Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Бахши идоракунии сифати таҳсилот

ҲАЙДАРОВ Зикриёхон Ёқубович-мудири бахши  идоракунии сифати таҳсилот 

Бахши идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо фармоиши ректори Донишгоҳ аз 14.01.2017, №03А таъсис дода шудааст. Ҳайати  он аз мудири бахш, дар ҳаҷми як воҳиди корӣ  ва   3  методист, ҳар кадом дар ҳаҷми 0,5 воҳиди корӣ ва комиссияи доимоамалкунанда дар ҳайати 9 нафар омӯзгорони донишгоҳ, иборат мебошад.

Аввалин мудири бахши идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур номзади илми кишоварзӣ, дотсент Ҷабборов Т.Ҷ. мебошанд.

Фаъолияти бахш  дар асоси   Низомномаи он, ки аз тарафи Шӯрои олимони ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур аз 28.08.2017 тасдиқ гардидааст,  ба роҳ монда шудааст. Ҳамасола нақшаи кории бахш мураттаб ва тасдиқ мегардад, ки дар он раванди мониторинги сатҳи донишандӯзии  донишҷӯён  дар низоми таълим, баҳодиҳии сифати дарсгузарии  устодон, истифодаи  технологияи муосир дар раванди таълим, мониторинги баҳои сифати дарси омӯзгор аз нигоҳи донишҷӯ, татбиқи рейтинги ҳайати профессору омӯзгорони донишгоҳ ба нақша гирифта шуда, тибқи тартиб амалӣ карда мешавад.

Дар асоси нақшаи кории бахши  идоракунии сифати таҳсилот ҳар семоҳа ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сатҳи дониши донишҷӯён ҳисобот супорида мешавад.