Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Факултети Зооинженерӣ


ҶУРАБЕКЗОДА Абдуҷаббор Ҷурабег,

декани факултети зооинженерӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент

 

 Дар пойгоҳи факултети агрономӣ соли 1943 шуъбаи зоотехникӣ  таъсис ёфт, ки соли 1943 ин шуъба ба  факултети зоотехникӣ ва баъдан соли 1976  ба  факултети зооинженерӣ табдил дода шуд. Дар факултет 5 кафедра, 2 зерсохтори илмии баландихтисосиомӯзгорону профессорон иборат аз 1 академики ИАХҚБЛ ва  АИ  ИҶМ  Тоҷикистон, 1 профессор, 17 номзади илм ва дотсент, 7 омӯзгори калон  ва 15 ассистентон кору фаъолият менамуданд.

Декании нахустини факултет, дотсент Пихачек Мария Ивановна (1945-1954) буд. Дар солҳои минбаъда вазифаи декани факултетро профессор, Ғаффоров Абдузунун Қаҳорович (1954-1973), дотсент Ҳамроев Содиқ Абдуллоевич (1973-1983), дотсент Шамсиев Мулло Азизович (1983-1995), профессор Қодиров Тура Абдуллоевич (1995-2005), доктори илмҳои биологӣ Қосимов Раҷаббек Бобораҷабович (2005-2013), доктори илмҳои биологӣ Амиршоев Файзулло Сафарович (2013-2015), доктори илмҳои кишоварзӣ Шамсиев Арбобмирзо Гадоевич (2015-2017), профессор Қодиров Тура Абдуллоевич (2017-2018) ба уҳда доштанд. Аз моҳи июли соли 2018 то ин имрӯз номзади илмҳои кишоварзӣ, и.в. дотсент Мастов Абдуҷабор Ҷурабекович ин вазифаро  иҷро намуда истодааст.

Солҳои гуногун дар факултет олимони машҳури соҳаи чорводорӣ фаъолият намудаанд. Аз ҷумла академик Алиев Ғ.А., профессорон Ратсиборский В.А., Руденко П.Д., Алтшулер В.Е., Ванновский Т.Я., Лебедев И.Г., Солдатенков Н.И., Форсихонов С.И., Ғаффоров А.Қ., Ли Г. Т., Солиев Н.С., дотсентон Пихачек М.И., Горбунова Н.А., Ларцева С.К., Мамин Н.О., Файзиев Ғ.Ф., Умаров М.У., Самиев А.С., Саидов Ғ.А., Ҳамроев С.А., Сафаров Ҳ.М., Манякин А.Г., Горшкова К.Г., Қодиров Р.К., Арав В.И., Лючипи Л.В., Колотева Р.С., Норов А.Н., Муруватов Ҷ.М ва дигарон, ки аксарияташон на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он эътироф гардидаанд, хизмати шоиста  ва адои вазифавӣ  дар ин самт карданд.

Айни ҳол ба донишҷӯён зиёда аз 44 нафар олимону омӯзгорон, аз ҷумла: 1 нафар академик, 8 нафар профессор, 15 нафар дотсентону номзадҳои илм ва 20 нафар омӯзгорони калону ассистентҳо таълим медиҳанд. 

Дар таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми олимони варзида чун академик Комилзода Д.Қ., профессорон, Қодиров Т.А., Раҷабов Ф.М., Рӯзиев Т.Б., Шамсиев А.Г., Назаров Н.Э., Ҳаитов А.Ҳ, Амиршоев Ф.С., Шарипов А., дотсентон Мастов А.Ҷ., Алибаева М., Дӯстов К., Раҳматова С.А., Шамсов Э.С., Бозоров Ш.Э., Мирзода З.Қ., Раҷабов Н.А.,Зикаева С.З., омӯзгорони калон Сафаров Т.С., Азизов Ф.Ф., Аюбов Б.М., Давлатов М.Н., Қаҳоров Н.Ш., Шерназаров М.А., Даминова К.Х., Усмонов Н.С., Зубайдов К., Сабурова Ш.У., Забирова З., Фархудинов С.А. Соатов С.С., Ҷамолова Ҷ.З. ассистентон Боязитов Ф., Тағоймуродов М., Шукурова Н., Тешаева М., Бахтиёри  С., Назаров А., Тураев С., Рӯзиев Х., Хайрулоева Х., Гулова М., Файзова Т., Гадоева С. онҳо инчунин саҳми худро дар омода намудани мутахасисони соҳаи КАС гузоштаанд ва идома дода истодаанд.

Факултет дар тӯли 75 соли фаъолияташ зиёда аз 4600 мутахассисони баландихтисос тайёр намуда, ба истеҳсолот равона намудааст.

Айни ҳол дар факултет 6 кафедра амал мекунад: кафедраҳои зоотехнияи ҷузъӣ, технологияи коркарди маҳсулоти чорводорӣ ва хӯронидани чорво, зотпарварӣ ва генетикаи чорвои хоҷагии қишлоқ, ихтиология ва физиологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ  инчунин  забони тоҷикӣ. Кафедраҳои тахассусии факултет бо лабораторияи махсусгардонидашудаи замонавӣ ва бо таҷҳизоти хориҷӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Факултет аз рӯйи 6 ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Доир ба ҳамаи ихтисосҳои тахассусӣ дараҷаи бакалавр ва магистрӣ маълумоти олии касбӣ дода мешавад.

