Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Озмоишгоҳҳо

Озмоишгоҳи геоинформатсионӣ 27.12.2012 12:27
Маркази геоинформатсионӣ соли 2008 дар якҷоягӣ бо донишгоҳи технологии Шведсия, ки онро комиссияи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ кардааст, таъсис ёфта буд. Он дар аввал озмошгоҳ буд “GISLab” ва имрузҳо он дар шакли марказ кор карда истодааст. Барои таъсиси марказ саҳми омӯзгори калони кафедраи геодезия ва геоинформатика Қодирова З.А. калон аст.
Озмоишгоҳи лимӯпарварӣ 27.12.2012 12:27
Соли 2010 кушода шуд. Равияи таҷҳизоти илмияш ба технологияи парвариши лимӯ дар шароити гармхонаҳои болои заминӣ, роҳу усулҳои афзоиши он ва пешгирии паҳншавии ҳашароти зараррасону касалиҳо ва муолиҷаи онҳо равона карда шудааст.
Озмоишгоҳи кишоварз 27.12.2012 12:27
Соли 2007 таъсис дода шудааст. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш Саидов Ш. вазифаи мудирии онро ба ӯҳда дорад. Дар сохтораш ду бахш:агротехнология ва муҳандисӣ фаъолият доранд. Дар бахши агротехнологии озмоишгоҳ барномаҳо оид ба технологияи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ,  сабзавот,  шолӣ ва ниҳолпарварии дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ба роҳ монда шудааст.
Озмоишгоҳи ихтиология 27.12.2012 12:27
Соли 2008 дар пойгоҳи КВТТ-и "Ҳисор"-и н. Ҳисор таъсис дода шудааст. Аввалин мудири он дотсент Ҳаитов А. буд. Дар айни замон ин вазифаро Назаров Ш. ба ӯҳда дорад. Зарурияти ташкил намудани ин озмоишгоҳ аз талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи моҳипарварӣ бармеояд ва кушодани ихтисоси моҳипарварӣ дар ....
Озмоишгоҳи зооветтехнология 27.12.2012 12:27
Соли 2008 дар пойгоҳи фермаи ширию молии КВТТ-и "Ҳисор"-и н. Ҳисор таъсис дода шудааст. Роҳбариаш ба ӯҳдаи дотсент Турдиев Ш. гузошта шудааст. Самти фаъолияти илмиаш технологияи парвариши чорво, истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва коркарди он, хушзоткунӣ, хӯронидани чорво, беҳдошт, пешгирӣ ва муолиҷаи касалиҳои чорво оид ба ин ва дигар масъалаҳои ҳозираи ....
Озмоишгоҳи зироатҳои чормағзӣ 27.12.2012 12:27
Соли2008 дар заминҳои лалмии минтақаи Шоҳамбарии КВТТ-и "Ҳисор"-и н. Ҳисор кушода шудааст. Профессор Нимадҷонова К. Н. вазифаи мудириашро ба ӯҳда дорад. Масоили самаранок истифодабарии заминҳои корам, махсусан заминҳои корами лалмие, ки дар минтақаҳои аз боришот таъмини ҷумҳурӣ ва рушдбахшӣ ба боғдорӣ дар заминҳои корами лалмӣ зарурати таъсиси чунин озмоишгоҳро ба ....
Озмоишгоҳи Гулпарварӣ 27.12.2012 12:27
Гулпарварӣ, озмоишгоҳ дар майдони таҷрибавии факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ кушода шудааст. Барои омӯзгорону донишҷӯёни ихтисоси бунёди чаманзор пойгоҳи беҳамтои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва гузаронидани машғулиятҳои амалию таҷрибаомӯзӣ мебошад. Дар донишгоҳ намудҳои мавҷудаи гулҳо аз ҷумҳурӣ ва берун аз он гирд оварда шудаанд.
Озмоишгоҳи Гидравлика 27.12.2012 12:27
Соли 1999 кушода шудааст. Аввалин мудираш профессор Бобохоҷаев С. М. буд. Дар солҳои минбаъда профессор Сатторов М. А. ба ҳайси мудир фаъолият намудааст. Дар айни замон дотсент Раҳимов Ф. ин вазифаро ба ӯҳда дорад. Озмоишгоҳ бо мақсади таъмини донишҷӯён, аспирантон ва унвонҷӯён ба воситаҳои   айёнӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ ....
Озмоишгоҳи Бионтинсекта 27.12.2012 12:27
Соли 2008 таъсис дода шудааст. Мудири аввалинаш дотсент Тешаев И. аст. Маълум аст, ки масъалаи ҳимояи растаниҳо ва ҳосил яке аз масъалаҳои рӯзмарраи истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Бо ин мақсад заҳрхимикатҳо ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.