ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Қисми таълим

Корҳои таълимию методиро дар донишгоҳ қисми таълим тавассути  банақшагирӣ, ташкил, мониторинг, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълим ва назорати сифати таълим ба роҳ мемонад.

Фаъолияти қисми таълим барои тадбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳуриявии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, ки ҳама мазмуну мундариҷаи ҷараёни сифати таълимро инъикос менамоянд, нигаронида шудааст.

Дар сохтори  қисми таълим Шӯрои методӣ, раёсати таълим ва мониторинги сифат, шуъбаи таълиму методӣ, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, шуъбаи роҳнамои касбӣ ва тайёрӣ ба мактаби олӣ, бахши аналитикӣ-иттилоотӣ,  маркази  бақайдгирӣ ва машаваратӣ ва бахши идоракунии сифати таҳсилот амал менамоянд.

Ҷараёни таҳсил дар шуъбаи рӯзона аз рӯи дараҷаи бакалавриат (чорсола), мутахассис (панҷсола), магистратура (2 сола) ва доктор PhD  аз рӯйи ихтисос   (3 сола) тибқи низоми таҳсилоти кредитӣ  сурат мегирад. Дар шуъбаи ғоибона донишҷӯён ба таври анъанавӣ ҳамчун  мутахассис (курсҳои 4 6), курси 3 тибқи низоми кредитӣ ва курсҳои 1-2 дар шакли  таҳсилоти фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Қисми таълим фаъолияти худро барои нақшагирӣ, ташкил, мониторинг, ҳамоҳангсозии фаъолитяи таълим ва назорати сифати таҳсил мутобиқ ба талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи стандартҳои давлатии таълимии маълумоти олии касбии ҶТ оид ба ихтисосҳои мансуби донишгоҳ равона кардааст.

Муайян кардани самтҳои асосии такмили самаранокӣ, таҳияи таснифоти номгӯи тахассусҳо, таҳияи лоиҳаи нақшаҳои кори таълим, ҷадвалҳои раванди таълим,  хулосаҳои ҳисоботӣ оид ба натиҷаи сессияҳои санҷишу имтиҳон ва аттестатсияи  хатм, коркарди тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим, такмили сифати таълим ва тадбиқи тадриҷии низоми таҳсилоти кредитию фосилавӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ ва садорати факултетҳо оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ самтҳои афзалиятноки кори яке аз сохторҳои  ин қисм, яъне раёсат ва шуъбаи таълимро ташкил медиҳад.

Шӯрои илмию методӣ, ки ба кори он муовини  ректор оид ба таълим сарварӣ менамояд, ба сифати маҳфили бузурги  илмию  педагогӣ ба ҳайати худ омӯзгорону донишмандони навҷӯю соҳибтаҷрибаро  гирд оварда, ҷараёни таълим ва сифату  самаранокии онро бо таъмини методии раванди машғулиятҳои  дарсӣ, ҳамвора мавриди муҳокима қарор медиҳад. Барномаҳои таълимӣ (силлабусҳо), дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсии донишгоҳӣ баъд аз баррасию тавсияи ин Шӯро интишор мешаванд.

Дар доираи корҳои Шӯрои илмию методӣ ва талаботҳои низомномаҳои  нави тасдиқгардида  қисми таълим тайи солҳои охир якчанд маротиба  лоиҳаи «Талаботи ҳадди аққали мазмуну мундариҷаи Стандарти давлатии  таълимии маълумоти олии касбии ҶТ оид ба ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ», нақшаҳои таълимии шакли таҳсили рӯзона,  ғоибона, таҳсилоти фосилавӣ, таҳсилоти дуюми олии касбӣ, нақшаҳои таълимии дараҷаҳои академии бакалавр,  мутахассис,  магистратура ва  доктор PhD аз рӯйи ихтисос  таҳия ва аз ҷониби  Вазорати маориф ва илми  ҶТ тасдиқ  карда шуданд.

