ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Шуъбаи кадрҳо

Шуъбаи кадрҳо, бахши басо масъули сохтори таълимгоҳ ба ҳисоб рафта, дар асоси Низомномаи он амал менамояд. Шуъба дар фаъолияти худ меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ, фармону фармоишҳои ректори донишгоҳро ба роҳбарӣ гирифта, мавриди иҷро қарор медиҳад.

Он дар ҷалби кадрҳои идоракунӣ, маъмурӣ, илмӣ педагогӣ, муҳандисӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ҳамарӯза саҳмгузор аст. Ҳамзамон шуъба дар мустаҳкам намудани интизоми меҳнат ва риояи қонунгузорӣ дар ДАТ хизмати босазое карда истодааст.

Роҳбарии шуъба ба уҳдаи Ховренко Людмила Николаевна гузошта шудааст (аз 01.08.1995, то   ҳоло).