Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи фармакалогия ва паразитология

Roziqov SH

 

 

Розиков Шомаҳмад Шерович,

мудири кафедраи фармакалогия ва паразитология, доктори илмҳои ветеринарӣ, профессор

Кафедра бо номи назофоти ҳайвонот ва асосҳои ветеринарӣ соли 1965 таъсис дода шудааст. Аз соли 1990  паразитология ва назофоти ҳайвонот ва аз соли 2010 фармакология ва паразитология номгӯзорӣ шудааст. Вазифаи мудири  кафедраро дотсентон А.Г.Корнет (1965-1974), Н.С.Ҷумаев (1974-1984), доктори илмҳои тиб, профессор А.Ё.Ёқубов (1984-1989), доктори илмҳои биология, профессор С.А.Муҳаммадиев (1989-1993), дотсентон У.А.Абдуллоев (1994-2000), М.Р.Сахимов (2000-2003),  доктори илмҳои ветеринарӣ, профессор Ш.Ш.Розиқов (2003-2013) ва доктори илмҳои ветеринарӣ профессор Ш.Р.Мирзоахмедов (2013-2015) иҷро намудаанд. Айни ҳол роҳбарии кафедраро доктори илмҳои ветеринарӣ, профессор Ш.Ш.Розиқов ба уҳда дорад.

Дар кафедра дар тайёр намудани мутахасисон аз рӯйи ихтисосҳои 1-74 03 02-тибби байторӣ, 1-74 03 72- тибби байторӣ-фарматсевт, 1-74 03 04- беҳдошт ва озмоиши ветеринарӣ аз фанҳои фармакологияи ветеринарӣ, паразитология ва касалиҳои инвазионии ҳайвонот, токсикологияи ветеринарӣ, забони лотинӣ, ихтиопаразитология, фармакогнозия, технологияи фарматсевтӣ, биотехнологияи фарматсевтӣ,  идоракунӣ ва иқтисодиёти фарматсевтӣ, молшиносӣ, стандартикунонӣ ва назорати сифати дору, касалиҳо ва зараррасонҳои паранда, асосҳои ветеринарӣ омӯзонида мешавад.     Се синфхонаи кафедра бо  асбобу анҷоми ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаааст (микроскоп ва тахтаи электронӣ).

Ҳоло дар кафедра докторони илмҳои ветеринарӣ, профессорон Розиқов Ш.Ш., Мирзоаҳмадов Ш.Р., Сахимов М.Р., дотсентон Хоҷаев М.Ҷ., Ҷураев С.Ҷ., омӯзгори калон  Зоиров М.С. ва омӯзгор Абдураҳимов  С., Абдуллоев Р  фаъолият доранд.

Фанҳои кафедра бо 7 китоби дарсӣ ва 17 дастури таълимӣ ба забони давлатӣ  таъмин мебошанд. Дар ин самт фаъолияти устодон Ш.Ш.Розиқов, М.Р.Сахимов, Ш.Р.Мирзоаҳмадов, М.Ҷ.Хоҷаев, М.С.Зоиров назаррас мебошад. Дарсҳои назариявӣ бо истифодаи усулҳои интрактивӣ таълим дода мешавад.

Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра дар мавзӯи «Тарҳрезии усулҳои самараноки муҳофизати ҳайвонот аз паразитҳо вобаста аз ҳолатҳои эпизоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2021-2025 дар хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ иҷро мешаванд. Бо ташаббуси устодон ва дархости шуъбаи илми донишгоҳ дар кафедра мактаби илмӣ бо номи «Ҳаёти солими бе муфтхӯр» ташкил карда шуд, ки дар он устодон ва донишҷӯён ҷалб карда мешаванд.

Натиҷаҳои корҳои илмии кафедра соҳиби 4 патент гардида, 21 тавсияномаҳои олимони кафедра дар истеҳсолот мавриди истифода қарор доранд.

Омӯзгорони кафедра дар конфронсҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои Упсалла (Шветсия), Урумчи (Чин), Самарқанд (Ӯзбекистон), Саратов ва Москва (Росия), Минск (Беларус) баргузор гардидаанд, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардаанд. 

