Озмоишгоҳи геоинформатсионӣ
Маркази геоинформатсионӣ соли 2008 дар якҷоягӣ бо донишгоҳи технологии Шведсия, ки онро комиссияи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ кардааст, таъсис ёфта буд. Он дар аввал озмошгоҳ буд “GISLab” ва имрузҳо он дар шакли марказ кор карда истодааст. Барои таъсиси марказ саҳми омӯзгори калони кафедраи геодезия ва геоинформатика Қодирова З.А. калон аст.
Аз соли 2008 то 2012 ҳамчун озмоишгоҳ амал мекард ва пас аз соли 2013 онро ба марказ табдил дода шуд ва роҳбарии онро имрузҳо н.и.т. Мирзоев М.М. ба души худ гирифтааст. Ин марказ дар Осиёи Миёна яке аз аввалинҳо шуда таъсис додашудааст. Он дар ду синфхонаи алоҳида амал мекунад, ки дар он компютерҳо бо барномаҳои “ArcGIS 9.2./9.3, ArcGIS 10.2” ва “Geomatica” пурра таъмин буда, онҳоро аз ду сервер-и алоҳида идора карда мешаванд.
Барои омӯзиши донишҷӯёну магистрон ва аспирантону унвонҷуён дар марказ асбобҳои муосири геодезии зерин:
- GPS GNSS- 1 адад аз “Base” ва “Rover” иборат аст.
- TCR-303 – 1 адад.
- Trimble M3 – 2 адад.
- Hand GPS (Garmin) – 6 адад.
- Невилирҳо – 6 адад таъмин кардашудааст, ки онро ҳамарӯза барои корҳои таълимӣ ва илмӣ-амалӣ истифода мебаранд. Ҳамзамон дар марказ шабакаи ягонаи чопӣ ва таҳлили маълумотҳо ба роҳ монда шудааст. Барои омода ва аз чоп баровардани маводҳои харитавӣ дар марказ плотери намуди HP Designed T160 оварда карда шудааст, ки онро дар вақтҳои зарурӣ истифода менамоянд.
Соли 2015 бо супориши ҳукумати шаҳри Душанбе харитаи роҳҳои чорвогузарӣ берун аз ҳудуди шаҳрро мутахасисони марказ бо сардории Мирзоев М.М. сохта пешниҳод намуданд, ки онро имрузҳо дар корхонаҳо, марказҳо ба он алоқаманд истифода карда шудаистодаанд.
Соли 2016 дар марказ харитаи роҳҳои асосии дохилии аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаро сохта ба истифода дода шуд, ки он ҳам яке аз корҳои асоси ба шумор меравад. Аз тарафи н.и.т. Мирзоев М.М. дар 2 соли охир 4 дастури методию амали таҳия ва аз чоп бароварда шудааст, ки он барои омӯзиш ва истифодаи барномаҳо ҳамчун роҳнамо пурра истифода карда мешавад.
Имрузҳо марказ ҳамчун як макони илмӣ амал карда бо лоиҳаҳои хориҷӣ кор ва фаъолият намуда истодааст. Ҳамзамон дар марказ барои омӯзиши корхонаҳои давлати аз руйи шартнома барномаҳои GIS, QGIS ва ERDAS омӯзонидашуда дар охир сертификати хатм дода мешавад. Мутахассисони марказ дар давлатҳои Аврупои Шветсия, Австрия ва Венгрия таҳсил намуда таҷрибаи хуби корӣ доранд.