Факултети Баҳисобгирӣ ва молия
Шарипов Хуршед Буриевич,
декани факултети баҳисобгирӣ ва молия, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент
Факултети баҳисобгирӣ ва молия дар асоси Қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 8\9 аз 03.04.2006 ва қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (суратҷаласаи № 5 аз 22.12. 2006) дар заминаи факултети иқтисодӣ аз 22.12. с.2006 таъсис дода шуд. Аз моҳи январи соли 2007 то моҳи ноябри соли 2014 сарварии факултетро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Самандаров И.Ҳ. Солҳои 2014-2022 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Олимов Аловиддин Хайруллоевичба ба уҳда дошт. Айни замон сарварии факултетро номзади илмҳои сиёсӣ Шарипов Хуршед Буриевич.
Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахасис тайёр карда мешавад:
- -ихтисоси "Молия ва қарз дар КАС" мутахассисони ин ихтисос метавонанд дар корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои молиявию қарзӣ, ташкилотҳои тиҷоратию ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ширкатҳо фаъолият намоянд.
- -ихтисоси "Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит" мутахассисони ин ихтисос илму амалияи баҳисобгирии муҳосиботиро мутобиқу мувофиқи стандартҳои байналхалқии баҳисобгирӣ меомӯзанд.
Дар сохтори факултет 5 кафедра "Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит", "Молия ва қарз дар КАС", "Таҳлили иқтисодӣ ва омор", "Технологияҳои иттилоотӣ дар КАС", "Фалсафа ва сиёсатшиносӣ" фаъолият мекунанд, ки дар ин кафедраҳо 65 нафар омӯзгор, аз он ҷумла, 3 нафар профессор, 17 нафар номзади илм, дотсентон, 20 нафар омӯзгори калон, 26 нафар ассистент кору фаьолият карда истодаанд.
Ҳоло дар шуъбаи рӯзонаи факултет ҳамагӣ 830 нафар, аз он ҷумла дар ихтисоси "Молия ва қарз дар КАС" 394 нафар ва дар ихтисоси "Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит" 436 нафар донишҷӯ таҳсил доранд. Дар шуъбаи таҳсилоти ғоибонаи факултет 235 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз он ҷумла дар ихтисоси "Молия ва қарз дар КАС" 170 нафар ва дар ихтисоси "Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит" 120 нафар таҳсилро фаро гирифтаанд.
Дар факултет професорону устодони ботаҷриба ба монанди Шарифов З.Р., Самандаров И.Ҳ., Шукуров М.Ш., Олимов А.Х., Дадабоев О.Д., Саидов М.С., Бобоев А.А., Бадалова Б.А., Ҳакимзода С.К., Ҷонмаҳмадов Қ., фаъолияти пурсамар намуда истодаанд.
Омӯзгорони факултет баланд бардоштани сифати таълимро вазифаи аввалиндараҷаи худ дониста, барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи ҳозира ҷавобгӯ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Бо мақсади таҳлил ва омӯзиши ҳолати ҳозираи тараққиёти кишоварзии ҷумҳурӣ, муайян намудани роҳу усулҳои нави самараноки тараққиёти устувори кишоварзӣ дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои ҳақиқӣ ва амалии хоҷагидорӣ ба ҳар як кафедра мавзӯъ вобаста карда шудааст.
Ихтисосҳои факултети баҳисобгирӣ ва молия