Veterinari roziqov

Мудирон:Аз рӯзи таъсисёбӣ вазифаи мудири  кафедраро дотсентон А.Г.Корнет (1965-1974), Н.С.Ҷумаев (1974-1984), доктори илмҳои тиб, профессор А.Ё.Ёқубов (1984-1989), доктори илмҳои биология, профессор С.А.Муҳаммадиев (1989-1993), дотсентон У.А.Абдуллоев (1994-2000), М.Р.Сахимов (2000-2003),  доктори илмҳои ветеринарӣ, профессор Ш.Ш.Розиқов (2003-2013) ва доктори илмҳои ветеринарӣ профессор Ш.Р.Мирзоахмедов (2013-2015) иҷро намудаанд. Айни ҳол роҳбарии кафедраро доктори илмҳои ветеринарӣ, профессор Ш.Ш.Розиқов ба уҳда дорад.

Дастовардҳо:Дар ҷараёни таълим ҳамасола  барои дар як  сатҳи баланд таъмин намудани  иҷрои сарбории ба кафедра ҷудошуда омӯзгорони соҳибтаҷриба ҷалб карда мешуд. Барои наздик намудани назария бо истеҳсолот ва такмил додани қобиляти зеҳни донишҷӯён, такроран Раёсати донишгоҳ бо як қатор зерсохторҳои Комитети бехатарии озуқаворӣ назди Президенти ҶТ шартномаи тарафайн бастанд ва инчунин синфхонаҳои таълими барои 15 ҷои нишаст ташкил намуданд. Дарсҳои назариявӣ аз фанни дорушиносӣ ва паразитология бо тариқӣ презентатсия,  таъмини донишҷӯён бо маводҳои тақсимотӣ, бо иштироки 2 нафар омӯзгор гузаронида мешавад. Дарсҳои озмоишӣ дар синфхонаи махсусгардонидаи ДАТ ва  дар Маркази назорати маводҳои байтории назди Комитети бехатарии озӯқаворӣ, дар дорухонаҳои ветеринарии ш. Душанбе, дар хоҷагии таълимии ДАТ (Ҳисор), Ёвон бо таъминоти маводҳои дарсӣ гузаронида мешавад.

Фанҳои кафедра бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои услубии бо забони давлатӣ чоп гардида таъмин мебошанд. Китобҳои зеррин нашр гардидааст.

Забони лотинӣ бо асосҳои истилоҳоти тибби ветеринарӣ./муаллифон Сафаров Г.С.,Зоиров М.С.,Зокиров Ф.Ф. Душанбе,2011.

Дорушиносии тибби ветеринарӣ, қисми 1./ муаллифон Сафаров Г.С., Сатторӣ И., Ҳасанов Н.Р. Душанбе, 2008.

Дорушиноси тибби ветеринарӣ барои машғулиятҳои амалӣ. муаллифон Сафаров Г.С., Розиқов Ш.Ш. ва диг. Душанбе, 2009.

Дорушиносии тибби ветеринарӣ, қисми 2./ муаллифон Сафаров Г.С., Сатторӣ И., Ҳасанов Н.Р. Душанбе, 2011.

Қобилагӣ, гинекологияи ветеринарӣ ва биотехнологияи афзоиш. /муаллифон Мирзоахмедов Ш.Р., Турдиев Ш.А., Розиқов Ш.Ш. ва диг. Душанбе, 2011.

Гиёҳдармони дар соҳаи тибби ветеринарӣ. / муаллифон Сафаров Г.С., ва Зоиров М.С. Душанбе, 2012.

Паразитология ва касалиҳои инвазионӣ ҳайвонот./муаллифон Мухамаддиев С.А., Сахимов М.Р., Розиқов Ш.Ш. ва диг. Душанбе,2014.

Заҳршиносӣ дар соҳаи тибби ветеринарӣ. /муаллифон Сафаров Г.С., Мирзоахмедов Ш.Р., Раҳимов Ф.Ф. ва диг. Душанбе, 2015.

Ташхиси касалиҳои инвазионии ҳайвонот. / муаллифон Сахимов М.Р. ва Розиқов Ш.Ш. Душанбе,2021.

Дастурҳои методӣ

1. Дастури методӣ «Муолиҷа ва пешгирии гелминтозҳои кавшакунандагон (эпизоотология, ташхис, ва чораҳоми мубориза)» муал. Розиқов Ш.Ш., ва диг. Душанбе, 2015.

2. Мукаммалгардонии силлабуси фанни кафедра. мул. Устодони кафедра. Душанбе, 2015.

3. Дастурамал оид ба барномаи таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ. муал.Мирзоахмедов Ш.Р., Сахимов М.Р. ва диг. Душанбе, 2015.

4. Дастурамал оид ба ташхиси микроскопии бемориҳои паразити хуни гов. /муал. Рахимов Ф.Ф. ва диг. Душанбе, 2015.

