Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Кишоварз"

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа давоми 31 соли фаъолият барои рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум корҳои назаррасе анҷом медиҳад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ таъмину пойдор гардид. Ҳизби мазкур ифодагари орзуву ормонҳои сокинони кишвари офтобиамон Тоҷикистони биҳиштосо мебошад. Ба он далел, ки аъзои он рӯз то рӯз меафзояд ва ҳамаи онҳо барои пешрафти ҳизб таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб гузошта, барои рушди устувор ва зиндагии шоистаи мардум саъю талош меварзанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби фаъолу пешрав пайваста чорабиниҳо баргузор менамояд. Боиси хурсандӣ ва фараҳмандии кулли аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Кишоварз" аст, ки имрӯз дар ОЗМУНИ УМУМИШАҲРӢ АЗ РӮИ НОМИНАТСИЯИ "КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ ФАЪОЛ" БАХШИДА БА "СОЛИ 2025-СОЛИ ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ДОХИЛИҲИЗБӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ" баргузор гардид. Дар озмун Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Кишоварз" и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ пазируфта шуда, бо ҷоиза ва Диплом сарфароз гардонида шуд. Ин дастовард, ки самараи заҳмати ҳамаи аъзои кумитаи мазкур мебошад, самимона таҳният гуфта, барои корҳои ояндаашон барору тавфиқ хоҳонем. Пешравии Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Кишоварз" и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҳар яки мо вобастагии калон дорад.

625012215 926601303357676 1442006646866738972 n623413669 926601360024337 5402714919182853621 n