Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Шуъбаи танзими фаъолияти илмии донишҷӯён

Payrav

Мухторзода Пайрави Ҷулдош – Мудири  шуъбаи танзим ва  фаъолияти илмии донишҷӯён

 

Шуъбаи танзим ва фаъолияти  илмии донишҷӯён соли 2009 тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъориф» ва қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ташкил карда шудааст. Фаъолияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ барои дарёфти истеъдодҳои нав  ҳавасмандкунии корҳои кафедраҳо оид ба ташкили корҳои илмӣ- тадқиқотии донишҷӯён барои баланд бардоштани дараҷаи донишандузии донишҷӯён равона карда шудааст.

Яке аз бахшҳои муҳимми қисмати илми донишгоҳро Ҷамъияти илмии донишҷӯён ташкил медиҳад, ки бо мақсади баланд бардоштани корҳои илмии донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони баландихтиссоси гуногуни соҳавӣ поягузорӣ шудааст.

Дар ҷамъияти мазкур донишҷӯён дар баробари ошноӣ ёфтан ба роҳҳои таҳқиқу баррасии масоили илмӣ боз дар чорабиниҳои  илмӣ оз он ҷумла, иштирок дар семинарҳои илмӣ, конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва  навиштани мақолаҳои  илмӣ дониши худро сайқал медиҳанд.

Дар ҳақиқат ҳам ҷавонони мо қувваи бузурги созандаанд ва маҳз бо ҳамин сабаб дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони кишвар бамаротиб зиёд гардидааст.

Яке аз вазифаҳои  асосии Шуъбаи танзим ва фаъолияти   илмии донишҷӯён ин омодагӣ ва  ширкат варзидан дар олимпиадаҳои байни донишгоҳи, ноҳияви, шаҳрӣ ва  ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар сол чун анъана олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе  баргузор гардида, дастаҳои олимпии Донишгоҳи азизамон  байни донишҷӯёни тамоми мактабҳои олии кишвар дар ҷойи намоён  қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳама факултетҳои донишгоҳ  ҷамъияти илмии донишҷӯён  фаъолият менамояд ва тамоми донишҷӯёни фаъолро муттаҳид менамояд. Маҳфили илмии Ҷамъияти илмии донишҷӯён ҳар моҳ дар факултетҳо баргузор мегардад.

 Боиси хурсандист, ки дар  Донишгоҳи аграри Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур сол то сол мактаби илмии профессорон аз рӯи ихтисосҳо ва  доираи фаъолияти Ҷамъияти илмии донишҷӯён васеъ гардида, шумораи донишҷӯён дар маҳфилҳои илмӣ фаъолияткунанда афзуда истодааст. Дар Донишгоҳи аграри Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур 47 мактаби илмии профессорон аз рӯи ихтисосҳо дар факултетҳо фаъолият менамояд, ки ба онҳо аз рӯи равияҳо донишчӯён, магистрҳо ва  доктор  аз рӯи ихтисос (PhD) аъзо мебошанд, ки шумораи умумии  онҳо 498 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, раёсати донишгоҳ ва қисми илм ва инноватсияи он дар доираи амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” эълон гардидани солҳои 2020-2040 озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат”, “Ихтироъкор ва навовари беҳтарин”, “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника”, озмунҳои донишгоҳӣ бахшида ба 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони “Беҳтарин ихтироот”, “Олими пурмаҳсул”, “Навовари беҳтарин”, “Донишҷӯи сол”, “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ”, “Тоҷикин”- оинаи таърихи миллат”, озмуни беҳтарин мақолаи илмӣ дар мавзуи “Нақши китоби Тоҷикон”дар масири бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон” ва низомномаҳои гузаронидани озмунҳои зикргардида ва грантҳои хурд аз тарафи донишгоҳро таҳия ва тасдиқ намудааст.

Ҳамзамон мо дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020, №427) қарор дорем.

Озмуни  ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи 7 номинатсия, аз он ҷумла

-математика (арифметика, алгебра, геометрия);

- физика ва астрономия;

- химия;

- биология (ботаника, зоология, анатомия);

- география;

- технологияи иттилоотӣ;

-  ихтироъкорӣ ва навоварӣ;

иборат мебошад, дар назди Шуъбаи танзим ва фаъолияти илмии донишҷӯён вобаста ба ҳар як номинатсия тариқи озмун тими Олимпӣ таъсис дода шудааст,ки шумораи онҳо аз рӯи 7 номинатсия 36 нафарро ташкил медиҳад, ки  ба рои иштирок дар озмуни мазкур омодаги гирифта истодаанд. 

Ба хотири дастгирӣ ва ҷалби ҷавонон раёсати донишгоҳ озмуни ихтироъкор ва навовари беҳтарин ва Низомномаи гузаронидани озмуни грантҳои хурд аз тарафи донишгоҳро ташкил намудааст. Вобаста ба ин, фаъолияти маҳфилҳои илмӣ ва ҷамъияти илмии донишҷӯён ва магистрон, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дар донишгоҳ хуб ба роҳ монда шуда, баҳри ҳавасмандии онҳо аз тарафи раёсати донишгоҳ барои ишғоли ҷойи якум- 3000 сомонӣ, ҷойи дуюм- 2000 сомонӣ, ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ, барои ҷалби бештари онҳо ба ихтироъкорӣ бошад, барои ишғоли ҷойи якум -5000 сомонӣ, ҷойи дуюм -3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм- 2000 сомонӣ, ҷойи  чорум -1000 сомонӣ ва ба роҳбарони онҳо маблағҳои зикршуда дода мешаванд.

Дар раванди фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯён, ки дар кафедраҳои тахассусӣ амал менамоянд, донишҷӯён таҳти роҳбарии устодон корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ бурда, аз рӯйи натиҷаҳои илмии ба даст овардаашон рисолаҳои хатми бакалавриат ва магистрӣ, мақолаҳои илмӣ таҳия намуда дар чорабиниҳои илмии донишгоҳӣ фаъолона иштирок ва маъруза менамоянд.