Беҳтар гардидани пойгоҳи моддию техникии ин махзани маърифатро метавон яке аз нишондодҳои пешрафти донишгоҳ  шуморид. Донишкада (ДАТ) соли 1931 дар шаҳри Хуҷанд бо як бинои таълимӣ фаъолият дошт, имрӯз бошад таълим дар 13 бинои таълимӣ фарогир мебошад. Таъмини тадриҷии пойгоҳи моддию техникӣ ба афзудани теъдоди ихтисосҳо, кафедраҳо ва факултетҳо мусоидат намуд. Дар солҳои 30-ум донишгоҳ нарасидани мутахассисонро аз ҳисоби омӯзгорони донишгоҳҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ таъмин менамуд.

Агар дар соли хониши 1931-1937 дар  19 кафедраи мавҷуда 32 нафар омӯзгорони штатӣ (2 нафар омӯзгори соҳибунвон, номзад ва дотсент) барои тадриси донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос фаъолият намуда бошанд, пас дар соли таҳсили 2018-2019 ин нишондиҳанда дар 49 кафедраи амал-кунанда ба 416 нафар омӯзгорони штатӣ расид, ки аз ҷумлаи онҳо 6 нафар академики АИКТ, 7 нафар узви вобастаи АИҶТ ва  АИКТ, 46 нафар доктори илм, 57 нафар профессор, 142 нафар номзади илм мебошанд.

Раёсати донишгоҳ барои иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ оид ба таъмин намудани муҷтамеи агросаноатии кишвар бо мутахассисони баландпояи замонавӣ тамоми тадбирҳои заруриро  меандешад, аз он ҷумла, агар то соли 1991   дар донишгоҳ танҳо аз рӯи 10 ихтисос мутахассис тайёр  мекарданд, аз соли 1992 то соли 2001 10 ихтисос: барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ, сохтмони иншооти гидротехникӣ, селексия ва генетикаи зироатҳои  кишоварзӣ, заминсозӣ, ташкили хоҷагиҳои фермерӣ (дехқонӣ), механиконии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавот, маркетинг дар сектори аграрӣ, ҷангалпарварӣ ва технологияи истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ (чорводорӣ), аз соли 2002 то соли 2010  боз 11 ихтисоси дигар: молия ва қарз (дар КАС), идоракунӣ дар сектори аграрӣ, пиллапарварӣ, агроэкология, истифодабарии комплексӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ, занбӯриасалпарварӣ, беҳдошти ветеринарӣ, моҳипарварӣ, парранда-парварӣ, бунёди чаманзор, геодезия  кушода шуданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми маърӯзаи худ ба муносибати 80-солагии ДАТ (8 октябри соли 2011) иброз доштанд, ки: “Нақшу вазифаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дар давраи соҳибистиқлолӣ беш  аз пеш меоафзояд, зеро он яке аз ҷузъҳои муҳиму таркибии таъминкунандаи сиёсати аграрии мамлакат буда, бояд нерӯи зеҳнии худро ҳарчӣ бештар ба ин самт равона намояд”.  Ҳамзамон дастур дода шуд, ки   ҳамчун таҷриба дар ин донишгоҳ вобаста ба талаботи имрӯзаи истеҳсолот ҷорӣ  намудани ихтисосҳои васеъсамт ба маврид аст. Бо мақсади иҷрои ин дастур, раёсати донишгоҳ  7 ихтисоси ҳамгиро  (агрономӣ –менеҷмент,  агрономи боғпарварӣ -иқтисодиёт, зоотехнология- менеҷмент, муҳандисии мошинсозӣ -менеҷмент, беҳдошти замин - менеҷмент, ветеринария – фармасевт, технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ – иқтисодиёт) ташкил намуд, ки баъди хатм мутахассисони ихтисосҳои мазкур соҳиби ду касб мегарданд. Соли 2015 раёсати донишгоҳ бо назардошти талаботи истеҳсолоти муосири кишоварзӣ 5 ихтисоси нави бакалавр (географияи низомҳои геоиттилоотӣ, технологияи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, метрология, стандартикунонӣ ва сертификат ( дар комплекси аграрӣ-саноатӣ), тиҷорат дар комплекси агросаноатӣ, ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ) ва 2 магистратураи байналмиллалӣ (география (низомҳои геоиттилоотӣ),  технологияи  таъмини сифат ва  бехатарии маҳсулоти ғизоӣ)  барои  пешбурди фаъолияти таълимӣ таъсис намуд.

