Факултети Иқтисодӣ
Олимов Аловиддин Хайруллоевич,
декани факултети иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Соли 1963 дар асоси қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон дар таркиби факултаи агрономӣ шуъбаи иқтисодиёти кишоварзӣ ташкил гардид, ки сарварии онро дотсент Шефтел Н.М. ба уҳда дошт. Аз соли 1966 ҳамчун ҷузъи мустақили донишкада ташкил карда шуд, аввалин сарвари он дотсент Қодиров Ч.К. буд.
Солҳои гуногун факултетро дотсентон Манякин А.Г (1979 то 1983), Аҳтамов Х.А. (1983-1984), Набиева М.С. (1984-1994), профессор узви вобастаи Академияи байналхалкии мактабҳои олӣ, Эргашев Р.Х.(19942002), профессор Самандаров И.Ҳ.(2002-2004), д.и.и., профессор Пириев Ҷ.С. (2004-2007), Баева Н.Х. (2007-2015), Бобоев Ш.Қ. (2015-2020) Мирзоев Б. (2020-2022) роҳбарӣ кардаанд. Аз моҳи майи соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи декани факултетро Олимов Аловиддин Хайруллоевич номзади илмҳои иқтисодӣ дотсент иҷро карда истодааст.
Собиқадорони факултет Носиров Р., Кароматуллоева Р., Шаропов У., Юсупова Д.С., Назаров Ш., Дустмухамедова М., зумраи дигари онҳо ба мисли Мадаминов А.А., Розиқов М.У., Манякин Х.А.., Аҳтамов Д.К., Миракилов Т.М., Мирзоев Т.М., Қурбонов Т.К., Анваров М.А. ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд.
Ба сохтори факултет 4 кафедра: ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои комплекси агросаноатӣ (1931), иқтисо-диёти комплекси агросанотӣ (1966), назарияи иқтисодӣ (1964), менеҷмент ва соҳибкорӣ (1978) шомиланд, ки дар онҳо зиёда аз 35 нафар устодони пуртаҷриба, аз ҷумла, 1 профессор, 15 номзади илм, дотсентон кор мекунанд.
То соли 1977 факултети иктисодӣ танҳо иқтисодчӣ тайёр мекард. Ҳоло менеҷеронро низ тайёр менамояд. Агар то соли 1972 хатмкардагони факултет тахассуси агроном-иқтисодчии олӣ мегирифта бошанд, ҳоло факултет барои соҳаи кишоварзӣ аз рӯйи ихтисосҳои 1-25010715 –иқтисодёт ва идора дар комплекси агросаноатӣ, 1-25011017 – тиҷорат дар комплекси агросаноатӣ, 1-26020207 – менеҷменти истеҳсолӣ, 1-430202 - технолгия ва ташкили хизматрасонии сайёҳӣ (агротуризм) бакалавру магистрҳои баландихтисос низ тайёр менамояд. Дар факултет зиёда аз 25 нафар аспирантон ва унвонҷӯён рисолаҳои номзадии худро дифоъ карда, соҳиби унвони доктори илми иқтисодӣ, номзади илми иқтисодӣ гардиданд.
Мутахассисони иқтисодиёти истеҳсолоти кишоварзӣ метавонанд дар корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои илмӣ – таълимӣ фаъолият карда, дар ташкил намудани раванди истеҳсолот саҳми худро гузоранд. Хатмкардагони ихтисоси идоракунӣ дар муҷтамаи агросаноатӣ бошанд, усулҳои беҳтарини идоракунии истеҳсолот ва захираҳои моддӣ техникӣ, меҳнатӣ ва молиявиро омӯхта, онро дар истеҳсолоти кишоварзӣ ҷорӣ менамоянд. Хатмкардагони ихтисоси «Тиҷорат дар КАС» пас аз хатми донишгоҳ, усулҳои нави тиҷорати маҳсулоти кишоварзиро дар низоми фуруши маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори дохилӣ ва байналмилалӣ амалӣ мегардонанд.
Омӯзгорони факултет доимо кӯшиш менамоянд, ки принсипҳои асосии иқтисодиёти бозоргониро ба донишҷӯён омӯзанд. Бо мақсади иҷрои ин вазифаи муҳим дар факултет профессорону омӯзгорони варзида Пиризода Ҷ., Қудратов Р.Р., Носиров Р., Шарофов У. Мирзоев Б., Исломов Ғ.Ҳ., Анваров И.М., Ашуров Ш.А., Кароматуллоева Р.С., Юсупова Д., Назаров Ш., Кабиров С., Исмоилов ИМ., Раҳимов С.Д. Бобоазизода Ш.А., Насриддинов Ш., ва дигарон ҷалб карда шудаанд.
