ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Шуъба ва бахшҳо

Шуъбаи бақайдгири ҳуҷҷатҳо

 

НОРОВА Майсара Ҷураевна-мудири шуъбаи бақайдгири ҳуҷҷатҳо

 

Шуъбаи бақайдгири ҳуҷҷатҳоба сохтори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил мешавад. Фаъолияти он дар асоси дастур ва амру фармонҳои ректори ДАТ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Муассисаи олии касбӣ сурат мегирад. Шуъба вобаста ба теъдоди кормандон ва ҳаҷми кор имрӯз дар ҳайати худ  коргузор, хаткашонро дорост. Вазифаҳои асосии шуъба аз ба роҳ мондану такмил додани коргузорӣ, ташкили дурусти ҳисоб ва бақайдгирии мактубҳо, назорати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо ва фармоишҳои мақомоти болоӣ, роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аризаю пешниҳодҳои шаҳрвандон, ташкилу дуруст ба роҳ мондани тарзи истифодабарии ҳуҷҷатҳо ва нигоҳдории маводи муҳлати истифодабариашон баитмомрасида иборатанд.

Мудири шуъба масъалаҳои коргузориро ба роҳ монда, аз дигар шуъбаҳои сохторӣ оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳо, пешниҳоду аризаҳои кормандон ҳисобот талаб менамояд, ба ректори ДАТ оид ба коргузорӣ ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳо маълумот пешниҳод намуда назоратӣ доимии онро таъмин менамоянд.