Моҳи апрели соли 2017 донишгоҳ аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Аттестатсияи навбатии давлатӣ гузашта, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28.04.2017, №5/7) ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 05.05.2017, №1586)  соҳиби “Иҷозатнома” оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ (АУ №0002271) то 05.05. соли 2022  (аз 05.05.2017, №2875) гашт. Мувофиқи замимаи  Иҷозатномаи мазкур ба донишгоҳ барои  46 ихтисоси бакалавр (3 ихтисоси нав – 1-74060302-Бехатариии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот, 1-74020306-Пешгӯӣ ва огоҳии организмҳои заррарасон ва 1-74020101- Марғзорпарварӣ (чарогоҳпарварӣ)), 35 ихтисоси магистр (2 ихтисоси нав – 74020101-Марғзорпарварӣ (чарогоҳпарварӣ) ва 1-75010101-Илми ҷангалпарварӣ ва ҷангалпарварӣ),  27 ихтисоси доктор PhD, 13 ихтисоси докторантура, 17 курсҳои  кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва  2 курсҳои кӯҳтоҳмуддати бозомӯзӣ (такмили ихтисоси устодону кормандон ва кадрҳои КАС)  иҷозат дода шуд.  Қабул ба 3 ихтисоси нави бакалавр ва 2 ихтисоси нави магистр аз соли хониши 2018-2019 оғоз гардид. Дар давоми 28 соли Истиқлолияти давлатӣ номгӯи ихтисосҳои донишгоҳ аз 10 ба 46 расид.

Дар асоси фармони Вазорати маорифи ҶТ № 923 аз 04.07.2007   дар бораи "Гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ" ва бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ (суратҷаласаи № 1 аз 28.09.с.20007) аз с/х 2006-2007 ихтисоси 25010715 (0620) - "Идоракунӣ дар КАС" пурра ба низоми кредитии таҳсилот (НКТ) гузаронида шуд. 

Барои давра ба давра гузаштан ба ин низом аз ҷониби факултетҳо барномаҳои  кории фаннӣ (силлабусҳо) вобаста ба фанҳои таълимии нимсолаҳо тайёр карда шудаанд.

Донишгоҳ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №254 аз 29.04.2009  «Дар бораи  тасдиқи Барномаи давлатии рушди маорифи Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» ва фармони  вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №923 аз 04.07.2007 дар бораи «Гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ”  дар соли хониши 2011-2012 бо назардошти пойгоҳи моддӣ - техникии донишгоҳ ва ҳуввияти миллии донишҷӯён низоми таҳсилоти кредитии хосро барои тамоми ихтисосҳои роиҷи  донишгоҳ роҳандозӣ намуд. Ҳоло тамоми курсҳои таҳсили рӯзона ва курси сеюми таҳсили ғоибона пурра тибқи низоми кредитии таҳсилот ва курсҳои як ва дуӣ шуъбаи ғоибона бо низоми фосилавӣ таҳсил менамоянд.

Ҳамасола, барои устодон курсҳои омӯзишӣ оид ба раванди амалишавии низоми таҳсилоти кредитӣ, низоми таҳсилоти фосилавӣ,  азбар намудани технологияи иттилоотӣ ва доскаи электронӣ, имлои забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ба танзим даровардани ҳуҷҷатгузориҳо ва азхудкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузаронида мешавад. Соли таҳсили 2018-2019 низ бо дастур ва нақшаи тасдиқ  кардаи ректори донишгоҳ  дар  моҳи октябри (аз 15 то 20 октябр) соли 2018 курси омӯзишӣ барои устодоне, ки дар нимсолаи аввал ба донишҷӯёни соли аввали ғоибонаи таҳсили фосилавӣ  ва худи донишҷӯёни соли аввал дар самти “Истифодаи технологияи муосир дар таҳсилоти фосилавӣ”, инчунин дар давраи таътили  зимистонаи  донишҷӯён аз 07.01. то 26.01.2019 барои устодони донишгоҳ  силсила омӯзишҳо  аз ҷумлаи “Санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, риоя ва татбиқи онҳо дар раванди ҳуҷҷатгузориҳо ва корбарӣ” (  07.01 - 12.01.2019), “Истифодаи технологияи муосир дар ҷараёни таълим” (07.01 - 12.01.2019), “Услуби гузаронидани дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва КМРО” ( 14.01 - 19.01. 2019), ва “Такмили раванди таълими фосилавӣ, омода ва ҷойгир намудани маводҳои таълимӣ дар сомонаи фосилавӣ” (21.01 – 26.01.2019) ташкил ва гузаронида шуд.  Бовари дорем, ки ин силсила омӯзишҳои гузаронида шуда ба амалишавии низоми таҳсилоти кредитӣ, низоми таҳсилоти фосилавӣ, баланд шудани сифати таълим ва донишазхудкунии донишҷӯён  дар донишгоҳ мусоидат хоҳад намуд.