Ислоҳоти куллии низоми таҳсилоти олии касбӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст, ба болоравии сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони варзида мувофиқи талаботи стандартҳои байналхалқии таҳсилот ва воридшавии мактабҳои олии кишвар ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ равона карда шудааст.
Аввалин шуда дар донишгоҳ ихтисоси «Идоракунӣ дар КАС»-и ба таҳсили низоми кредитӣ гузаронида шуд. Хусусияти хоси ин низоми таҳсил дар он зоҳир мегардад, ки ба ташкил ва назорати иҷрои кори мустақилонаи донишҷӯён диққати махсус дода мешавад. Баҳогузорӣ ба кори мустақилонаи донишҷӯён, ба эътибор гирифтани натиҷаи он дар рафти имтиҳонҳои ҷамъбастӣ онҳоро водор месозад, ки ҳамарӯза бо тайёрии хуб ба дарс ҳозир шаванд.
Садорат ва коллективи омӯзгорони факултет баланд бардоштани сифати таълимро вазифаи аввалиндараҷаи худ дониста, дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи замон ҷавобгӯ доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Барои баланд бардоштани дараҷаи донишандӯзии донишҷӯён дар кафедраҳои факултет матни лексияҳо пайваста такмил дода шуда, як қатор дастурҳои методӣ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ, таҷрибавӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯён, иҷрои корҳои (лоиҳаҳо) курсӣ ва таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолӣ тайёр карда шудаанд. Коллективи профессорону омӯзгорони факултет доимо кӯшиш менамоянд, ки принсипҳои асосии иқтисодиёти бозоргонӣ ва усулҳои беҳтарини идоракуниро ба донишҷӯён таълим диҳанд.
Омӯзгорон мувофиқи нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯи "Саноатии соҳаи кишоварзи - омили муҳими рушди устувори сектори КАС" корҳои илмӣ тадқиқотӣ бурда истодаанд.
Бо мақсади омӯзиши ҳолати ҳозираи тараққиёти кишоварзии ҷумҳурӣ ва таҳлил намудани роҳҳои асосии рушди устувори соҳаҳои кишоварзӣ, дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои ҳақиқӣ ва амалии хоҷагидорӣ ба ҳар як кафедра қисми мавзӯъ вобаста карда шудааст.
Дар кафедраҳо барои муайян намудани самаранокии иқтисодии соҳаҳои кишоварзӣ, ба монанди ҷорӣ намудани технологияи бепартов, таъминот бо воситаҳои асосии истеҳсолот, беҳтар намудани инфраструктураи истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, истифодабарии кадрҳои соҳаи кишоварзӣ тадқиқот бурда истодаанд.
Барои коллективи кафедраҳои факултет корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён қисми муҳим ва таркибии фаъолият ба ҳисоб рафта, ба он диққати махсус дода мешавад. Дар ин самт дар тарбияи шахсони созандаю фаъол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаҳои дар шуури донишxēён тарбия намудани худогоҳии миллӣ, арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ басо муҳим мебошад, ки мақсади ниҳоии он баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, дараxаи донишандēзии донишxēён шуури баланди сиёсию фарҳангb, масъулияти баланди ватандорb мебошад. Дар тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбу бофарҳанг ва дар бозори меҳнат рақобатпазир тадбирҳои судмандро амалb намуда, дар ин замина мақсади омода намудани мутахассисони баландпояи xавобгēи бозори xаҳониро дар амал татбиқ намуда, ки барои баландшавии маданият ва ҳисси худшиносии ҷавонон мусоидат хоҳад кард.
Омӯзгорони факултет инчунин дар байни донишҷӯёни таҳсили ғоибона шаклҳои гуногуни корҳои тарбиявиро ташкил менамоянд. Доимо пеш аз гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ ва ҷашнҳои соҳавӣ ба монанди Меҳргон, Сада, Наврӯз рӯзномаҳои деворӣ таҳия намуда, дар саҳифаҳои онҳо оид ба масъалаҳои баррасишаванда маълумот дарҷ менамоянд.
Дар омодасозии чорабиниҳои мазкур донишҷӯён низ баробари устодон саҳми худро мегузоранд. Мақсади корҳои таълимӣ ва илмӣтадқиқотӣ дар асоси таҳлил ва омӯзиши ҳолати ҳозираи тараққиёти кишоварзии ҷумҳурӣ муайян намудани роҳҳо ва усулҳои нави самараноки тараққиёти устувори кишоварзӣ дар асоси тараққиёти ҳақиқӣ ва амалии хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад.