ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Шуъба ва бахшҳо

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо

 

 ТАҒОЕВА Муниса Асрорадиновна-сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо

 

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо, бахши басо масъули сохтори таълимгоҳ ба ҳисоб рафта, дар асоси Низомномаи он амал менамояд. Шуъба дар фаъолияти худ меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ, фармону фармоишҳои ректори донишгоҳро ба роҳбарӣ гирифта, мавриди иҷро қарор медиҳад.

Он дар ҷалби кадрҳои идоракунӣ, маъмурӣ, илмӣ, педагогӣ, муҳандисӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ҳамарӯза саҳмгузор аст. Ҳамзамон шуъба дар мустаҳкам намудани интизоми меҳнат ва риояи қонунгузорӣ дар ДАТ ҷаҳд менамояд. Роҳбарии шуъбаро  Ховренко Л.Н. солҳои 1995-2015, Тағоева М.А. аз 10.10.2015, то   ҳоло ба уҳда дорад.