарварӣ мекарданд. Рафторҳои хоинонаву ватанфурӯшонаашон бори дигар моро аз амалҳои нопоку ғаразноки ҲНИТ воқиф гардонид. Муҳиддин Кабирӣ раис ва Абдуҳалим Назарзода узви фаъоли ҲНИТ буданд. Ин хиёнати пайравони ҲНИТ натанҳо ба Ватан-модар-миллат, балки ба покию беолоишии дини ислому мазҳаби таҳамулгарои ҳанафия мебошад. Ҳамин аст, ки Худованди бузург дасти иноят сӯяшон дароз накард ва ҳама нақшаҳои нопоки кашидаашон барбод рафту тирашон хок хӯрд ва худашон шармандаву шармсор гардиданд.

Дар шароити имрӯза, ки авзои ҷаҳон хеле муташаниҷ аст, мардуми Тоҷикистон ҷонибдори тинҷию оромӣ, суботи сиёсӣ на танҳо дар кишвар, балки минтақа ва ҷаҳон мебошад ва мавҷудияти ҳамагуна ҳаракату созмонҳои террористӣ, аз ҷумла ҲНИТ, ки фаъолияти он аз ҷониби Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористӣ манъ карда шудааст, маҳкум месозад. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки изҳори ақидаю иродаи сиёсии мардуми Тоҷикистонро Додгоҳи олии Юнон ба эътибор нагирифтааст?! Ба ҷойи он ки айбу хатоҳои Мирзораҳим Кузовро ба гарданаш бор карда, ӯро дар кунҷи маҳкама нигоҳ дорад, баръакс барои идомаи рафторҳои террористии ӯ заминаи мусоид фароҳам овардаву аз маҳбас раҳояш намудааст.

Боиси таассуф аст, ки ин мақомоти бонуфузи Юнон бе назардошти пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва далелу бурҳонҳои қотеъи Додгоҳи олии Тоҷикистон ва омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳолномаи Шоҳнаими Карим ӯро аз маҳбас озод намуд, ки ин баёния боиси нигаронии ҳамагон гаштааст. Дар Юнон низ пайваста амалҳои террористӣ анҷом дода мешаванд ва мақомоти олии салоҳиятдори он бояд бар зидди он мубориза бараду баҳри маҳв сохтани решаҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ ҷадал намояд, ки ҲНИТ низ созмондеҳи амалҳои террористӣ аст. Пас чаро Додгоҳи олии Юнон узви фаъоли ин ҳизб Шоҳнаими Каримро ба озодӣ баровардааст? Ва ё ин ҷо зери коса нимкосаест, ки ин мақомот онро пинҳон медорад? Ба ҳар сурат мо амали ношоистаи ин мақомоти олиро маҳкум намуда, вобаста ба содиршавии ин рӯйдоди сиёсӣ аз мақомоти олии кишварҳои ҷаҳон эҳтиромона тақозо менамоем, ки қазияи фаъолияти сиёсии пасипардагии ин гуна ашхосро чун Шоҳнаими Карим ҳамаҷониба наомӯхта нисбаташон қарорҳои рӯякӣ қабул нанамоянд. Шахсони воломақоми ин мақомоти олии Юнон бояд гуфтаҳои Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба гӯш гиранд, ки терроризм дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Мо бояд ниқоби харобгаронаи онҳоро барафканем.

Як гурӯҳ омӯзгорони ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур