ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Раёсати таълим ва мониторинги сифат

Дар соли таҳсили 2017 -2018 дар сохтори донишгоҳ тағйирот ворид карда, раёсати таълим ва мониторинги  сифат таъсис дода шуд. Ин тағйирот ба Оинномаи донишгоҳ ворид карда шуда, Оиннома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 01 августи соли 2018 таҳти рақами 376 тасдиқ гардидааст.  

Аз давраи таъсисёбии раёсати таълим ва мониторинги сифат (январи соли 2018)  роҳбарии онро д.и.б., профессор Исмоилов М.И. ба  уҳда дорад.

Дар сохтори раёсати таълим ва мониторинги  сифат шуъбаи таълиму методӣ, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон (сардораш Сагдиева Г.М.), шуъбаи роҳнамои касбӣ ва тайёрӣ ба мактаби олӣ, бахши аналитикӣ-иттилоотӣ (мудири бахш Пиров Д.),  маркази  ба-қайдгирӣ ва машаваратӣ  (директораш Шакаров Н.Ҷ.) ва бахши идоракунии сифати таҳсилот (мудири бахш Ҷабборов Т.Ҷ.)  фаъолият  менамоянд.

Раванди иҷрои корҳои таълимию методиро дар донишгоҳ раёсати таълим ва мониторинги сифат  тавассути  банақшагирӣ, ташкил, мони-торинг, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълим ва назорати сифати таълим ба роҳ мемонад.

Фаъолияти раёсати таълим барои татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳуриявии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, ки мазмуну мундариҷаи ҷараёни  сифати таълимро инъикос менамояд, нигаронида шудааст.

Ҷараёни таҳсил дар шуъбаи рӯзона аз рӯи дараҷаи бакалавриат (чорсола) ва барои ихтисосҳои ҳамгиро 5-сол, мутахассис (панҷсола), магистратура (2 сола) ва доктор PhD  аз рӯйи ихтисос   (3 сола) тибқи низоми таҳсилоти кредитӣ  сурат мегирад. Дар шуъбаи ғоибона дониш-ҷӯён ба таври анъанавӣ ҳамчун  мутахассис (курсҳои 4-6), курси 3 тибқи низоми кредитӣ ва курсҳои 1-2 дар шакли  таҳсилоти фосилавӣ (дар соли таҳсили 2018- 2019)  ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Муайян кардани самтҳои асосии такмили самаранокӣ, таҳияи таснифоти номгӯи тахассусҳо, таҳияи лоиҳаи нақшаҳои кори таълим, ҷадвалҳои раванди таълим,  хулосаҳои ҳисоботӣ оид ба натиҷаи сессияҳои санҷишу имтиҳон ва аттестатсияи  хатм, коркарди тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим, такмили сифати таълим ва татбиқи тадриҷии низоми таҳсилоти кредитию фосилавӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ ва садорати факултетҳо оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ ва омӯзгорӣ барои магистрон самтҳои афзалиятноки кори раёсат ва шуъбаи таълимро ташкил медиҳад.

Шӯрои илмию методӣ  ба ҳайати худ омӯзгорону донишмандони навҷӯю соҳибтаҷрибаро  гирд оварда, дар ҳамоҳангӣ бо раёсати таълим  ҷараёни таълим ва сифату  самаранокии онро бо таъмини методии раванди машғулиятҳои  дарсӣ, ҳамвора мавриди муҳокима қарор медиҳад. Барномаҳои таълимӣ (силлабусҳо), дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсии донишгоҳӣ баъд аз баррасию тавсияи ин Шӯро интишор мешаванд. Дар доираи корҳои Шӯрои илмию методӣ ва талаботҳои низомномаҳои  нави тасдиқгардида  раёсати  таълим ва зерсохторҳои он дар ҳамкорӣ бо садорати факултетҳо тайи солҳои охир якчанд маротиба  лоиҳаи «Талаботи ҳадди аққали мазмуну мундариҷаи Стандарти давлатии  таълимии маълумоти олии касбии ҶТ оид ба ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ», нақшаҳои таълимии шакли таҳсили рӯзона,  ғоибона, таҳсилоти фосилавӣ, таҳсилоти дуюми олии касбӣ, нақшаҳои таълимии дараҷаҳои академии бакалавр, мутахассис, магис-тратура ва  доктор PhD аз рӯйи ихтисос  таҳия ва аз ҷониби  Вазорати маориф ва илми  ҶТ тасдиқ  карда шуданд.

         Раёсати таълим дар соли таҳсили 2018-2019 бо  49 кафедраи амал-кунанда, ки дорои  416 нафар омӯзгорони штатӣ мебошанд ва дар ҳайати онҳо  6 нафар академики АИКТ, 7 нафар узви вобастаи АИҶТ ва  АИКТ, 46 нафар доктори илм, 57 нафар профессор, 142 нафар номзади илм мебошанд,  ҳамкорӣ намуда, раванди баргузории машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ, озмоишгоҳӣ, КМРО ва таҷрибаомӯзиҳоро ташкил ва назорат менамояд.

