ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Шуъбаи дафтардорӣ

Шуъбаи дафтардорӣ ,ба сохтори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил мешавад, фаъолияти он дар асоси дастур ва амру фармонҳои ректори ДАТ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Муассисаи олии касбӣ сурат мегирад.

Шуъба вобаста ба теъдоди кормандон ва ҳаҷми кор имрӯз дар ҳайати худ котиба мошиннавис, бойгониро дорост.

Вазифаҳои асосии шуъба аз ба роҳ мондану такмил додани коргузорӣ, ташкили дурусти ҳисоб ва бақайдгирии мактубҳо, назорати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо ва фармоишҳои мақомоти болоӣ, роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аризаю пешниҳодҳои шаҳрвандон, ташкилу дуруст ба роҳ мондани тарзи истифодабарии ҳуҷҷатҳо ва нигоҳдории маводи муҳлати истифодабариашон ба итмом расида иборатанд.

Мудири шуъба масъалаҳои коргузориро ба роҳ монда, аз болои кори бойгонӣ  назорат бурда,  аз  дигар шуъбаҳои сохторӣ оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳо, пешниҳоду аризаҳои кормандон ҳисобот талаб менамояд, ба ректори ДАТ оид ба коргузорӣ ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳо маълумот пешниҳод намуда, ба сохторҳои дигари донишгоҳ оид ба коргузорӣ кӯмаки методӣ мерасонад.

Мудири шуъба доир ба такмили ҳуҷҷатнигорӣ, ворид сохтан ва истифода бурдани технологияи нав дар шуъба пешниҳодҳои мушаххас намуда, ба такмили ихтисоси кормандони шуъба мусоидат карда, оид ба вазифаҳои хидматии кормандон дастурҳо таҳия месозад.