Имрӯз барои истифодаи самарабахши омӯзгорону унвонҷӯён ва босифат гузаштани машғулиятҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯёни донишгоҳ 13 бинои таълимӣ,  204 синфхона, 67 озмоишгоҳи таълимию илмӣ, 18 озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ, 15 маркази компютерӣ, 3 маркази интернетӣ  ва 2 хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи  Ёвон хизмат менамоянд. Инчунин, барои пешбурди раванди таълим теъдоди зиёди воситаҳои техникӣ – иттилоотӣ мавриди истифода карор дода шуданд. Дар айни замон 780 компютер, 156  принтер, 66 телевизори калонҳаҷм, 48 проектор, 27 тахтаи электронӣ ва дигар воситаҳои техникии ёрирасон дар раванди таълим истифода карда мешаванд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки бо мақсади амалӣ намудани Барномаи Ҳукумати электронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ тамоми фаъолият дар муҳосибот ба таври электронӣ амалӣ мешаванд ва теъдоди нуқтаҳои Интернетӣ дар соли 2018 ба 250 адад расонида шуд. Ҳоло раёсати донишгоҳ бо тамоми зерсохторҳо, аз ҷумла бо қисмҳои таълим, илм ва иннноватсия, фарҳангу тарбия, робитаҳои байналмилалӣ, Маркази такмили ихтисоси кормандони КАС, иқтисоду хоҷагидорӣ, раёсатҳо, шуъбаҳо, марказу бахшҳо, садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳо бо интернет пайваст буда, коргузориро бо таври электронӣ ба роҳ мондааст.

Раёсати донишгоҳ доимо барои мустаҳкам намудани пойгоҳи таълимӣ ва таъсису муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳои илиию таълимӣ бо таҷҳизоти муосир талош меварзад. Танҳо дар соли сипаришуда (соли 2018)  дар донишгоҳ 4  озмоишгоҳи нави замонавии таълимӣ аз фанҳои химия-2 адад, физика, биология ва озмоишгоҳи муосири илмӣ-таълимии “Истеҳсоли хӯроки чорво” бунёд карда  шуд. Озмоишгоҳи микробиологияи факултети тибби ветеринарӣ бо микроскопҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти замонавии электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ҳамзамон аз ҳисоби имкониятҳои дохилии биноҳои таълимии донишгоҳ 6 адад синфхонаи нав ба раванди таълим ҳамроҳ гардид.

Таҳсили донишгоҳӣ  ба тарзи рӯзона ва ғоибона бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷараён дорад. Вобаста ба эхтиёҷоти хоҷагии қишлоқи кишвар ва фармоишҳои давлатӣ теъдоди донишҷӯён зиёд гардида, ихтисосҳо ва тахассусҳои нав, ки талаботи бозори меҳнатро қонеъ мегардонанд, кушода шуданд. Афзудани шумораи донишҷӯёнро ба таври интихобӣ чунин баён кардан мумкин аст: дар соли таҳсили 1931-1932 336 нафар (бо назардошти факултети коргарӣ) ва дар соли таҳсили 2018-2019 9311 нафарро ташкил додааст, ки аз он 7156 нафар дар шуъбаи рӯзона (аз он ҷумла  6976  нафар бакалавр, 141 нафар магистр ва 39 нафар доктор PhD) ва 2155 нафар дар шуъбаи ғоибона мебошанд.