Мувофиқи замимаи  Иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ (АУ №0002271) то 05.05. соли 2022  (аз 05.05.2017, №2875) донишгоҳ аз рӯйи   46 ихтисоси бакалавр (3 ихтисоси нав – 1-74060302-Бехатариии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот, 1-74020306-Пешгӯӣ ва огоҳии организмҳои заррарасон ва 1-74020101- Марғзорпарварӣ (чарогоҳ-парварӣ)), 35 ихтисоси магистр (2 ихтисоси нав – 74020101-Марғзор-парварӣ (чарогоҳпарварӣ) ва 1-75010101-Илми ҷангалпарварӣ ва ҷангалпарварӣ),  27 ихтисоси доктор PhD, 13 ихтисоси докторантура мутахассисонро омода менамояд ва тамоми ҳуҷҷатгузориҳои раванди таълим ва корҳои методӣ ба зиммаи раёсати таълим ва зерсохторҳои он вогузор карда шудааст.   

Дар гузаштан аз таҳсилоти анъанавӣ ба низоми кредитии таҳсилот нақши раёсати таълим ва зерсохторҳои вай назаррас аст.  

Дар асоси фармони Вазорати маорифи ҶТ № 923 аз 04.07.2007   дар бораи "Гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ" ва бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ (суратҷаласаи № 1 аз 28.09.с.20007) аз с/х 2006-2007 ихтисоси 25010715 (0620) - "Идоракунӣ дар КАС" пурра ба низоми кредитии таҳсилот (НКТ) гузаронида шуд. 

Донишгоҳ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №254 аз 29.04.2009  «Дар бораи  тасдиқи Барномаи давлатии рушди маорифи Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» ва фармони  вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №923 аз 04.07.2007 дар бораи «Гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ”  дар соли хониши 2011-2012 бо назардошти пойгоҳи моддӣ - техникии донишгоҳ ва ҳуввияти миллии донишҷӯён низоми таҳсилоти кредитии хосро барои тамоми ихтисосҳои роиҷи  донишгоҳ роҳандозӣ намуд. Ҳоло тамоми курсҳои таҳсили рӯзона ва курсҳои 1-3 таҳсили ғоибона пурра тибқи низоми кредитии таҳсилот ва курсҳои як ва дуюми шуъбаи ғоибона бо низоми фосилавӣ таҳсил менамоянд.

Ҳамасола,раёсати таълим бо дастгирии раёсати донишгоҳ  барои устодон курсҳои омӯзишӣ оид ба раванди амалишавии низоми таҳсилоти кредитӣ, низоми таҳсилоти фосилавӣ,  азбар намудани технологияи иттилоотӣ ва доскаи электронӣ, ба танзим даровардани ҳуҷҷатгузориҳо ва азхудкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқии раванди таълим  гузаронида мешавад.  Боварӣ дорем, ки ин силсила омӯзишҳои гузаронида шуда ба амалишавии низоми таҳсилоти кредитӣ, низоми таҳсилоти фосилавӣ, баланд шудани сифати таълим ва донишазхудкунии донишҷӯён  дар донишгоҳ мусоидат хоҳад намуд.

Таҳсил дар  донишгоҳ   дар шакли  рӯзона ва ғоибона бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷараён дорад. Вобаста ба эҳтиёҷоти хоҷагии қишлоқи кишвар ва фармоишҳои давлатӣ теъдоди донишҷӯён зиёд гардида, ихтисосҳо ва тахассусҳои нав, ки талаботи бозори меҳнатро қонеъ мегардонанд, кушода мешаванд. Шумораи  донишҷӯён дар соли таҳсили 2018-2019  ба 9311 нафар расидааст, ки аз он 7156 нафар дар шуъбаи рӯзона (аз он ҷумла  6976  нафар бакалавр, 141 нафар магистр ва 39 нафар доктор PhD) ва 2155 нафар дар шуъбаи ғоибона мебошанд.

Ҷараёни таълим дар шуъбаи рӯзона аз рӯи 3 нақшаи таълимӣ сурат мегирад. Нақшаи таълимӣ барои  донишҷӯёни  курсҳои 4-5, ки як кредит ба 16 соат баробар аст, нақшаи таълимӣ барои донишҷӯёни солҳои 2-3 и шуъбаи рӯзона, ки як кредит ба 24 соат баробар аст  ва нақшаи таълимии нав барои донишҷӯёни курси 1 (дар соли таҳсили 2018- 2019), ки  тибқи талаботи Консепсияи таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав аз фанҳои таълимии бахшҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарорри ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, №30/26  аз «28» 11 соли 2015) таҳия карда шудааст ва як кредит 24 соатро ташкил медиҳад. Инчунин донишҷӯёни шуъбаи ғоибона  низ аз рӯйи 3 нақшаи таълимӣ, ки курсҳои 1 ва 2 ба тарзи фосилавӣ, курси 3 бо тарзи кредитӣ, ки як кредит - 24 соат аст ва курсҳои 4-6 тибқи нақшаи анъанавӣ  таҳсил менамоянд.   Ҳамчунин, магистратура ва докторантура тибқи низоми кредитӣ аз рӯйи як нақшаи таълимӣ  ба таҳ-сил  фарогиранд.