Озмоишгоҳҳо
Озмоишгоҳи таълимии «Соишу хурдашавӣ ва дефектаксиякунонии ҷузъҳои мошин»
18.03.2015 13:10
Мақсад дар ин озмоишгоҳ омӯхтани тартиби иҷрои корҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ оид ба соиш ва хӯрдашавии ҷузъҳои мошинҳо ва дефектатсиякунонии онҳо дар вақти таъмири техника мебошад.
Озмоишгоҳи таълимии «Устохонаи коркарди механикӣ».
18.03.2015 13:04
Озмоишгоҳи таълимии «Устохонаи коркарди механикӣ» бо дастгоҳҳои харротии универсалии тамғаашон 1КВ 25; 1К62; 1А 62; 1 61; пармакунии вертикалӣ 2А25 ва чархи суфтакунӣ таҷҳизонида шудааст. Донишҷӯён асосҳои кори харротиро меомӯзанд.
Озмоишгоҳи таълимии «Мошин ва таҷҳизотҳои фермаҳои чорводорӣ»
18.03.2015 12:02
Дар озмоишгоҳи таълимии «Мошин ва таҷҳизотҳои фермаҳои чорводорӣ» дарсҳои лабораторӣ ва амалӣ оид ба аз худ намудани сохт, тарзи кор, танзимҳои асосӣ ва ҳисоби конструксионии таҷҳизотҳо барои тайёр ва тақсими хӯроки чорво гузаронида мешавад. Дастгоҳҳои ИГК-30А, ИКМ-5, ДКМ-5, КСА-5, РС-5, Волгар-5.
Озмоишгоҳи таълимии «Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»
18.03.2015 11:58
Дар озмоишгоҳи таълимии «Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ» дарсҳо оид ба аз худ намудани сохт, тарзи кор ва ҳисоби таҷҳизотҳо барои коркарди аввали шир гузаронида мешавад. Дастгоҳҳои: пастеризатори ОПД-1М, сепаратори СОМ-3-1000, хунуккунаки шир – ПОХ – 1. ҷиҳозонида шудааст.
Озмоишгоҳи микробиотехнология
27.12.2012 12:27
Соли 2005 таъсис дода шудааст. Сарварии озмоишгоҳро доктори илмҳои ветеринарӣ, академики АИКТ И. Сатторӣ ба уҳда доранд. Дар пойгоҳи озмоишгоҳ истеҳсоли доруҳои ватанӣ ба роҳ монда шудааст.
Озмоишгоҳи ҳимояи наботот
27.12.2012 12:27
Соли 2009 бо дастгирии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди (ҶММ) "ФАВЗ" дар пойгоҳи факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ кушода шудааст. Аз рӯзи таъсисаш д.и.к. Қаҳхоров Қ. Ҳ. вазифаи мудириашро ба ӯҳда дорад.
Озмоишгоҳи харитасозии рақамӣ
27.12.2012 12:27
Соли 2009 бо дастгирии лоиҳаи "ТЕМПУС-2008" - и Комиссиони Аврупо кушода шуд ва яке аз аввалин озмоишгоҳҳо дар ҷумҳурӣ мебошад, ки бо чунин шакл сохта шудаасту дигар намунааш нест. Вазифаи мудириаш ба ӯҳдаи омӯзгори калони кафедраи "Танзими замин" Мирзоев О. гузошта шудааст.
Озмоишгоҳи фитопатология
27.12.2012 12:27
Аз калимаи мураккаби юнонии phyton растанӣ (ҳиссаи аввали калимаҳои мураккаб, ки муносибати калимаҳои мазкурро ба растанӣ ифода мекунад), pathos касалӣ ва logos мафҳум, таълимот гирифта шудааст.
Озмоишгоҳи умумидонишгоҳӣ
27.12.2012 12:27
Соли 1986 таъсис дода шудааст. Тамоми таҷҳизоти кафедраҳои тахассусии факултетҳои агрономӣ, зооинженерӣ ва кафедраҳои дигар факултетҳо дар он ба таври мутамарказ гирд оварда, мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Озмоишгоҳи сифати тухмӣ ва дон
27.12.2012 12:27
Соли 2006 бо дастгирии Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар То ҷикистон , ки аз тарафи Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Шветсия (SIDA) маблағгузорӣ мегардад, сохта ба истифода дода шуд.
Озмоишгоҳи Агрохимия
27.12.2012 12:27
Соли 1973 бо мақсади мукаммал гардонидани раванди таълим дар сохтори омодасозии мутахассисони агрокимиё ва хокшинос дар назди кафедраи "Агрокимиё ва хокшиносӣ" зери роҳбарии профессор А.М. Мешеряков таъсис дода шуд. Минбаъд соли 2009 дар заминаи ворид сохтани таҷҳизоти замонавии озмоишӣ азнавсозӣ карда шуда ба талаботи замони муосир баробар карда шуд.