Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Озмоишгоҳи таълимии «Соишу хурдашавӣ ва дефектаксиякунонии ҷузъҳои мошин»

Мақсад дар ин озмоишгоҳ  омӯхтани тартиби иҷрои корҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ оид ба соиш ва хӯрдашавии ҷузъҳои мошинҳо ва дефектатсиякунонии онҳо дар вақти таъмири техника мебошад.

Озмоишгоҳи таълимӣ  бо асбобҳои зерин таҷҳизонида шудааст:

Олот барои муайян кардани печтобӣ ва қатъшавии ҷузъ,  асбоб барои муайян кардани хӯрдашавии подшипникҳо ва дандонаҳои чархи дандонадор, мошини универсалии соиши  СМЦ -1, мошини соиши ҳаракати даврзанию баргардондан, даврӣ, мошини соиши ҳаракати баргардондаи хаттӣ, мошини соиши хӯрдашавии абразивӣ, мошини соишӣ барои муайян намудани дараҷаи часпиши сатҳҳои сошии ҷузъҳо, мошини соиши хӯрдашавии  гидроабризивӣ, асбоби муайянкунии коэффисиенти соиш. Озмоишгоҳ дар соҳаи соиш ва хӯрдашавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона буда, дар пойгоҳи он 16 номзадҳои илмӣ-техникӣ, бисёр магистрҳо  ва донишҷӯён корҳои илмию тадқиқотӣ иҷро кардаанд.

Дар натиҷаи иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ материалҳои конструксионӣ ба соиш ва хӯрдашавӣ 32 намуд навъи нави чӯянҳои аустенитию мангалии ба хӯрдашавӣ тобовар ихтироъ  карда шудаанд.

Чӯяни базавӣ  ба самти стандарти давлатӣ дар таҳти сакми ГОСТ 1585-85 дохил шудааст.