Факултети Агрономӣ
Боймуродов Рӯзимурод Бобокалонович,
декани факултети агрономӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент
Факултети агрономӣ нахустин факултети Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур буда, таърихи он бо раванди ташаккули донишгоҳ, ки соли 1931 дар заминаи Донишкадаи осиёимиёнагии меваю сабзавот дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт, ҳамсон аст. Таърихи факултет бо санаи таъсисёбии донишгоҳ ва марому ҳастии донишгоҳ бо номи факултет ҳамвазн мебошад. Зеро донишгоҳ аз рӯзҳои аввали ифтитоҳ барои истеҳсолот танҳо агроном омода мекард.
Дар сохтори идоравии донишкада то соли 1934 факултет вуҷуд надошт, моҳи декабри соли 1934 факултети агрономӣ ба фаъолият оғоз намуд. Он ягона боргоҳи таълиму тарбияи олим-агрономҳо дар ҷумҳурӣ мебошад.
Аввалин сарвари факултет, дотсент Ю.М. Полишук буд, ки тӯли солҳои 1934-1941 ин вазифаи пурмаҳсулро ба дӯш дошт. Тӯли солҳои 1934-1939 дар донишгоҳ танҳо як факултети агрономӣ фаъолият дошт ва шумораи кафедраҳои он ба 16 расида буд, ки дар он 32 нафар омӯзгорон фаъолият мекарданд. Солҳои 1945-1948-1952 вазифаи сарварии факултетро олими машҳури шӯравӣ, профессор Мешеряков А.М. ва минбаъд дотсент Бончковский Ф.Н.(1948), профессор Қосимов Ҷ.Қ.(1952-1960), дотсент Қаюмов Ғ.Қ.(1960-1962), дотсент Гулмаҳмадов М.Г.(1962-1963), дотсент Муҳиддинов Н.М.(1963-1974), профессор Масаидов Р.С.(1974-1991), профессор Набиев Т.Н.(1991-2002), профессор Сардоров М.Н.(2002-2005), профессор Маҳмадёров У.М.(2005-2010), дотсент Ҳайдаров З.Ё.(2010-2015), профессор Набиев Т.Н.(2015-2017), дотсент Комилзода А.Д. (2018 – 2022) ба ӯҳда дошта, аз моҳи июни соли 2022 дотсент Боймуродов Р.Б. ба зимма дорад.
Тӯли мавҷудияти худ факултети агрономӣ беш аз 9700 нафар мутахассисони болаёқатро омода ва ба истеҳсолоти кишоварзӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, сохторҳои идоравию дигар корхонаю муассисаҳои давлатӣ додааст. Хатмкардагони факултетро дар сар то сари ҷумҳурӣ ва бурун аз он дидан мумкин аст онҳо дар соҳаҳои мухталифи комплекси агросаноатӣ кор ва фаъолияти пурсамар доранд. Факултет бо як зумра фориғутаҳсилонаш-Агрономҳои хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандагони ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, ходимони давлатӣ, роҳбарони навоҳию вилоятҳо, профессорон, намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ғайра чун Махсумов А.Н., Қосимов Ҷ.Қ., Сангинов Б.С., Матказимов М., Набиев Д.Н., Кироатова Х., Тураев А.Б., Месяц В.К., Юсуфбеков Х.Ю., Зоиров М.З., Табаров Ҳ.Т., Эшонов И.Э., Қосими Р., Пиров Т.Т., Салимов А.Ф., Достиев А.С., Набиев Т.Н., Сардоров М.М., Маҳмадёров У.М., Норов М.С., Бухориев Т.Н., Рашидов Ҳ.И., Эшонқулов У.Э., Хусаинов А.Ҳ., Миралиев А., Ахмедов Т., Сангинов С., Қосимов Қ., Нуров С., Қурбонов Б., Мӯъминҷонов Х., Қодирӣ Қ., Каримов Қ.Ҳ., Зайдов И.Х., Абдураҳмонов С., Раҷабова Д., Абдуллоев И.А., Обидов Н., Саидова Ҷ.С., Толибов М., Сабуров А., Мӯсоев Ш., Улфатов С., Асоев Н.М., Саидов С.Т. ва дигарон ифтихор дорад.
Имрӯз дар факултет аз рӯи шаш ихтисос: 740201-агрономӣ, 740202-селексия ва тухмипарварӣ, 740205-агрокимиё ва хокшиносӣ, 330106-экологияи кишоварзӣ, 740201-2601-агрономӣ-менеҷмент ва 74020101-Марғзорпарварӣ (чарогоҳпарварӣ) мутахассис омода мешавад.
