Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Факултети Боғдорӣ ва биотехнологияи

Khafizov T  

  Ҳафизов Тоир Додоҷонович,

декани факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент

 

Донишгоҳи меваю сабзавоти Осиёимиёнагӣ дар шаҳри Хуҷанд соли 1931 бо шӯъбаҳои меваю сабзавоткорӣ, токпарварӣ, ҳифзи наботот таъсис ёфта буд. Соли 1939 факултети меваю сабзавоткорӣ ташкил шуд, ки баъдан он бо факултети агрономӣ якҷоя гашта, моҳи феврали соли 1991 аз нав ҳамчун факултети мустақил ба фаъолият шурӯъ намуд.

  Роҳбарии факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзиро аз соли 1991 то соли 2001 д.и.к., профессор Мадаминов В.С. ба уҳда доштанд. Аз соли 2001 то соли 2012 роҳбарии факултетро д.и.б. профессор Каримов М.К., ва аз соли 2012 то соли 2018 н.и.к., дотсент Эмомов Х.А., ба зима доштанд.  Аз соли 2018 декани факултети боғдорӣ ва битехнологияи кишоварзӣ н.и.к., дотсент Ҳафизов Т.Д. таъийн гардиданд.

  Аз соли 1991 то имрӯз факултет зиёда аз 2500 нафар мутахассис тайёр карда, ба истеҳсолот равона кардааст. Ҳоло дар факултет зиёда аз 680 нафар донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил намуда истодаанд. Хатмкунандагони аълохони факултет ҳамасола ба магистратура тавсия карда мешаванд.

Айни замон дар факултет 2 нафар академики АИКТ, 1 нафар   узви пайвастаи АИҶТ,  7 нафар  доктори  илм  профессорон, 9 нафар номзади илм дотсентон, 3 нафар омӯзгорони калон ва 3 нафар ассистентон  кор ва фаъолият мекунанд.

Дар сохтори факултет Пажӯҳишгоҳи  илми- тадқиқотии Биотехнология амал мекунад. Устодону кормандони факултет дар ҷумҳурӣ  аввалин шуда, бо  усули микроклоналӣ парвариш намудани картошкаи бевирусро дар истеҳсолот ҷорӣ намуда, барои кашфиётҳои илмӣ соҳиби беш аз 27 шаҳодатномаи ихтироотӣ гаштаанд.

Аз давраи ташкилёбии факултет то имрӯз 8 устоди факултет рисолаи докторӣ ва 13 нафар рисолаҳи номзадиро ҳимоя намудаанд.

Боиси ифтихор аст, ки кашфиётҳои олимон дар соҳаҳои меваю сабзавотпарварӣ, ситрусипарварӣ, ҳимояи наботот, физиологияи растанӣ ва биотехнология дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ  сазовори ҷоизаҳо гардидаанд.

Ҳоло оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ, сабзавотпарварӣ ва ҷангалпарварӣ корҳои илмӣ тадқиқотӣ ба роҳ монда шудаанд. Факултет бо озмоишгоҳҳо, синфхонаҳо, майдончаи таҷрибавӣ таъмин буда, онҳо бо асбобу воситаҳои аёниву техникӣ муввофиқи имкониятҳои мавҷуда таҷҳизонида шудаанд. Дар сохтори факултет инчунин озмоишгоҳҳои  биоинсектикӣ, ҳимояи наботот, гулпарварӣ ва ситруспарварӣ ки барои дарсҳои амалию таҷрибавӣ муқаррар шудаанд, фаъолият доранд.

Дар факултет айни замон  4 кафедра фаъолият менамоянд: «Меваю сабзавот ва токпарварӣ», «Хоҷагии ҷангал ва бунёди чаманзор», «Ҳифз ва карантини растаниҳо», «Физиологияи растанӣ, биотехнология ва пиллапарварӣ».

Факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ  аз рӯйи
7-ихтисос мутахассис омода менамояд

1-740204-2501

Агрономи боғпарвар-иқтисодиёт

1-740204

Меваю сабзавотпарварӣ

1-740203

Ҳифзи растаниҳо ва карантин

1-74020306

1-310500

Пешгӯӣ ва огоҳии организмҳои зараррасон

Пиллапарварӣ

1-75010101

Илми ҷангалпарварӣ ва ҷангалпарварӣ 

1-750201

Бунёди боғу истироҳатгоҳҳо 

7402042501-АГРОНОМИ БОҒПАРВАР-ИҚТИСОДИЁТ

Ихтисоси 1-7402042501-агрономи боғпарвар-иқтисодиёт соли 2012 дар назди кафедраи меваю сабзавот ва токпарварӣ  ташкил карда шудааст. Ихтисоси мазкур вобаста ба талаботҳои нави истеҳсолоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, дар донишгоҳ муддати ҳафт сол мешавад, ки донишҷӯён таҳсил менамоянд. Мутахассисоне, ки ин равияро хатм менамоянд маълумоти пурра ҳамчун агрономи соҳаи боғу токпарварӣ ва сабзавотпарварӣ иқтисодиёти соҳаи кишоварзиро мувофиқи талаботи тавсифи тахассусӣ мегиранд. Мутахассисони оянда соҳиби  ду  тахассус: агрономи боғпарвар,  иқтисодиёт  мегарданд. Мӯҳлати таҳсил дар ихтисоси мазкур 5 сол буда, хатмкунанда дорои маълумоти олии пурра мегардад. Дар баробари гирифтани маълумоти олии пурра дорои касби агрономӣ боғпарвар, иқтисодчӣ мегардад. Хатмкардагони ин ихтисос дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ, самтҳои иқтисодӣ, сохторҳои идоракунии давлатӣ ва дигар соҳаҳо фаъолият карда метавонанд.

740204-МЕВАЮ САБЗАВОТПАРВАРӢ

Мутахассисони соҳаи  боғдорӣ, меваю сабзавот ва токпарварӣ баъди хатми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон метавонанд ҳамчун мутахассис ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, саҳомӣ, шартномавӣ рафта, ба сифати роҳбар кор ва фаъолият намоянд. Ҷумҳурии мо ба мутахассисони баландихтисос ва болаёқати соҳаҳои боғпарварӣ, меваю сабзавот ва ангурпарварӣ эҳтиёҷи калон дорад. Ғайр аз ин онҳо метавонанд ба сифати сармутахассиси соҳа дар идораҳои кишоварзӣ, ассотсиатсияҳои саҳомии боғу-токпарварии ноҳияҳо, дар секторҳои ҳукуматӣ ҳамчун мутахассис кор ва фаъолият намоянд. Дар сохтори факултет инчунин озмоишгоҳҳо, майдончаҳои таҷрибавӣ, гармхонаҳо барои парвариши растаниҳои ситрусӣ фаъолият доранд, ки барои баланд бардоштани дараҷаи тахассусии донишҷӯён мусоидат мекунанд.

740203-ҲИФЗИ РАСТАНИҲО ВА КАРАНТИН

Ҳифзи растаниҳо яке аз самтҳои асосӣ ва муҳим дар соҳаи  кишоварзӣ ба шумор меравад. Мутахассисони соҳаи ҳифзи растаниҳо барои минбаъд фаъолият намудан дар хоҷагиҳои  давлатӣ, деҳқонӣ  (фермерӣ), шахсӣ, идораи кишоварзӣ ва карантини  ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ тайёр карда мешаванд. Онҳо метавонанд дар хоҷагиҳо ва  дигар муассисаҳои кишоварзӣ  ба ҳайси олим-агрономи соҳаи ҳимояи наботот фаъолият намоянд. Дар сохтори факултет инчунин озмоишгоҳҳои  биоинсектикӣ ва фитопотология фаъолият доранд, ки барои омӯзиши муборизаи биологӣ бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва таҳқиқи  касалиҳои растаниҳо мусоидат менамоянд.

