ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Шуъбаи муҳосибот ва банақшагирӣ

Шуъбаи муҳосибот ва банақшагирӣ, бо назардошти сол аз сол афзудани теъдоди омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён дар заминаи шӯъбаи ҳисобдорӣ ташкил шуда, тобеи бевоситаи ректори таълимгоҳ мебошад.

Таҳияи буҷети ягонаи хароҷоти солона, иҷрои сифатноки қисми даромади он, самаранок ва мақсаднок истифода намудани бандҳои хароҷоти сметавӣ, инвентаризатсияи молу ашё, таҷҳизот, воситаҳои асосию гардишӣ ва нигоҳдорию дуруст истифода намудани он аз вазифаҳои муҳими шӯъба ба ҳисоб мераванд.