74.02.01 - АГРОНОМӢ
Кафедраҳои растанипарварӣ, пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварӣ, зироатчигӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво барои тайёр кардани олим-агрономҳо махсус гардонида шудаанд. Дар кафедраҳо мунтазам корҳои услубӣ гузаронида мешаванд. машғулиятҳои назариявӣ, лабораторию амалӣ ва таҷрибавӣ, бо назардошти хусусиятҳои минтақаи ҷумҳурӣ, дастовардҳои навини илми агрономӣ ва таҷрибаи пешқадамони истеҳсолоти кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст. Кафедраҳо дорои 2 озмоишгоҳи илмӣ - таълимии муосири таҷҳизонидашуда мебошанд. Ҳамзамон онҳо дорои қитъаи замини таҷрибавӣ дар КВТТ “Ҳисор”- шаҳри Ҳисор ва хоҷагии таҷрибавию таълимии “Баракат”-и ноҳияи Ёвони донишгоҳ мебошанд, ки дар онҳо намудҳои гуногун ва навъҳои зиёди зироатҳои кишоварзӣ барои гузаронидани машғулиятҳои лабораторию амалӣ парвариш карда мешаванд. Машғулиятҳои назариявӣ, таҷрибаҳо доир ба фаъолияти кори олим-агрономҳо дар истеҳсолот гузаронида мешаванд. Хатмкардагони ин ихтисос дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ, сохторҳои идоракунии давлатӣ ва дигар соҳаҳо фаъолият мекунанд.
74.02.02 – СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРӢ
Мутахассисони ин ихтисос дар кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварӣ тайёр карда мешаванд. Кафедра дорои қитъаи таҷрибавӣ дар КВТТ “Ҳисор”- шаҳри Ҳисор ва хоҷагии таҷрибавию таълимии “Баракат”-и ноҳияи Ёвони донишгоҳ буда, ҳангоми таълим донишҷӯён бо намудҳои мухталифи корҳои илмӣ шинос карда мешаванд. Бевосита бо растанӣ, гул ва бордоркуниву безурёт кардани он ё худ баҳамбандии намудҳои мухталифи растаниҳо - намуди таълим дар кафедра мебошад. Хатмкардагони ин ихтисос дар пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои селексионию тухмипарварии ҷумҳурӣ, хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ фаъолият мекунанд, ки нақши онҳо дар ҳалли масъалаи сифати навъ ва тухмии зироатҳо барои ҷумҳурӣ зарур аст.
74.02.05. – АГРОКИМИЁ ВА ХОКШИНОСӢ
Кафедраи кимиёи агрономӣ ва хокшиносӣ бо ин ихтисос махсус гардонида шуда, мутахассисони ин соҳаро омода месозад. Танзими ҷараёни таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён яке аз масъалаҳои асосӣ дар кафедра мебошад. Кафедра дорои 3 озмоишгоҳи таълимӣ ва 1 озмоишгоҳи илмӣ- таълимии муосири таҷҳизонидашудаи кимиёи агрономӣ ва хокшиносӣ аст. Машғулиятҳои назариявӣ, санҷишию амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақавии ҷумҳурӣ, дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзӣ гузаронида мешаванд. Бо ин мақсад шароитҳои хуб фароҳам оварда шуда, воситаҳои аёнии лозима муҳайё карда шудаанд. Кафедра бо устодони соҳибтаҷриба таъмин буда, сифати дарсдиҳии устодон ба дараҷаи баланди омӯзгорӣ мебошад. Хатмкардагони ин ихтисос метавонанд дар сохторҳои агрономӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии АИК, АУ, санҷишгоҳҳои агрокимёвӣ, институти давлатии тоҷикзаминсоз, муассисаҳои кишоварзию тиҷоратӣ, органҳои роҳбарияти давлатӣ, ба сифати ташкилотчӣ, роҳбарон ва мутахассисон кору фаъолият кунанд.
330106–ЭКОЛОГИЯИ КИШОВАРЗӢ
Вобаста ба тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат имрӯз барои муҳофизати захираҳои табиӣ, истифодаи самаранок ва оқилонаи онҳо дар робита бо истеҳсоли маводи тозаи экологӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, зарурурияти тайёр кардани мутахассисони соҳаи экологияи кишоварзӣ ба миён омад. Бо ин мақсад соли 2003 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар пойгоҳи кафедраи ботаника ва агроэкологияи кишоварзӣ ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисоси 33.01.06.- агроэкология оғоз карданд. Мутахассисоне, ки ин соҳаро хатм мекунанд, метавонанд дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист, истифодаи дурусти омилҳои рушди растаниҳо дар кишоварзӣ, истифодаи дуруст ва самараноки омилҳои муҳит ва ҳалли дигар масоили агроэкологӣ дар ҷумҳурӣ, хоҷагиҳои мухталиф, новобаста аз шакли хоҷагидорӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии АИКТ, АМИТ, комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ фаъолият кунанд.
