Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Факултети Тибби ветеринарӣ

     Rahimov F

Раҳимов Фируз Файзалиевич, 
декани факултети тибби ветеринарӣ, номзади илмҳои ветеринарӣ, дотсент 

  Факултет соли 1963 таъсис ёфтааст  ва  коллективи эчодии  дорои нерӯи бузурги илмию омӯзгорӣ, аз ҷумлаи намояндагони наслҳои гуногун, мактабу самтҳои илмӣ ташкил карда шудааст.

Аввалин декани факултет профессор Маҷидов Ф.Х. (1963-1968) буд. Сипас дотсентон Набиев Д.Н. (1968-1976), Ҷумаев Н.С. (1977-1979), Мотаев Б. Г. (1980-1985), Иванова Ю.Ф. (1985-1990), Мирзоаҳмадов Ш.Р.  (1991-2005), Ҳасанов Н. Р. (2005-2008), Ҳабибов А.Х. (2008-2014),   Нурмадов Қ.Н. (2014-2018),  Давлатмуродов Т.М. (2018-2022)  сарварии факултетро ба уҳда доштанд.Ҳоло дотсент   Раҳимов Ф.Ф.  вазифаи декани факултетро иҷро карда истодааст.

Тайёрии босифати мутахассисони ветеринариро 1 нафар академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, 6 нафар доктори илм, 10 нафар номзади илм, 8 нафар омӯзгори калон, 9 нафар ассистент ва 2 нафар магистр таъмин мекунанд.

Алҳол  дар факултет устодони моҳиру соҳибтаҷриба ва ҷавонони болаёқат профессорон: И.Сатторӣ, Н.Ё.Ёрбоев, Ш.Р.Мирзоаҳмадов, Ш.Р.Розиқов,  М.Р.Сахимов, Раҳматзода Н.Р., Турдиев Ш.А.,  дотсентон:  Қ.Н.Нурмадов,  Қ.У. Идиев, М.Ҷ.Хоҷаев, Ф.Ф Раҳимов, Ш.С.Вазиров, Т.М.Мирзоализода,  Ш.Ҳ.Назаров, Р.Ҳ.Шодибоева,   И.Х.Иматшоев, омӯзгорони  калон: Ш.С.Соҳибов, С.Ҷ.Ҷӯраев, Б.С.Давлатов, Ф.Ф.Зокиров, А.Р.Сафаралиев, Ш.Ф.Шеров, Ф.Х.Сафаров, Р.А.Азизов, М.С.Зоиров, омӯзгорон:  С.М.Исвалиев,  Г.Адҳамова, Р.С.Абдуллоев, Ё.Б.Шоимардонов, А.Тупалов, Ҳ.М.Рабиев, С.Д.Абдураҳимов, А.Холиқова фаъолият доранд.

Дар кафедраҳои факултет донишҷӯён аз рӯи 3 барномаи таълимии бакалавриат омӯзонида мешаванд: 1-740302-«Тибби байторӣ»; 1-740372 — «Тибби байторӣ-фарматсевт»; 1-74030201 – «Озмоиши байтории санитарӣ».

Факултет аз 5 кафедраи тахассусӣ иборат аст: анатомия ва гистология; микробиология ва эпизоотология; фармакология ва паразитология; ҷарроҳӣ, қобилагӣ ва табобатӣ

Шумораи донишҷӯёни факултет 1105 нафар, аз ҷумла 768 нафар донишҷӯёни таҳсили рӯзона ва 337 нафар донишҷӯёни таҳсили фосилавӣ, аз ҷумла 53 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз хориҷи дуру наздик мебошанд. Аксари донишҷӯёни хориҷӣ шаҳрвандони кишварҳои Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Афғонистон мебошанд.

Таи солҳои мавҷудияти худ факултет зиёда аз 2990 нафар мутахассиси баландихтисосро тайёр намудааст. Бояд қайд намуд, ки аз хатмкардагони факултет дар вазифаҳои давлатӣ: 2 нафар Раиси   Ҳукумати вилоятҳо, 8 нафар раисони Ҳукумати ноҳияҳо, 1 нафар Вазири кишоварзӣ, 6 нафар намояндагони халқ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, 2 нафар академик ва 1 нафар узви вобастаи АИКТ фаъолият  кардаанд.

Донишҷӯён таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар хоҷагиҳои пешқадами чорводорӣ, аз ҷумла хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии «Ҳисор», хоҷагҳои ба номи «Латиф Муродов», «Баракати чорводор» ва «Абдурауф Юсупов»-и шаҳри Ҳисор мегузаранд.

Олимони факултет дар мавзӯи «Мониторинги бемориҳои сироятию инвазионӣ ва ғайсироятии чорво ва бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд. Корҳои илмии профессорон  Ёрбоев Н., Мирзоев Д.М., Мирзоаҳмадов Ш.Р., Розиқов Ш.Ш., Сахимов М.Р., Раҳматзода Н.Р., дотсентон Мирзоализода Т.М., Идиев Қ.У., Иматшоев И.Х. оид ба пешгирӣ ва мубориза  бар  зидди касалиҳои сироятии одаму ҳайвонот равона карда шудааст, ки дорои 33 патент ва 10 шаҳодатномаи муллифӣ мебошанд. Дар факултет 33 номгӯи китоб, 232 дастурҳои методӣ бо забони тоҷикӣ ва зиёда аз 320 мақолаи илмӣ аз чоп бароварда шудаанд.