Ихтисоси 740301-зоотехния, яке аз ихтисосҳои асосии факултети зооинженерӣ ба ҳисоб меравад. Дар тули 75-соли  фаъолияти худ зиёда аз 4375 нафар мутахассисони соҳибихтис ин равияро хатм намуда  ба     истеҳсолот равона шудаанд.   Хатмкунандагони ин ихтисос барои баланд бардоштани соҳаи чорводорӣ дар ҷумҳурӣ саҳми босазо гузоштаанд ва минбад низ  мегузоранд. 

Ихтисоси 74020601-Технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (чорводорӣ) - соли 2000 таъсис дода шуд. Ин ихтисос аз рӯйи талаботи замону пешрафти соҳаи чорводорӣ  ва коркарди маҳсулоти он (шир, панир, қаймоқ, ҷурғот, ҳасиб, пашм, пӯст, тухм, асал ва ғайра) ба роҳ монда шудааст. 

Ихтисоси 740331- занбӯриасалпарварӣ барои тайёр намудани мутахассисон соли 2005 ба фаъолият шурӯъ намуд. Хатмкунандагони ин ихтисос малакаи пурраи коркарди ҳамаи намудҳои маҳсулоти занбӯриасалро дар сатҳи талаботи имрӯзаи байналхалқӣ аз худ менамоянд. 

Ихтисоси 311700-моҳипарварӣ соли 2008 таъсис дода шуд. Соҳаи моҳидорӣ ва моҳипарварӣ дар инкишофи хоҷагии қишлоқ бахусус чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарватҳои бузурги  обӣ дорад, аз ҷумла ҳавзҳо, кӯлҳо, обанборҳо, дарёҳо, наҳрҳо шабакаи заҳкашу заҳбурҳо дохил мешаванд,ки барои пешрафти ин соҳа хизмат мерасонанд.  

Ихтисоси 3118-парандапарварӣ. Бо мақсади тадбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети зооинженерӣ дар назди кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи чорво, ихтисоси парандапарварӣ кушода шуд. Ин ихтисос яке бахшҳои  даромадноки  соҳаи кишоварзӣ мебошад ва барои истеҳсоли маҳсулотҳои соҳа, нисбати дигар соҳаҳои чорводорӣ 3-5 маротиба камтар  барои рушди ин соҳа вақт, меҳнат, хӯрока ва дигар маводи зарурӣ сарф мешавад. Инро ба назар гирифта, дар барномаи таълимии факултети зооинженерӣ ба таълиму тадриси парандапарварӣ, ҳамчун як соҳаи муҳими хоҷагии халқ диққати махсус дода шудаааст.

Ихтисоси 7403012501 – зоотехнолог-иқтисодиёт-менеҷмент соли 2013 бо мурури замон дар натиҷаи талаботи ҷомеа бо гузариш ба сатҳи баланди коргузорӣ аз рӯйи ихтисосҳои омехта ташкил карда шудааст. Мутахассисони чунин ихтисос метавонанд соҳиби се ихтисоси мутамарказ, яъне ҳам зоотехнолог ва ҳам иқтисодчию менеҷмент шуда кор ва фаъолият намоянд.

Олимони факултет дар қатори таълиму тарбияи донишҷӯён, инчунин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мегузаронанд. Дар даҳ соли охир  олимони факултет аз рӯйи мавзӯҳои илмии фармоишӣ №ТД 000 000 847 «Роҳҳои баланд бардоштан ва ба вуҷуд овардани зотҳои нави сермаҳсули чорвои хоҷагии қишлоқ» давоми  солҳои 2001-2005 ва №ТД 05 81 «Такмил додан ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорвои хоҷагии қишлоқ, паранда ва моҳӣ» байни солҳои 2006-2010 «Муайян намудани зотҳои сермаҳсули бедонаҳо тарҳрезии технологияи парвариши самаранок ва нигоҳдории онҳо» КД № 0104ТД080 байни солҳои 2005-2010 ва «Коркарди меъёрҳои муътадили зичии ҷойгиркунии бедонаҳо дар қафасҳо ва татбиқи он дар истеҳсолот» РД 01.11. ТД 067  байни солҳои 2011-2015 корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бурда, инчунин  давоми  солҳои 1995-2000, 2005-2012, 2014-2018 шӯроҳои илмӣ дар факултет амал кард ки олимону унвонҷӯёни факултет ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд ва аз 28 декабри соли 2018 то инҷониб шӯрои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рамзи (6D.КОА-049), 6D080200 - технологияи истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ фаъолият дорад.  

Дар ин муддат 8 нафар устодони соҳибкасби факултет,  рисолаҳои докторӣ ва омӯзгорони ҷавону умедбахш, 20 нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, соҳиби диплом гардиданд.

Ҳоло омӯзгорони ҷавони факултет Сафаров Т.С., Бахтиёри Сайвалӣ ва Соатов С.С. дар арафаи дифои рисолаҳои номзадии худ қарор доранд.