Мудири дармонгоҳи донишгоҳ
АМИНҶОНОВА Муҳарамма Ҷалоловна-мудири дармонгоҳи донишгоҳ
Дармонгоҳ фаъолиятро барои беҳтар намудани кори муассиса, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ташхис ва муолиҷаи беморон, пешгирии беморӣ, амалӣ намудани «Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ», расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола равона карда шудааст. Аз тарафи дармонгоҳ чунин корҳои табобатию пешгирикунӣ иҷро карда мешавад: қабули беморон, аз назар гузаронидани донишҷӯёни курси 1 - ум, баъд аз муоина беморонро ба қайди диспансерӣ гирифтан ва табобати онҳо, хондани лексияҳо.
Кормандони дармонгоҳ оид ба мавзуъҳои зерин байни донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд: норасоии масунияти бадан (ВИЧ СПИД); нашъамандӣ; гепатит В.С.; бемории сил; домана; вараҷа; тамокукашӣ ва зарари он; гигенаи шахсӣ; чорабиниҳо ва пешгирии беморҳои сироятӣ ва ғайраҳо.
Дармонгоҳи донишгоҳ аз соли 1960 то имрӯз фаъолият дорад, он ба донишҷӯён, устодон ва кормандон хизматрасонии тиббӣ мерасонад. Аввалин сардухтури ин дармонгоҳ Сухароева А. П., (духтури ҷарроҳ) буданд. Аз соли 1974 то соли 2013 роҳбарии дармонгоҳро Сидиқова Д.С. ба уҳда дошт. Аз соли 2013 то ин ҷониб роҳбарии дармонгоҳро Аминҷонова Муҳарамма Ҷалоловна ба уҳда дорад.