Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Бахши аналитикӣ-иттилоотӣ

QOSIMOV BARAKAT

 

ҚОСИМОВ Баракатулло Кароматуллоевич-мудири бахши аналитикӣ-иттилоотӣ

Бахши аналитикӣ-иттилоотӣ ба сохтори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил шуда, фаъолияти он дар асоси Низомномаи бахш ва дастуру супоришҳои садорати ДАТ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Муассисаи олии касбӣ сурат мегирад.  Вазифаҳои асосии шуъба аз омода намудан ва коркарди оморӣ намудани маводҳо оид ба натиҷаи сессияҳои ҷорӣ, ҳисоботҳои даврагӣ, маълумотҳо оид ба теъдод, барқарор ва хориҷи донишҷӯён, соли қабул, хатм, соли таваллуд, минтақаҳои онҳо ва маълумотҳо оид ба ҳайати омӯзгорон иборат буда, ба ректори ДАТ, муовинони ректор, сардори раёсати таълим ва мониторинги сифат вобаста ба талабот маълумот пешниҳод намуда, маводҳо доимо дар азнавкунӣ ва коркард мебошанд.

Ҳоло дар бахши аналитикӣ-иттилоотӣ Қосимов Баракатулло Кароматуллоевич ба ҳайси мудири бахш фаъолият менамоянд, ки барои саривақтӣ пешниҳод намудани маълумотҳои оморию таҳлилӣ оид ба раванди таълим кӯшиш менамоянд.