Ҷараёни таълим дар шуъбаи рӯзона аз рӯи 3 нақшаи таълимӣ сурат мегирад. Нақшаи таълимӣ барои  донишҷӯёни  курсҳои 4-5, ки як кредит ба 16 соат баробар аст ва нақшаи таълимии нав барои донишҷӯёни курси 1,  нақшаи таълимӣ барои донишҷӯёни солҳои 2-3 и шуъбаи рӯзона . Инчунин донишҷӯёни шуъбаи ғоибона  низ аз рӯйи 3 нақшаи таълимӣ, ки курсҳои 1 ва 2 ба тарзи фосилавӣ, курси 3 бо тарзи кредитӣ, ки як кредит - 24 соат аст ва курсҳои 4-6 тибқи нақшаи анъанавӣ  таҳсил менамоянд.   Ҳамчунин аз рӯйи як нақшаи таълим  дар  магистратура ва докторантура, ки  аз рӯи низоми кредитӣ ба таҳсил  фарогиранд.

Дар шуъбаи ғоибона  аз рӯйи чор  нақшаи таълимӣ-нақшаи таълимии анаънавӣ, низоми таҳсилоти кредитӣ,  таҳсилоти  фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ омӯзиш ба роҳ монда шудааст.

Дар шароити имрӯза мутахассиси соҳаи кишоварзӣ бояд аз технологияи муосир огоҳ буда, роҳбари ихтисосноки хоҷагиҳои иҷоравӣ, фермерӣ ва ҳамчун мутахассис таҳлили агрономию иқтисодӣ ва банақшагирии соҳаи худро анҷом дода тавонад. Дар ин маврид  мақоми  таҷрибаомӯзиҳо, алалхусус таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ барои мустаҳкам ва мукаммалшавии донишҳои амалию назариявии донишҷӯ, идоракунӣ ва ташкили босуботи истеҳсолот дар  шароити хоҷагии маъмул аҳамияти калон дорад.

Хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии донишгоҳ - «Ҳисор»-и шаҳри  Ҳисор омода аст, ки миқдори муайяни донишҷуёнро аз рӯи ихтисосҳои агрономӣ, боғдорӣ, зооветеринарӣ, муҳандисӣ ва иқтисодӣ қабул намояд. Дар ҳудуди ин хоҷагӣ машқгоҳи  таълимии донишгоҳ бо иқтидори қабули 25-30 нафар донишҷӯ дар як вақт ва техникаи зарурӣ, синфхонаҳои таълимӣ, лабораторияҳо (хокшиносӣ, ихтиология), ҳавзи моҳӣ ва қитъаҳои таҷрибавӣ мавҷуд мебошад. Дар пойгоҳи хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии «Ҳисор» якчанд озмоишгоҳҳо ва фермаи ширию молии КВТТ «Ҳисор» барои гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯёни факултетҳои зооинженерию тибби ветеринарӣ, озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳо барои дарсхонӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки  имконияти дар сатҳи баланд гузаштани таҷрибаомӯзиҳои таълимию технологӣ ва истеҳсолиро  таъмин менамоянд.

Барои дар сатҳи баланд гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ бастани шартномаҳои дутарафа  бо хоҷагиҳо ва муассисаҳои пешқадами ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад. Имрӯз тибқи шартномаҳои мазкур донишгоҳ  метавонад  қариб 2000  нафарро бо ҷойи таҷрибаомӯзӣ таъмин намояд. Дар ин самт солҳои охир аз ҷониби қисми таълим, садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳои алоҳида корҳои назаррас иҷро шудааст. Агар дар соли 2008-2010 миқдори шартномаҳои басташуда ҳамагӣ 150 - 180 адад бошад, имрӯз миқдори ин шартномаҳо ба  зиёда аз 300 расидааст. Барои амалӣ  намудани донишҳои назариявии гирифтаи донишҷӯён ва бо сифат гузаронидани машғулиятҳои амалӣ  ҳоло дар корхонаю ташкилот ва муассисаҳои илмӣ дар асоси шартномаи дутарафа  40 филиали кафедраҳо таъсис дода шудааст. 

