Бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо

  

 

Худоназарова Мадина Ҷумаевна

Мудири Бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо

 

Роҳбарии умумии фаъолияти Бахшро оид ба таҳияи ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ  ва дарёфти грантҳо амалӣ менамояд, кори Бахшро бо созмонҳо ва муассисаҳои байналмилалии донорӣ бо мақсади ҷалби сармоя барои рушди таълим ва илми ДАТ ба номи. Ш.Шоҳтемур, ҳамоҳанг месозад.

Соли 2016 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемурро (ДАТ) бо ихтисоси «Мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин» хатм кардааст.

Соли 2018 Донишгоҳи давлатии технологии Поволожаи Федератсияи Россия (ПГТУ)-ро бо ихтисоси «Идоракунии муҳити зист ва истифодаи об» аз рӯи самти «Идораи муҳити зисти минтақаҳои рекреатсионӣ» хатм кардааст.

Соли 2021 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур – ро (ДАТ) бо дараҷаи доктор (PhD) аз рӯи ихтисоси D080101 «Зироатпарварии умумӣ ва растанипарварӣ» хатм кардааст.

Аз соли 2018 то соли 2020 дар Муассисаи давлатии  “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” – и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахши Амрико ва Аврупо кор ва фаъолият намудааст.

Дар бораи Бахш

Соли 2021 дар ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур Бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти  грантҳо таъсис дода шуд.

Бахш  таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ амал мекунад.

МАҚСАДИ АСОСИИ БАХШ:

  • Мусоидат дар рушди равишҳои инноватсионӣ дар соҳаи таълим ва илм;
  • Ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи таълим, аз ҷумла таҳияи лоиҳаҳо ва грантҳо;
  • Ҳамкорӣ бо муассисаҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва донорон;
  • Таҳия ва пешбурди барномаҳо/лоиҳаҳо барои рушди донишгоҳ.