Китобхонаи эллектронӣ
Ҷумаева Марҳабо Зугирдавлатовна-мудири китобхонаи электронӣ
Китобхонаи электронии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур соли 2006 таъсис дода шуда буд. Дар махзани ин китобхона ҳамагӣ 12 000 нусхаи электронии китобу лексияҳо мавҷӯд буда, дорои 10 компютер пайваст ба интернет то соли 2011 кору фаъолият мекард. Айни ҳол дар китобхонаи электронӣ 32 компютер ва 40 ҷойи нишаст муҳаё мебошад.
Соли 2012 миқдори компютерҳо ба 30 адад расида, шумораи аъзоёни китобхонаи электронӣ якчанд маротиба афзуд. Ҳар сол ба захираи махзани ин китобхона аз 3500 то 4000 нусхаи электронии китобу лексияҳои илмӣ, дарсӣ, соҳавӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ, техникӣ, бадеӣ ва маҷаллаҳо дар шакли Word, PDF, DjVuReader, HTML, Power Point ворид мегардад.
Дар давоми соли 2019 фаъолияти кории китобхонаи электрониро аз ғанӣ гардонидани моводҳои гуногуни илмию таълимӣ оғоз намуда, то имрӯз зиёда 4 800 нусхаи маводҳои электрониро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷамъоварӣ намудем.
Ҳамаи ин маводҳо дастраси устодону донишҷӯён гардидааст ва имрӯз китобхонаи электронии донишгоҳ дорои 168062 маводҳои электронӣ мебошад.
Сомонаи китобхонаи электронӣ: http://lib.tajagroun.tj/