Кафедраи геодезия ва геоинформатика
ШЕРОВ Даврон Давлатмуродович,
мудири кафедраи геодезия ва геоинформатика
Кафедраи геодезия ва геоинформатика соли 2015 дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ, аз таркиби кафедраи идораи замин ва кадастр ҷудо карда, таъсис дода шуд. Дар кафедра: н.и.к., узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон, профессор Акрамов А.А., н.и.т дотсент Мирзоев М.М., омӯзгорони калон; Шеров Д.Д., Оев О.Т., Қодирова З.А., Тураев А.А., Сафаров Ҳ.Н., Ғоибов Б.И. ассистентҳо Абдуллобеков Б.С., Қодиров Б.А., Мирзоева Б.М., Давлятова Ш.Н., Мардонзода М.М., лаборанти калон Бадриддинова Б. ва дар вазифаи муҳандис коргузор Сангов Ш., кор карда истодаанд. Аз сентябри соли 2021 сар карда, омӯзгори калон Шеров Д.Д. -ба ҳайси мудири кафедра, фаъолият дорад.
Дар кафедра аз рӯи 31 номгӯйи фанҳои гуногун ба донишҷӯёни факултети идораи замин ва геодезия ихтисосҳои 1-560101 «Заминсозӣ», 1-560200 «Геодезия», 1-31020103 География «низомҳои геоиттилоотӣ», 1-560100 «Кадастри замин» ва дар факултети гидромелиоративӣ ихтисосҳои 1-740501 «Мелиоратсияи ва хоҷагии об», 1-70040101- «Сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ», 1-70040304 «Истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои об» 1-740501-2501 «Мелиоратсия иқтисодиёт ва менеҷменти хоҷагии об» дар бахши рузона ва фосилавӣ дарсҳои назариявӣ, амалӣ ва озмоишӣ гузаронида мешаванд. Барои босифат ва пурсамар гузаронидани дарсҳо ва амалияҳои таълимӣ омӯзгорон аз восита/
Таҳти роҳбарии устодон 3 - нафар аспирантону унвонҷӯён корҳои илмӣ-тадқиқотии рисолаҳои илмии худро баитмом расонида барои дифоъ намуда омода кардаанд ва дар арафаи ҳимояи он мебошанд.ҳои таълимию техникӣ, аз ҷумла барномаҳои соҳавии компютерӣ, асбобҳои гуногуни ҳозиразамони геодезӣ, ки дар кафедра онҳо зиёда аз 12 номгӯйро дар бар мегиранд, пурра истифода мебаранд. Омӯзгорони кафедра доир ба гузаронидани лексияҳо, иҷро кардани кори лоиҳаҳои курсӣ, хисобию-графикӣ китобҳои дарсӣ, курси лексияҳо ва дастурамалҳо омода карда нашр намудаанд, ки ҳоло мавриди истифода қарор доранд. Аз ҷумла профессор Акрамов А.А. дар ҳаммуаллифӣ китоби дарсии Асосҳои илмӣ-амалии заминсозӣ ва геодезия, н.и.т дотсент Мирзоев М.М., омӯзгори калон Оев О.Т., китоби дарси аз фанни геодезия ва ибтидои курси GPS, Ғоибов Б.И. китоби дарси аз фанни кофтукови муҳандисӣ, инчунин аз дигар фанҳо курси лексияҳо аз тарафи омӯзгорони кафедра омода ва ба чоп расонида шудааст. Гузаронидани дарсҳои назариявӣ, амалӣ ва озмоишӣ асосан дар асоси барномаҳои намунавӣ, силлабусҳо ва корҳои методии фанҳои алоҳида гузаронида мешавад, ки онҳо ба талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳаи маориф ва стандартҳои таълимии ихтисосҳо ба роҳ монда шудааст.
Омӯзгорони кафедра мувофиқи нақшаи корҳои илмии мавҷудаи донишгоҳ дар якҷоягӣ бо кафедраи идораи замин ва кадаст дар мавзӯи: «Назорати истифодабарии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар минтақаи кадастрии Ҳисор бо истифодаи технологияи муосири геоиттилоотӣ » кори илмӣ бурда истодаанд, ки барои иҷрои он ҳамаи омӯзгорони кафедра ҷалб карда шудаанд. Вобаста ба талаботи замон ва гузаштан ба иқтисодиёти бозоргонӣ талабот ба мутахассисони баланд ихтисос пайдо гашт, ки барои омухтани асбобҳои геодезӣ ва барномаҳои нави соҳаи геодезия ва геоинформатика боиси қайд аст, ки бо дастгирии бевоситаи раёсати донишгоҳ ва ҳамкори бо лоиҳаи ТЕМПУС-и Иттиҳоди Аврупо 8- нафар омӯзгорони кафедра барои такмили ихтисос ба давлатҳои Осиё ва Аврупо ба монанди Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизисто, Узбекистон, давлати шоҳигарии Шиведсия, Венгрия, Франсия, Олмон фиристода шуданд, ки бо сертификат ва диплом мушараф гардиданд. Дар ихтиёри кафедра панҷ синфхонаи таълимӣ вобаста карда шудааст, ки се синфхонаи он бо ташабуси ин лоиҳа бо компютерҳо ва барномаҳои таълимии соҳавӣ ва асбобҳои муосири геодезӣ, ки 12 номгӯйро ташкил мекунанд, муҷаҳаз гардонида шудааст.