Нашрияи Дониш
САЙДАЛИЕВ Маҳмурод Хурсандович,
мудири Маркази табъу нашри донишгоҳ
Нахустин шумораи рӯзномаи "Дониш" 14 феврали соли 1967 бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шудааст. Аввалин муҳаррири рӯзнома дотсент Ш. Бозоров буд. Пас аз ӯ А. Н. Набиев, F. И. Ғаниев, А. Адҳамов, Т. Исломов, С. Шагалов, С. Обидӣ, М. Н. Гавриэлов, Ваҳҳоби Латиф, М. Бобохонов муҳаррирони рӯзнома буданд. Аз соли 2006 муҳаррири рӯзнома Сайдалиев Маҳмурод Хурсандович мебошад.
Рӯзнома ба масъалаҳои такмили раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Муаллифон дар ин боб сухан ронда, роҳу усули наву фоидабахши ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадамро тавсия менамоянд.
Нашрия бо рӯзномаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар робитаи мустаҳками ҳамкорӣ дорад. "Дониш" дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат менамояд ва борҳо ғолибият низ ба даст овардааст. Тайи 55 соли фаъолият рӯзнома чандин қаламкашро тарбия кардаву бо мухбирони ҷамоатӣҳамкории доимӣ дорад. Онҳо дар навиштаҳои хеш ба масъалаҳои муҳиме, ки ба пешравии раванди таълиму тарбия мусоидат мекунанд, даст мезананд.
Рӯзнома оинаи донишгоҳ аст, ки фаъолияти доманадори илмию таълимӣ ва фарҳангию тарбиявии донишгоҳро инъикос менамояд. Рӯзнома минбари ҳамагон аст.
Мазмуну муҳтавои рӯзнома аз навиштаҳои мухбирони ғайриштатӣ вобаста мебошад. Хушбахтона, донишгоҳ дорои иқтидори бузурги зеҳнию эҷодӣ мебошаду қаламкашҳои моҳир дар байни устодони гиромиқадри донишгоҳ кам нестанд. Маҳз мақолаҳои онҳо боиси ба беҳбудӣ рӯ овардани муҳтаво ва сифати рӯзнома сабаб гаштааст. Омӯгорони кафедраҳои таърих ва ҳуқуқ (мудир Неъмонов Б.), фалсафа ва сиёсатшиносӣ (Раҳматов У.) забони тоҷикӣ (Дӯстов К.), забони русӣ (Холиқова М.), Давлатов О. Ё. (корманди китобхонаи марказии донишгоҳ), ки пайваста бо навиштаҳояшон саҳифаҳои нашрияро хонданбоб менамоянд.