Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи физиологияи растанӣ, биотехнология ва пиллапарварӣ

Firdavs Qodirov

 

 

ҚОДИРОВ Фирдавс Тағойбекович,

мудири кафедраи физиологияи  растанӣ, биотехнология ва пиллапарварӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент

 Кафедраи физиологияи  растанӣ, биотехнология ва пиллапарварӣ  бо мақсади ривоҷ додани усулҳои нави биотехнологияи навъбарорӣ ва солимгардонии зироатҳои муҳим моҳи апрели соли 1989 кафедраи физиологияи растанӣ ва биотехнология ташкил дода шуд. Ин дуввумин кафедраи биотехнология дар собиқ Иттиҳоди  Шӯравӣ ба шумор мерафт. Аз рӯзи таъсисёби кафедра роҳбарии онро академик Носиров Ю.С. ба зима доштанд. Аз соли 1991 мудири кафедраи мазкуро д.и.к. проессор Муъминҷонов Ҳ.А., аз соли 2003 вазифаи роҳбарии кафедраро н.и.б., дотсент Ҳотамов У.А. ва аз соли 2005 д.и.к., Раҳмихудоев Г., аз соли 2009 то соли 2017 роҳбарии кафедраро д.и.б., профессор Каримов М.К. аз  соли 2017 то 2018 мудири кафедраи физиологияи растанӣ, биотехнология ва пиллапарварӣ-ро  н.и.к. дотсент Ҳафизов Т.Д.аз 21.09.2019 то 05.09.2022 н.и.к., Ќаландаров А.Ф. роҳбарии кафедраро ба уҳда доштанд.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба таҳқиқ намудани асоси физиологияи маҳсулнокӣ ва мутобиқшавии навьҳои нави картошка, гандум ва ангур, аз он ҷумла, физиологияи рушд, камолот, фотосинтез, мутобиқшавӣ ба иқлим ва дар муҳити гуногун омӯхта мешавад. Тахассуси фаъолияти  соҳаи  касбии мутахассис бо равияи "Пиллапарварӣ" ба таҳсили зерсоҳаи системаи идоракунии иттиҳодияҳои кооперативӣ, давлатӣ, кори органҳои идоракунии давлатии  КАС ва умуман оқилона идора намудани технологияи парвариш ва рӯёнидани ҳосили баланди пилла равона карда шудааст. Мутахассис барои кор дар хоҷагиҳо ва дигар муассисаҳои кишоварзӣ, инчунин фаъолият дар муассисаҳои хоҷагии қишлоқ таёр карда мешавад.

Дар давоми фаьолияти кафедра 2 доктор ва 7 номзади илм тайёр карда шуд. Устодони кафедра дар 10 соли охир соҳиби 2 патенти ҶТ гаштаанд.