ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Шуъбаи кор бо ҷавонон

Шуъбаи кор бо ҷавонон,фаъолияти хешро аз соли 1992 оғоз кардааст. Нахустин сарвари шӯьба Наҳтулло Назаров корро дар асоси  низомномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мактаби олӣ ва қарорҳои Шӯрои илмии донишгоҳ, супоришу фармонҳои ректори донишгоҳ ва муовинони он ба роҳ монда, дар ташаккул ва тарбияи зеҳнӣ ва ахлоқии ҷавонон саҳми арзанда мегузорад.

Ҳадаф ва мақсади шуъба дар амалӣ гардонидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба сиёсати давлатии ҷавонон", санадҳои меъёрии донишгоҳ оид ба масъалаи донишҷӯён ва иқтидори эҷодии онҳо ифода меёбад. Такя намудан ва ба шуъбаи илми донишгоҳ пешниход намудани барнома ва лоиҳаҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани  шароити зиндагии донишҷуён дар хобгоҳ, барқарор намудани робитаҳои дӯстиву ҳамкории донишҷӯён бо дигар ташкилотҳои марбут бо ҷавонон, саҳмгузорӣ дар фарҳангу маданият ва эҷодиёти донишҷӯён аз самтҳои асосии фаъолияти шӯъба ба шумор меравад.

Ҳимоя намудани ҳуқуқҳо, омӯзиш ва ба низом даровардани пешниҳодҳои донишҷӯён, дасгирии барномаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тарбиявии донишҷӯён ва ташкилотҳои онҳо, гузаронидани вохӯриҳо, семинарҳои машваратӣ ва илмӣ, фестивалҳо, конфронсҳо, ҷалб намудани фондҳои гуногун ва идрорпулиҳо ба барномаҳои донишҷӯён аз вазифаҳои аввалиндараҷаи шӯъба мебошад.

Дар донишгоҳ ба шарофати истиқлолияти кишвар Шуъбаи кор бо ҷавонон солҳои зиёдест, ки фаъолияти пурсамари меҳнатиро анҷом медиҳад. Бояд тазаккур дод,ки мудирони шӯъба дар пешбурди  фаъолияти худ мавқеи хосса дошта, аз дониш ва малакаи хеш баҳри пешрафти кор дар ин самт саҳми худро мегузоранд.

Тӯли солҳои мавҷудият шӯъбаи кор бо ҷавонони ДАТ, ҷавонони донишманд ва болаёқати донишгоҳ ба шӯъба роҳбарӣ намудаанд. Аз  соли  2007  ин  ҷониб  ба шӯъбаи  кор  бо  чавонони ДАТ , Ёқубҷон Уроқов  сарварӣ намуда истодааст, ки пешрафти кори шӯъба бевосита ба кордонии ӯ вобастагии зич дорад.