ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Шуъба ва бахшҳо

Бахши идоракунии сифати таҳсилот

 

 Ҷаборов Тавакал Ҷалилович-мудири бахши  идоракунии сифати таҳсилот

 

Бахши  идоракунии сифати таҳсилот мувофиқи фармоиши Ректори Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур аз 14.01.2017 с. № 03а ташкил карда шудааст, ки дар ҳайати  он  як  сардор дар ҳаҷми як воҳиди корӣ  ва   ду   методист дар ҳаҷми 0,5 воҳиди корӣ ва комиссияи доимамалкунанда дар ҳайати нуҳ нафар устодони донишгоҳ  фаъолият менамоянд.   

Фаъолияти бахш  дар асоси   низомнома  ва  нақшаи корӣ  ба роҳ монда шудааст, ки аз мониторинги сатҳи донишандӯзии  донишҷӯён  дар низоми таълим, баҳодиҳии   сифати дарсгузарии  устодон, истифодаи  технологияи муосир дар раванди таълим ва  сифати дарсдиҳии  устодон аз нигоҳи  донишҷӯён иборат  мебошад.

Инчунин  тибқи нақшаи кории бахши  идоракунии сифати таҳсилот, ҳар се моҳ ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   оид ба сатҳи дониши донишҷӯён ҳисобот супорида мешавад.