74020306-ПЕШГӮӢ ВА ОГОҲИИ ОРГАНИЗМҲОИ ЗАРАРРАСОН

Дар соҳаи кишоварзӣ ҳамасола организмҳои зараррасон таъсири манфии зиёде мерасонанд. Барои омӯзиши пурраи хусусиятҳои биологӣ, экологӣ ва физиологии зараррасонҳо ва роҳҳои мубориза бар зидди онҳо мутахассисони соҳавӣ зарур мебошанд. Аз ин лиҳоз бо пешниҳоди раёсати донишгоҳ дар факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ ихтисоси нав бо номи пешгӯи ва огоҳии организмҳои зараррасон дар соли 2018 кушода шуд.  Аз рӯи ихтисоси мазкур айни замон 24 нафар донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд. Донишҷӯёни ихтисоси зикршуда метавонанд дар корхонаҳои «Ҳифзи растаниҳо ва химикикунонии соҳаи кишоварзӣ», биолабораторияҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ, биофабрикаҳо ва хоҷагиҳои таҷрибавии намунавӣ таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ гузашта дар оянда дар ин муассисаҳо кор ва фаъолият намоянд.

75010101-ИЛМИ ҶАНГАЛПАРВАРӢ ВА ҶАНГАЛПАРВАРӢ

Ҷангалпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишвар буда, ба мутахассисони ҷавон эҳтиёҷи зиёд дорад. Дар тамоми ҷумҳурӣ хоҷагиҳои ҷангал таъсис дода шудааст ва барои кор хатмкунандагони кафедраи ҷангалпарварӣ ҳамасола равона карда мешаванд. Баъди хатми донишгоҳ мутахассисон метавонанд ба хоҷагиҳои ҷангали маҳали зист рафта, дар вазифаҳои гуногун кор ва фаъолият намоянд. Инчунин дар сохтори ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳия ва деҳот ба сифати мутахассис доир ба кабудизоркунии маҳалли зист фаъолият намоянд.

750201-БУНЁДИ БОҒУ ИСТИРОҲАТГОҲҲО

Ихтисоси боғу истироҳатгоҳҳо барои ободонию кабудизоркунии маҳали зисти аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ, сохтани парку боғҳои истироҳатӣ дар  шаҳру ноҳияҳо мутахассис тайёр мекунад. Хатмкунандагони ин ихтисос дар хоҷагии ҷангал ва бунёди чаманзор дар оянда дар сохторҳои гуногуни хоҷагиҳои ҷангал ва экология, ободонию  кабудизоркунии назди ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ва ғайра дар вазифаҳои гуногун фаъолият карда метавонанд. Инчунин онҳо имконият доранд, ки дар ташкилу ободонии боғҳои истироҳатӣ, паркҳо, ҷангалбоғҳо, кабудизоркунии саҳни биноҳои истиқоматӣ ва корхонаҳо  саҳми арзанда гузоранд.

310500- ПИЛЛАПАРВАРӢ

Кирмакпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои васеъ ҷорӣ намудани ин соҳаи муҳим дар илм ва истеҳсолот мусоидат мекунад. Пешрафти ин соҳа аз тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси салоҳиятдор ва бо таҷриба вобаста мебошад.

Мутахассисони ин соҳа метавонанд дар корхонаҳои давлатии саноати сабук  бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо маҳсулоти нахи абрешимӣ саҳмгузор бошанд. Хатмкунандагони соҳаи  пиллапарварӣ, метавонанд дар ширкатҳои хусусӣ, ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ, технологияи коркарди нахҳои абрешим, технологияҳои коркарди ресмонҳо, нахҳои табиию сунъӣ ва технологияи коркарди матоъҳои абрешим  кор ва фаъолият намоянд.

Ихтисосҳои Факултети Боғдорӣ ва биотехнологияи