5. Дастурамал оид ба бемориҳои зарарасони парранда. муал. Хоҷаев М.Ҷ., Зоиров М.С. Душанбе, 2015.

6..Дастурамал оид  ба бемориҳои паразитии  моҳӣ. муал. Хоҷаев М.Ҷ., Раҳимов Ф.Ф. Душанбе, 2015.

7. Дастурамал оид ба маводҳои зиддимикробӣ. мул. Мирзоахмедов Ш.Р., Сахимов М.Р. Душанбе, 2015.

8. Методические указания по диагностике, лечению и профилактике трематодозов животных мул. Разиковым Ш.Ш Сахимовым М.Р   Ходжаевым М. Д  Зоиров М.С Джураевым С. Д Душанбе, 2015

9. Методические указания по диагностике, лечению и профилактике цестодозов животных мул. Разиковым Ш.Ш Сахимовым М.Р Ходжаевым  М. Д  Зоиров М.С Джураевым С. Д   Душанбе. — 2017

10. Методические указания по диагностике, лечению и профилактике нематодозов животных мул. Разиковым Ш.Ш.,  Сахимовым М.Р   Ходжаевым  М. Д.,   Зоиров М.С ., Джураевым С. Д   Душанбе. — 2017

11. Дастури методӣ доир ба ташхис, табобат ва пешгирии нематодозҳои ҳайвонот мул. Розиқов Ш.Ш., Хоҷаев М.Ҷ., Зоиров М.С. Душанбе -2017

12. Дастури методӣ доир ба ташхис, табобат ва пешгирии сестодозҳои ҳайвонотмул. Розиқов Ш.Ш., Зоиров М.С. Душанбе. — 2017

13. Дастури методӣ доир ба ташхис, табобат ва пешгирии трематодозҳои ҳайвонот мул. Розиқов Ш.Ш., Хоҷаев М.Ҷ., Зоиров М.С. Душанбе — 2017

14. Дастури методӣ оиди тайёр кардани шаклҳои доруворӣ аз фанни технологияи фарматсевтӣ мул. Мирзоахмедов Ш.Р.,Зоиров М.С.Душанбе- 2019

15. Дастурамал оид ба иҷрои кори курсӣ аз фанни дорушиносӣ мул. Мирзоахмедов Ш.Р., Зоиров М.С.Душанбе- 2019

16. Дастури методӣ доир ба гузаронидани корҳои КМРО ва КМД аз фанни дорушиносӣ мул. Мирзоахмедов Ш.Р., Зоиров М.С. Душанбе- 2019

17. Дастури методӣ доир ба гузаронидани корҳои КМРО ва КМД аз фанни забони лотинӣ мул. Зоиров М.С. Душанбе -2019

18. Дастури методӣ оид ба бемориҳои инвазионии моҳи мул. Хоҷаев М.Ҷ., Зоиров М.С. Душанбе -2019

19. Дастури методӣ оид ба ташхис ва пешгирии бемориҳои гиҷҷавӣ мул. Хоҷаев М.Ҷ., Зоиров М.С. Душанбе -2019

20.Методические указания по диагностике и профилактике  гельминтозных заболеваний мул. Хоҷаев М.Ҷ., Зоиров М.С. Душанбе -2019

21. Дастури методӣ оид ба Технологияи фарматсевтӣ мул. Мирзоахмедов Ш.Р., Зоиров М.С., Душанбе -2019

22. Дастури методӣ доир ба гузаронидани дарсҳои озмоишию-амалӣ барои донишҷӯёни соли хониши 3-юм аз фанни дорушиносӣ мул. Хоҷаев М.Ҷ., Зоиров М.С. Душанбе -2020

23. Дастури методӣ доир ба гузаронидани дарсҳои озмоишию амалӣ барои донишҷӯёни соли таҳсили 4 ва 5-ум аз фанни технологияи фарматсевтӣ мул. Хоҷаев М.Ҷ., Зоиров М.С., Ҷураев С.Ҷ. Душанбе -2021

24. Дастури методӣ оид ба ташхис, табобат ва пешгирии мастигофорозҳо (қамчинакдорҳо) мул. Хоҷаев М.Ҷ., Зоиров М.С. Душанбе -2021

25. Дастури методӣ Оид ба омӯзиши растаниҳои заҳрнок мул. Хоҷаев М.Ҷ., Зоиров М.С. Душанбе -2021

26. Методическое указание по диагностике, лечению и профилактике мастигофорозов (жгутиковые) мул. Хоҷаев М.Ҷ., Зоиров М.С. Душанбе -2021