ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Шуъба ва бахшҳо

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон

 

Сагдиева Гулбаҳор Мазамовна-мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон 

 

Раванди  ташкил, банақшагирӣ ва баргузории таҷрибаомӯзиҳо (таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ), омӯзиши сифати  ҳисоботҳои  технологӣ, таъмини донишҷӯён бо ҳуҷҷатҳои  зарурӣ, тақсимоти хатмкунандагон барои ба кор таъмин шудан, овардани  дархостҳо ҷиҳати   таъмини онҳо бо ҷойи кор, назорати бозпасгардонии  қисми роҳхатҳо ва бастани шартномаҳоро ҷиҳати таҷрибаомӯзиҳо бо ташкилотиу идораҳои соҳавӣ ва хоҷагиҳои пешқадам ба уҳда дорад.

Хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии донишгоҳ -«Ҳисор»-и шаҳри  Ҳисор омода аст, ки миқдори муайяни донишҷуёнро аз рӯи ихтисосҳои агрономӣ, боғдорӣ, зооветеринарӣ, муҳандисӣ ва иқтисодӣ қабул намояд. Дар ҳудуди ин хоҷагӣ машқгоҳи  таълимии донишгоҳ бо иқтидори қабули 25-30 нафар донишҷӯ дар як вақт ва техникаи зарурӣ, синфхонаҳои таълимӣ, лабораторияҳо (хокшиносӣ, ихтиология), ҳавзи моҳӣ ва қитъаҳои таҷрибавӣ мавҷуд мебошад. Дар пойгоҳи хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии «Ҳисор» якчанд озмоишгоҳҳо ва фермаи ширию молии КВТТ «Ҳисор» барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯёни факултетҳои зооинженерию тибби ветеринарӣ, озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳо барои дарсхонӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки  имконияти дар сатҳи баланд гузаштани таҷрибаомӯзиҳои таълимию технологӣ ва истеҳсолиро  таъмин менамоянд.

Барои дар сатҳи баланд гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ бастани шартномаҳои дутарафа  бо хоҷагиҳо ва муассисаҳои пешқадами ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад. Имрӯз тибқи шартномаҳои мазкур донишгоҳ  метавонад  қариб 2000  нафарро бо ҷойи таҷрибаомӯзӣ таъмин намояд. Дар ин самт солҳои охир аз ҷониби қисми таълим, садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳои алоҳида корҳои назаррас иҷро шудааст. Агар дар соли 2008-2010 миқдори шартномаҳои басташуда ҳамагӣ 150 - 180 адад бошад, имрӯз миқдори ин шартномаҳо ба  зиёда аз 300 расидааст. Барои амалӣ  намудани донишҳои назариявии гирифтаи донишҷӯён ва бо сифат гузаронидани машғулиятҳои амалӣ  ҳоло дар корхонаю ташкилот ва муассисаҳои илмӣ дар асоси шартномаи дутарафа  40 филиали кафедраҳо таъсис дода шудааст.