Ҳамзамон, тибқи созишномаҳои басташудаи тарафайн ва тавассути амалисозии лоиҳаҳо бо барномаву муассисаҳои таълимиву илмӣ ҳамасола 50-70 нафар омӯзгор, аспирантону магистрон  ва  40-50 нафар донишҷӯёни донишгоҳ имкон пайдо мекунанд, ки ба мамлакатҳои қитъаҳои Аврупою  Осиё  сафарҳои илмӣ, коромӯзӣ, такмили ихтисосро анҷом дода, бо усулҳои муосири таълиму тарбия, истифодаи технология ва таҷҳизоти навин дар тадқиқотҳои илмӣ, низоми бисёрзинагии таълим шинос гардида, онро дар фаъолияти илмиву омӯзгории худ истифода  ва  мавриди омӯзиши дигарон қарор  диҳанд.

Ҳоло донишҷӯёну магистрон ва докторон аз рӯйи ихтисос  дар раванди таълим аз дарсҳои устодони варзида Салимзода А.Ф., Мирзоев Д.М., Аҳмадов Ҳ.М., Набиев Т.Н., Гулов С.М., Ғаффоров А.Қ., Сардоров М.Н., Шарипов З.Р., Нимадҷонова К.Н., Мадаминов А.А., Муҳиддинов С.М., Норов М.С.,Идрисов Т.Ч., Маҳмадёрзода У.М., Исмоилов М.И., Пиризода Ҷ.С., Раҷабов Ф.М., Сафаров Х.С., Рӯзиев Т.Б., Шамсиев А.Г., Қодиров Қ.Ғ., Икромов И.И., ки ҳар яке дорои мактаби бузурги илмию омӯзгорӣ мебошанд, истифода менамоянд. Натиҷаи заҳмату талошҳо  ва навовариҳои илмию методии омӯзгорон ба сатҳи  донишандӯзии донишҷӯён таъсири мусбат расонида, сифати  таълимро тадриҷан  беҳтар   мегардонад.

Донишҷӯён рисолаи хатм ва  магистриро зери роҳбарии омӯзгорони ботаҷриба  навишта  ва дар ҳузури Комиссияи аттестатсияи хатм дифоъ мекунанд.

Исбот гардидааст, ки дар замони муосир пешрафти  иқтисодии ҳар як кишвар аз сатҳи фаъолият ва дараҷаи тарбияи кадрҳо дар мактаби олӣ вобастагии зиёд дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф  ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи Интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад. Бо дар назардошти ин,  раёсати  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур  ба  рушди босуботи  донишгоҳ  диққати  ҳамаҷониба  дода, барои ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмиллалии таҳсилот тамоми имкониятҳои худро истифода менамояд.

Яке аз роҳҳои ҷалби ҷавонон барои таҳсил  дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, қабули духтарон ва писарони лаёқатманди деҳоти дурдасти мамлакат тибқи саҳмия (квота)- и  Президенти ҶТ мебошад. Ин тарзи қабули духтарон ба ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ аз соли 1997 шурӯъ шуда, то ҳол  амал мекунад.

Дар донишгоҳ  тибқи квотаи Президентӣ  269 донишҷӯ таҳсил менамояд, ки аз онҳо 46  нафар  духтарон  мебошанд. Дар байни духтарон ва писарони бо квотаи Президентӣ таҳсилкунанда онҳое ҳастанд, ки дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Дар солҳои гуногун устодон Қосимов Ҷ. Қ. (09.1960-05.1973), Эшонов И. (06.1973-11.1975), Мадаминов А.А. (12.1973-09.1989), Эшонов И. (10.1982-11.1986), Ризоев А. Б. (12.1986-08.1995), Нимадҷонова   К.Н. (1995-1999), Сардоров М. Н. (1999-2002), Гулов  С. М. (05.2002-01.2009), Салимзода А. Ф. (01.2009-12.2013) ба ҳайси муовини ректор оид ба таълим ифои вазифа намудаанд. Дар айни замон ин вазифаро Маҳмадёрзода У. М.  аз 16.12.2013 ба зимма дорад.