1-740201-2601-АГРОНОМӢ-МЕНЕҶМЕНТ
Дар замони гузариш ба системаи нави хоҷагидорӣ, таъсиси хоҷагиҳои хурди деҳқониву фермерӣ, пайдо шудани муносибатҳои инфиродии иқтисодӣ дар сохтори кишоварзӣ, зарурияти омода намудани мутахассиси дорои имкониятҳои васеъ ба миён омад. Омода намудани мутахассиси дорои имкониятҳои васеъ, дар сурати татбиқи ихтисосҳои омехта, аз ҷумла ихтисоси 1-740201-2601-агрономӣ-менеҷмент амалӣ карда мешавад.
Ихтисоси мазкур бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷашни 80-солагии таъсиси ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, аз 8-уми октябри соли 2011 ва Нақша–чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №13/10, аз 21-уми октябр соли 2011 таъсис дода шуд.
Ихтисоси 1-740201-2601-агрономӣ-менеҷмент дорои имкониятҳои васеи омода намудани мутахассиси агросаноатӣ буда, дар рӯҳияи таълими илмҳои агрономӣ, иқтисодӣ ва идоракунӣ омода карда мешавад. Кафедраҳои растанипарварӣ, пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварӣ, зироатчигӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво, дар ҳамбастагӣ бо кафедраҳои иқтисодиёти кишоварзӣ, менеҷмент ва соҳибкорӣ барои тайёр кардани агроном-менеҷмент махсус гардонида шудаанд.
Муҳлати таҳсил дар ихтисоси мазкур 5 сол буда, хатмкунанда дорои маълумоти олии пурра мегардад. Дар баробари гирифтани маълумоти олии пурра дорои касби агрономӣ - менеҷмент мегардад. Хатмкардагони ин ихтисос дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ, самтҳои иқтисодӣ, сохторҳои идоракунии давлатӣ ва дигар соҳаҳо фаъолият карда метавонанд.
1-74020101-МАРҒЗОРПАРВАРӢ (ЧАРОГОҲПАРВАРӢ)
Вобаста ба зиёдшавии саршумори ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва талаботи истеъмолии аҳолӣ ба маҳсулоти он дар мамлакат имрӯз барои муҳофизат ва беҳтарнамудани маҳсулнокии алафзорҳои табиӣ ва чарогоҳҳо дар факултет ихтисоси махсус оид ба марғзорпарварӣ (чарогоҳпарварӣ) кушода шуда, мутахассиси соҳа тайёр карда мешавад. Дар оянда бо кӯмаки мутахасисон марғзорҳои табииро беҳтар намуда, саҳми худро дар баланд бардоштани маҳсулоти чорводорӣ мегузоранд. Ин тахассус бо дастгирии лоиҳаи давлатии «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» амалӣ карда шудааст.
Имрӯз дар сохтори факултет 6 кафедра фаъолият мекунад, ки дар он 69 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 1 нафар академики АИКТ ва АИКР, 3 нафар узви вобастаи АИКТ, 5 нафар профессорон, 27 нафар номзадони илм, дотсентон ва омӯзгорони калону ассистентон фаъолият доранд.
Ҳоло дар факултет 646 нафар ба таҳсили рӯзона ва 325 нафар таҳсили фосилавӣ, дар асоси талаботи таълими бисёрзинагӣ ва мутахассис таҳсил доранд, ки минбаъд соҳиби дараҷаи касбӣ аз рӯи ихтисоси хеш мегарданд. Ҳамасола факултетро аз 4 то 6 нафар донишҷӯён бо дипломи аъло хатм мекунанд, аз ҷумла соли хониши 2021-2022 бошад 6 нафар донишҷӯён донишгоҳро бо дипломи аъло ба итмом расониданд. Айни замон зиёда аз 90 нафар донишҷӯёни факултет бо баҳои хубу аъло таҳсил доранд.
Факултет дорои озмоишгоҳҳои замонавии тухмисанҷӣ, агрохимия ва хокшиносӣ, ташхиси сифати тухмӣ ва дон, илмӣ-истеҳсолии хӯроки чорво, синфхонаҳои замонавии таълимӣ, майдончаи таҷрибавӣ ва озмоишгоҳҳои саҳроии тухмисанҷию ташхиси агрохимиявӣ дар пойгоҳи хоҷагиҳои таълимии донишгоҳ мебошад.
Олимони факултет айни замон дар доираи 5 лоиҳаи фармоишии аз Буҷаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришаванда дар мавзӯҳои “Хусусиятњои нашуънамои алафњои бегонаи гелиотроп ва ќалмочи сафед дар киштзори зироатњои ѓалладонаи тирамоҳӣ ва баҳорӣ, таъсири онњо ба сифати дон ва роњњои пешгирї дар шароити Љанубу – Ғарбии Тољикистон”, (Солҳои иҷроиш 2020-2024), РҚД № 0120ТJ 01032, “Самаранокї ва ањамияти агротехникии тавъами зироатњои ѓалладонагї, лўбиёдонагї, хўроки чорво, сабзавотї ва картошка дар киштгардонњои кутоњдаври пахта дар шароити диверсификатсияи истењсолоти кишоварзї», (Солҳои иҷроиш 2021-2025) РЌД 0121ТJ1174, “Усулҳои беҳтаргардонии чарогоњњои мавсимии Тољикистон дар шароити тағйирёбии иқлим”, (Солњои иҷроиш 2021-2025), РҚД 0121ТJ1170, “Селексияи пахтаи миёнанах ва тритикале дар асоси маводҳои аввалия бо истифода аз усулҳои генетика ва физиологияи растанӣ, такмили технологияи парвариш ва низоми тухмипарварии онҳо дар шароити Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ”, (Солҳои иҷроиш 2021-2025), РҚД № 0121TJ1171 ва як лоиҳаи сарборӣ дар мавзӯи “Мутобиқгардонии усулҳои парвариши зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба ивазшавии иқлим” корҳои илмӣ анҷом дода, дар раванди ҳалли масоили муҳими илми кишоварзӣ ва Ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла “Таъмини бехатарии озуқаворӣ” ва “Рушди саноатикунонии босуръати кишвар” нақши созандаи хешро гузошта истодаанд. Бо талоши олимони факултет дар замони истиқлол навъҳои наву серҳосил ва тезпази зироатҳои кишоварзӣ, ба мисли пахтаи миёнанахи «Ҳисор», «Суғдиён-2», «Зарафшон-1», «Ҳулбук», кунҷити «Шаҳноза», маъсари «Шифо», «Краса Ступинская», гандуми «Моҳи нав», «3000 - солагии Ҳисор», тритикалеи «Юсуфӣ», ҷави «Ифтихор-86», ҷуворимаккаи «Шӯҳрат», чормағзи заминии «Тоҷикистон-10», «Тоҷикистон-15», биокомпостҳои “Биобарг” ва “Биочин” ва ғайраро ба вуҷуд оварда, дар раванди ташаккули истеҳсолоти кишоварзӣ нақши созанда гузошта истодаанд. Соли 2022 бошад бо ќарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатњои кишоварзї ва муњофизати навъњои Вазорати Кишоварзии Љумҳурии Тоҷикистон навъи пахтаи миёнанахи “ДАТ-1” дар минтаќањои љумњурї ноњиябандї карда шуда, навъи “Баракат” соли 2021 ба санљиши расмї ќабул карда шудааст. Аз тарафи олимони ҷавони кафедраи химия (Отаев Ш., Аъзамов Ш.О. ва Сангов М.) бошад дар ҳамкорӣ бо Институти химияи ба номи Никитини АМИТ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар давоми 4 соли охир бо дарназардошти тадқиқотҳои назарраси илмиашон сҳиби чунин нахустпатентҳо гардидаанд:
-Тарзи ҳосил намудани хлориди алюминий дар эфири диэтилӣ, шањодатнома №ТJ 1073 аз 3.04.2020.
- Тарзи коркарди маъданҳои алюмосиликатӣ бо усули фаъолгардонӣ, шањодатнома №ТJ 1100 аз 23.04.2020;
- Тарзи ҳосил намудани хлориди металлҳо ва бор аз маъданҳои бордор ва алюмосиликатӣ шањодатнома №ТJ 1086 аз 28.04.2020;
- Тарзи ҳосил намудани нурии комплексӣ шањодатнома №ТJ 1134 аз 8.02.2021
-Электролити нуқрапушкунӣ шаҳодатномаи №ТJ 1157 аз 7.05.2021
Тадқиқоти илмӣ оид ба усулҳои парвариши ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, зироатҳои техникӣ, хӯроки чорво, гирифтани ду ҳосили дон, усулҳои кишти зироатҳо, таъсири нурӣ ба маҳсулнокии навъҳо, бонитировкаи хокҳои Тоҷикистон ва баҳодиҳии иқтисодии онҳо, коркарди нуриҳои нав, ба мисли «Биочин» ва «Биобарг» аз муҳимтарин самти илмии олимони факултет мебошад.